Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман як мусулмондухтари 24 солаи Лубнонӣ мебошам. Дар шаҳри Оттаваи Канада, дур аз ватанам зиндагонӣ мекунам. Эҳсос мекунам, ки ман ба роҳнамоии бештаре ниёз дорам.
(Нисбати сифатони шавҳаршаванда саволе доштам.) Мард ғайр аз мусулмон буданаш, боз кадом сифатонро бояд дошта бошад?
Оё ягон насиҳате оиди тарбияи фарзандон вуҷуд дорад, то онон ба имон наздик бошанд?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввал: Ба шумо насиҳат мекунам, ки ба яке аз наздиктарин масҷидҳо ё марказҳои Исломӣ биравед ва саъю кӯшиш намуда, ҳар гоҳ имконият паёдо кунед, ба он ҷо биравед. Бо ин васила, бо баъзе хоҳарони солеҳа шинос мешавед ва аз суханони онон баҳра хоҳед бурд.
Дуввум: Марде, ки зан ӯро ҳамчун шавҳар ба худ интихоб менамояд, бояд ба дини Ислом мутамассик, ба аҳкоми он пойбанд ва ба ахлоқи он муттасиф бошад. Аммо дар мавриди дигар сифатон, мардум дар байни худ ихтилоф доранд.
Саввум: Аммо дар мавриди тарбияи фарзандон бошад, яке аз муҳимтарин чизе, ки ба тарбияи онон кӯмак мекунад, ин муҳайё намудани муҳити некӯ барои онҳо мебошад, аз ҷумла: