Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми бӯса кардани мусҳаф

Савол

Бӯса кардани мусҳаф пас аз баландӣ афтодани он чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо ягон далелеро бар машрӯияти бӯса кардани мусҳаф намедонем, аммо агар инсон онро бӯса кунад, ҳеҷ боке надорад, зеро аз саҳобаи бузург Икрима ибни Абуҷаҳл (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки ӯ мусҳафро бӯса карда мегуфт: Ин сухани Парвардигорам аст. Ба ҳар ҳол, бӯса намудани мусҳаф ҳеҷ боке надорад, вале ин амал машрӯъ нест ва бар машрӯъ будани он ягон далеле вуҷуд надорад. Аммо агар мусҳаф аз ҷои баланд ва ё аз даст бияфтад ва инсон онро аз рӯи иззату ҳурмат бибӯсад, ҳеҷ ишколе надорад ва ҳеҷ боке надорад, иншоаллоҳ (агар Аллоҳ бихоҳад).

Сарчашма: Китоби "Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа"-и Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ҷилди 9, саҳифаи 289.