Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввал: Ба шумо насиҳат мекунам, ки ба яке аз наздиктарин масҷидҳо ё марказҳои Исломӣ биравед ва саъю кӯшиш намуда, ҳар гоҳ имконият паёдо кунед, ба он ҷо биравед. Бо ин васила, бо баъзе хоҳарони солеҳа шинос мешавед ва аз суханони онон баҳра хоҳед бурд.
Дуввум: Марде, ки зан ӯро ҳамчун шавҳар ба худ интихоб менамояд, бояд ба дини Ислом мутамассик, ба аҳкоми он пойбанд ва ба ахлоқи он муттасиф бошад. Аммо дар мавриди дигар сифатон, мардум дар байни худ ихтилоф доранд.
Саввум: Аммо дар мавриди тарбияи фарзандон бошад, яке аз муҳимтарин чизе, ки ба тарбияи онон кӯмак мекунад, ин муҳайё намудани муҳити некӯ барои онҳо мебошад, аз ҷумла:
- Интихоби шавҳари муносиб.
- Ихтиёри хонаи муносиб дар минтақаи солеҳон ва ҳамчунин минтақаи шахсоне, ки мехоҳед, ки фарзандонатон бо онон дӯстӣ бикунанд.
- Интихоби мактаби муносиб барои онон.
- Дур кардани василаҳои фасод аз хона.
- Муносибати хуб байни зану шавҳар.
- Зану шавҳар дар мавриди тарбияву муомила бо фарзандон назари яксон дошта бошанд ва байни онҳо ихтилофу зиддияте вуҷуд надошта бошад.
- Ҳамчунин барои волидайн муҳим аст, ки баъзе китобҳои муносиберо оиди тарбияи фарзандон бихонанд.
- Аз таҷрибаи ононе, ки дар тарбияи фарзандонашон муваффақ шудаанд, истифода баранд.
- Волидайн бояд барои фарзандон намунаи хуб бошанд.