Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Бояд ҳамроҳи аҳли кишвари худ бошӣ. Агар рӯза доранд, ҳамроҳи онҳо рӯза дор. Агар ифтор кунанд, ҳамроҳи онҳо ифтор намо. (Яъне агар рӯза надоранд, ҳамроҳи онҳо ту низ рӯза надор). Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Рӯза рӯзест, ки рӯза медоред ва ифтор рӯзест, ки ифтор менамоед ва қурбонӣ рӯзест, ки қурбонӣ мекунед".
Зеро ихтилоф кардан кори зишт аст. Аз ин хотир, бояд ҳамроҳи аҳли кишварат бошӣ. Агар мусулмонон дар кишварат ифтор кунанд, ҳамроҳи онҳо ифтор намо. (Яъне агар рӯза надоранд, ҳамроҳи онҳо ту низ рӯза надор). Агар рӯза доранд, ҳамроҳи онҳо рӯза дор.
Сабаби ихтилоф он аст, ки баъзе аз мардум моҳро мебинанд ва баъзе намебинанд. Баъзан ба онҳое, ки моҳро дидаанд, мардум бовар карда, онро қабул мекунанд ва мувофиқи он амал менамоянд. Вале баъзан мардум ба онҳо бовар намекунанд ва мувофиқи он амал наменамоянд. Аз ин рӯ хилоф ба вуҷуд меояд. Баъзан дар кишваре моҳро мебинанд ва мувофиқи он рӯза медоранд ё ифтор мекунанд (яъне рӯза намедоранд). Кишвари дигар бошад, ба моҳбинии он кишвар қаноатманд намешаванд ва ба он кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла сабабҳои сиёсӣ бовар намекунанд.
Бар мусулмонон воҷиб аст, ки ҳангоми дидани моҳ ҳамагӣ рӯза бидоранд ва ҳангоми дидани моҳ ифтор бикунанд (яъне рӯза надоранд), зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Агар моҳро бубинед, рӯза бидоред. Агар моҳро бубинед, ифтор бикунед (яъне рӯза надоред). Агар ҳаво абрнок бошад, моҳро сӣ рӯз пурра намоед".
Агар ҳама қаноатманд шаванд, ки моҳро дидаанд ва он ҳақиқӣ ва собит аст, воҷиб аст, ки ҳамагӣ рӯза бидоранд, ё ифтор бикунанд (яъне рӯза надоранд). Аммо агар мардум ихтилоф намоянд ва ба якдигар бовар накунанд, бояд бо ҳамроҳи мусулмонони кишварат рӯза дорӣ ва бо ҳамроҳи онҳо ифтор бикунӣ (яъне рӯза надорӣ), зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Рӯза рӯзест, ки рӯза медоред ва ифтор рӯзест, ки ифтор менамоед ва қурбонӣ рӯзест, ки қурбонӣ мекунед".
Аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) собит шудааст, ки марде ӯро хабардор намуд, ки мардуми Шом рӯзи ҷумъа рӯза доштаанд. Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) фармуд: Мо онро рӯзи ҷумъа дидем. Мо ҳамеша бо дидани моҳ рӯза хоҳем дошт, ё моҳро сӣ рӯзи пурра хоҳем кард.
Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ба дидани мардуми Шом амал накард, зеро Шом аз Мадина дур аст ва тулӯъи моҳ низ байни онҳо фарқ мекунад. Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) дидани моҳро аз иҷтиҳод донистааст. Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ва дигар олимоне, ки чунин суханро гуфтаанд, барои ту намунаи хубе мебошанд, ки бо мардуми кишварат рӯза дорӣ ва ва бо ҳамроҳи онҳо ифтор бикунӣ (яъне рӯза надорӣ). Аллоҳ ҳамаи моро мувафақ гардонад. Поёни сухан.
Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод).
Китоби "Маҷмӯу фатово ва мақолотун мутанаввиа" (15/100-102).