Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳукми бӯса кардани мусҳаф

26-01-2022

Савол 9320

Бӯса кардани мусҳаф пас аз баландӣ афтодани он чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо ягон далелеро бар машрӯияти бӯса кардани мусҳаф намедонем, аммо агар инсон онро бӯса кунад, ҳеҷ боке надорад, зеро аз саҳобаи бузург Икрима ибни Абуҷаҳл (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки ӯ мусҳафро бӯса карда мегуфт: Ин сухани Парвардигорам аст. Ба ҳар ҳол, бӯса намудани мусҳаф ҳеҷ боке надорад, вале ин амал машрӯъ нест ва бар машрӯъ будани он ягон далеле вуҷуд надорад. Аммо агар мусҳаф аз ҷои баланд ва ё аз даст бияфтад ва инсон онро аз рӯи иззату ҳурмат бибӯсад, ҳеҷ ишколе надорад ва ҳеҷ боке надорад, иншоаллоҳ (агар Аллоҳ бихоҳад).

Аҳкоми мусҳафҳо
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб