Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё кӯмак кардани ҷавони диндор бар издивоҷ садақаи ҷория ҳисобида мешавад?

129195

Таърихи нашр : 28-08-2021

Мушоҳидаҳо : 2417

Савол

Модарам вафот кард, вале ӯ васият карда буд, ки сеяки тилловорияш дар садақаи ҷория харҷ карда шавад. Оё кӯмак кардани ҷавони диндор бар издивоҷ садақаи ҷория ҳисобида мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Садақаи ҷория дар назди донишмандон ба маънои вақфе, ки соҳибаш онро холис барои ризогии Аллоҳ таъоло гузошта бошад ва он аз намуди  чизҳое бошад, ки манфиаташ бардавом бошаду, хубиаш ба мардум доимо бирасад, аз ин рӯ, аҷру савобаш низ барои соҳибаш дар назди Аллоҳ идома хоҳад ёфт.

Муслим (1631) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Вақте инсон бимирад, амалаш канда ва қатъ мегардад, магар аз се чиз: Садақаи ҷория, илме, ки аз он манфиат бурда шавад ва ё фарзанди солеҳе, ки барояш дуо кунад».

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

“Донишмандон гуфтаанд: Маънои ин ҳадис, ки амали майит (шахси вафоткарда) бо маргаш қатъ шуда, аҷру савоб низ барояш қатъ мегардад, магар дар ҳамин се чиз, зеро ӯ худ дар зиндагӣ ба ин корҳо сабаб шудааст. Фарзанди солеҳ ва ҳамчунин илму донише, ки пас аз худ гузоштааст, аз қабили таълими мардум ва таълифи китобҳо ва инчунин садақаи ҷория, яъне вақф аз амалҳои ӯст. (Яъне ҳамаи ин чизҳо бо сабаби худи ӯ хосил шудаанд, чунки ӯ дар зиндагияш фарзанди солеҳро тарбия намудааст ва ё ба мардум илм омӯхтааст ва вақфе гузоштааст)”. Поёни сухан.

Ибни Асир дар китоби “Анниҳоя” (1/739) гуфтааст:

“(Садақаи ҷория) яъне давомноку пайваста, ба монанди вақфҳое, ки барои корҳои хайр муайян карда шудаанд". Поёни сухан.

Сарахсӣ дар китоби “Ал-Мабсут” (12/32) гуфтааст:

“Мақсади вақфкунанда ин аст, ки (савоби) садақаи кардааш барояш то рӯзи қиёмат идома ёбад”. Поёни сухан.

Изз ибни Абдуссалом дар  китоби“Қавоиду-л-аҳком” (1/135) гуфтааст:

 “Ҳамчунин садақаи ҷория бар вақф ва васият намудани ҳосили майдони  хона ва ё меваҳои боғи худ маънидод карда мешавад. Инҳо аз касби худи ӯст, ки ба ин чизҳо ӯ сабаб шуда буд. Аз ин рӯ, аҷру савоби сабаб шудан ба ӯ дода мешавад”. Поёни сухан.

Дар китоби “Асна-л-матолиб” (2/4457) омадааст:

“Садақаи ҷория назди олимон, чи тавре, ки Рофеӣ гуфтааст,  ба маънои  вақф аст”. Поёни сухан.

Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

“Садақаи ҷория, яъне ки инсон чизеро садақа менамояд, ки нафъи он чиз давомнок аст. Беҳтарини он масҷидҳо мебошад. Бино кардани масҷидҳо садақаи ҷория мебошад, зеро аҷру савоби бинокунанда, то он даме, ки ин масҷидҳо барпоянд, давом хоҳад ёфт, зеро ки  мусулмонон дар масҷидҳо барои иҷрои намоз, қироат, таълиму омӯзиш ва барои дигар амалҳои нек меистанд.

Аз ҷумлаи садақаҳои ҷория, ин вақф кардани ақор (мулки ғайри манқул), боғ ва ё мисли он бар камбағалон, мискинон, толибилмон, муҷоҳидони роҳи Аллоҳ ва ғайра мебошад.

Аз ҷумлаи садақаҳои ҷория, ин чоп намудани китобҳои фоиданоке барои мусулмонон мебошад,  ки онро хонда баҳраманд гарданд, фарқе надорад, ки муаллифони он китобҳо муосир бошанд ва ё гузаштагон бошанд, муҳим он аст, ки китобҳои фоиданок бошанду мусулмонон баъд аз ӯ баҳра баранд.

Аз ҷумлаи садақаҳои ҷория, ин таъмири роҳҳо мебошад, зеро инсон агар роҳҳоро таъмир кунад ва чизҳои азиятдиҳандаро аз он дур намояд ва мардум аз он роҳҳо истифода бурданд, бешак ин низ аз ҷумлаи садақаҳои ҷория мебошад.

Қоидае, ки бо воситаи он садақаи ҷория муайян карда мешавад, ин аст:  Ҳар амали солеҳе, ки баъди марги инсон идома ёбад, садақаи ҷория ҳисобида мешавад”. Поёни сухан аз китоби “Шарҳу риёзи-с-солиҳин” (саҳ: 1587).

Шайх Фавзон гуфтааст:

“Савоби чизҳои зерин ба майит мерасад: Агар молеро вақф карда бошаду он дар роҳи хайр истифода шавад ва ин вақф баъди вафоти ӯ низ идома ёбад, пас то он замоне, ки ин вақф вуҷуд дорад, аҷру савоби он ба ӯ мерасад”. Поёни сухан.

“Ал-Мунтақо мин фатово-л-фавзон” (11/41).

Ба ҷавоби савоии рақами (43101 ) ва (122361 ) нигаред.

Бино бар суханони зикршуда, кӯмак кардани ҷавон барои издивоҷ садақаи ҷория ҳисобида намешавад, гарчанде ки ин кор барои касе ки барои нигоҳ доштани иффат ва баровардани ҳоҷати худ ва инчунин зиёд кардани насли мусулмонон саъю кӯшиш дорад, савоби бузурге дорад.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб