Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Номҳо дорои маъноҳо ҳастанд, чуноне ки мегӯянд, ҳар як инсон аз номи худ насибе дорад. Аз ин хотир, инсон бояд номҳои неки хушмаъноеро интихоб намояд, то аз номи худ насибе дошта бошад.
Ибни Қаййим гуфтааст:
Азбаски номҳо дорои маъноҳо ҳастанд, мантиқист, ки бояд байни ном ва маънo алоқаи муносибе бошад ва маъно набояд комилан бегона бошад, ки бо ном иртиботе надошта бошад. Зеро ҳикмати Аллоҳи Ҳаким онро рад мекунад ва воқеият бар акси он шаҳодат медиҳад. Балки номҳо ба чизҳои ном ниҳода шуда таъсир доранд ва чизҳои ном ниҳода шуда аз номҳои худ, дар хубию зиштӣ, сабукию вазнинӣ, нармию сахтӣ таъсир мегиранд. Чуноне, ки мегӯянд:
Хеле кам чашмонат соҳиби лақабро мебинад, магар ин ки агар дар лақаби ӯ андеша намоӣ, маънои онро меёбӣ.
"Зоду-л-маъод" (2/336)
Аз ин рӯ, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) номҳои бадро ба номи некӯ иваз мекард.
Ибни Умар гуфт: Яке аз духтарони Умар Ъосия [عاصية] (нофармон) ном дошт. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро Ҷамила (зебо) ном ниҳод. Ривояти Муслим (2139).
Ин ҳукм – яъне тағйир додани ном ба номи нек – мустаҳаб ва афзал аст, воҷиб ва ҳатмӣ нест.
Далели он ҳадисест, ки Бухорӣ (6190) аз Ибни Мусаййиб аз падараш ривоят кардааст, ки падари ӯ ба назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Номат чист? Ӯ гуфт: Ҳазн (Сахтӣ). Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Ту Саҳл (осонӣ) ҳастӣ. Ӯ гуфт: Ман номеро, ки падарам ба ман гузошт, иваз намекунам. Ибни Мусаййиб гуфт: То ҳол дар мо сахтӣ вуҷуд дорад.
Сахтӣ: Ба маънои душворӣ ва бадхулқӣ мебошад.
Ибни Баттол мегӯяд:
Аз ин фаҳмида мешавад, ки амр ба беҳтар кардани номҳо ва тағйир додани ном ба номи беҳтар воҷиб намебошад. Поёни сухан аз китоби Фатҳу-л-борӣ.
Агар он воҷиб мебуд, он саҳоба аз тағйир додани номи худ худдорӣ намекард ва паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро ба тағйир додани ном маҷбур месохт. Аллоҳ донотар аст.
Аммо агар ном барои ғайри Аллоҳ таъоло бандагиро ифода кунад, мисли Абдуннабӣ (бандаи паёмбар), Абдулмасеҳ (бандаи Масеҳ) ва ба монанди инҳо, тағйир додани он воҷиб мебошад. Зеро бандагӣ барои ғайри Аллоҳ таъоло ҷоиз нест. Чунки тамоми махлуқот бандагони Аллоҳ таъоло ва аз они Ӯ мебошанд.
Ибни Ҳазм (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) гуфт:
Донишмандон бар ҳаром будани ҳар як номе, ки барои ғайри Аллоҳ таъоло бандагиро ифода мекунад, мисли Абдуамр (бандаи Амр), Абдулкаъба (бандаи Каъба) ва ба монанди инҳо, иттифоқ намудаанд. Поёни сухан.
Фатҳу-л-маҷид (Саҳ: 531)
Аллоҳ донотар аст.