Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҷин

13378

Таърихи нашр : 18-11-2024

Мушоҳидаҳо : 201

Савол

Ҷинҳо кистанд? Аллоҳ онҳоро чӣ гуна офаридааст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҷинҳо яке аз махлуқоти Аллоҳ мебошанд, ки пеш аз офарида шудани Одам онҳоро аз оташ офаридааст, чунон ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن صَلْصَالٍ مِّنْ حَمَإٍ مَّسْنُونٍ ❁ وَالْجَانَّ خَلَقْنَاهُ مِن قَبْلُ مِن نَّارِ السَّمُومِ

سورة الحجر: ٢٦-٢٧

«Ва ҳаройина Мо инсонро аз гили хушке, ки аз лойи бадбуйи бадранг (гирифта шудааст) офаридем. Ва ҷинро пеш аз он аз оташи сӯзон офаридем».   (Сураи Ҳиҷр: 26-27).

Чӣ тавре ки Одам наслу зуриёт дорад, шайтон низ наслу зуриёт дорад, ҳамонтавре ки Аллоҳ таъоло дар мавриди иблис мефармояд:

أَفَتَتَّخِذُونَهُ وَذُرِّيَّتَهُ أَوْلِيَاءَ مِن دُونِي وَهُمْ لَكُمْ عَدُوٌّ ۚ بِئْسَ لِلظَّالِمِينَ بَدَلًا

سورة الكهف: ٥٠

«Оё ӯ (шайтон) ва фарзандонашро ба ҷои Ман дӯстони худ мегиред, ҳол он, ки онҳо душмани шумоянд? Ситамгорон чи ҷойгузини баде доранд».   (Сураи Каҳф: 50).

Аллоҳ таъоло ҷину инсонро барои ибодати худ офарид. Пас ҳар кас Ӯро итоат кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар кас нофармонӣ кунад, ба дӯзах дохил мешавад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ  مَا أُرِيدُ مِنْهُم مِّن رِّزْقٍ وَمَا أُرِيدُ أَن يُطْعِمُونِ  إِنَّ اللهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ

سورة الذاريات: ٥٦-٥٨

«Ва Ман ҷинну инсро наёфаридаам, магар барои он ки Маро ибодат бикунанд. Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки ба Ман хӯрок бидиҳанд. Бегумон Аллоҳ рӯзидиҳанда ва соҳиби қудрат ва нерӯманд аст».   (Сураи Зориёт: 56-58).

Ҷинҳо ҳамаашон мисли инсон мукаллафанд. Дар миёни онҳо мӯъмину кофир ва фармонбардору нофармон вуҷуд дорад, чуноне ки Аллоҳ таъоло сухани онҳоро ба мо нақл намудааст:

وَأَنَّا مِنَّا الصَّالِحُونَ وَمِنَّا دُونَ ذَٰلِكَ ۖ كُنَّا طَرَائِقَ قِدَدًا

سورة الجن: ١١

«Баъзе аз мо солеҳу некӯкоранд ва баъзе аз мо ҷуз инанд (яъне фосиқу кофиранд). Мо гурӯҳҳое гуногун ҳастем».   (Сураи Ҷин: 11).

Ҷинҳо низ мисли инсонҳо дар охират подош ё ҷазо хоҳанд гирифт, чуноне ки Аллоҳ таъоло дар мавриди онҳо мефармояд:

وَأَنَّا مِنَّا الْمُسْلِمُونَ وَمِنَّا الْقَاسِطُونَ ۖ فَمَنْ أَسْلَمَ فَأُولَٰئِكَ تَحَرَّوْا رَشَدًا  وَأَمَّا الْقَاسِطُونَ فَكَانُوا لِجَهَنَّمَ حَطَبًا

سورة الجن: ١٤-١٥

«Баъзе аз мо мусулмон ва баъзе аз мо ситамгар (ва кофир) ҳастанд. Пас касоне, ки ислом овардаанд, дар ҷустуҷӯи роҳи рост баромадаанд. Аммо ситамгарон (ва кофирон) ҳезуми дӯзаханд».   (Сураи Ҷин: 14-15).

Ҷинҳову инсонҳо ҳама дар рӯзи қиёмат дар назди Парвардигори ҷаҳониён ба ҳисоб хоҳанд истод. Ҳеҷ яке аз онҳо наметавонад онро ба таъхир гузорад ё (аз он) гурезад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

يَا مَعْشَرَ الْجِنِّ وَالْإِنسِ إِنِ اسْتَطَعْتُمْ أَن تَنفُذُوا مِنْ أَقْطَارِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ فَانفُذُوا ۚ لَا تَنفُذُونَ إِلَّا بِسُلْطَانٍ

سورة الرحمن: ٣٣

«Эй гурӯҳи ҷинну инс, агар метавонед (барои гурез аз азоби Аллоҳ) аз каронаҳои осмонҳову замин бигузаред, пас бигузаред, вале наметавонед бигузаред магар бо воситаи қудрат ва нерӯе (ки шумо онро надоред)».   (Сураи Раҳмон: 33).
Ҳар кас аз ҷинну инс бихоҳад, ки аз ҳисоб (дар рӯзи қиёмат) бигрезад, ҳаргиз чунин кореро анҷом дода наметавонад, чунон ки Аллоҳ таъоло дар мавриди онҳо (яъне ҷинҳову инсонҳо) мефармояд:

يُرْسَلُ عَلَيْكُمَا شُوَاظٌ مِّن نَّارٍ وَنُحَاسٌ فَلَا تَنتَصِرَانِ

سورة الرحمن: ٣٥

«Шӯълае аз оташ ва дуде бар шумо фиристода мешавад, ки наметавонед ба якдигар ёрӣ бирасонед».   (Сураи Раҳмон: 35).
Ҳангоме ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар Макка буд, Аллоҳ таъоло гурӯҳе аз ҷинҳоро ба сӯи ӯ фиристод ва онҳо Қуръонро шуниданд ва аз он таъсир гирифтанд.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَإِذْ صَرَفْنَا إِلَيْكَ نَفَرًا مِّنَ الْجِنِّ يَسْتَمِعُونَ الْقُرْآنَ فَلَمَّا حَضَرُوهُ قَالُوا أَنصِتُوا ۖ فَلَمَّا قُضِيَ وَلَّوْا إِلَىٰ قَوْمِهِم مُّنذِرِينَ

سورة الأحقاف: ٢٩

«Ва замоне (-ро ба ёд овар) ки гурӯҳе аз ҷинро сӯи ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд. Пас вақте, ки ба наздаш ҳозир шуданд, (ба якдигар) гуфтанд: Хомӯш бошед. Ва ҳангоме ки (тилвати Қуръон) ба поён расид, ба назди қавми худ бозгаштанд, то онҳоро бим диҳанд».   (Сураи Аҳқоф: 29).
Баъзе аз ҷинҳо чун Қуръонро шуниданд, имон оварданд, чунон ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

قُلْ أُوحِيَ إِلَيَّ أَنَّهُ اسْتَمَعَ نَفَرٌ مِّنَ الْجِنِّ فَقَالُوا إِنَّا سَمِعْنَا قُرْآنًا عَجَبًا  يَهْدِي إِلَى الرُّشْدِ فَآمَنَّا بِهِ ۖ وَلَن نُّشْرِكَ بِرَبِّنَا أَحَدًا

سورة الجن: ١-٢

«Бигӯ: Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷинҳо (ба Қуръон) гӯш доданду гуфтанд, ки ҳаройна, мо Қуръони аҷибе шунидем, ки ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро бо Парвардигорамон шарик қарор намедиҳем».   (Сураи Ҷин: 1-2).
Ҳам Одам ва ҳам иблис муртакиби гуноҳ шуданд, вале Одам пушаймон шуд ва тавба кард, пас Аллоҳ тавбаи ӯро пазируфт.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

فَتَلَقَّىٰ آدَمُ مِن رَّبِّهِ كَلِمَاتٍ فَتَابَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّهُ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ

سورة البقرة: ٣٧

«Сипас Одам аз Парвардигораш калимотеро дарёфт намуд (ва он калимотро бар забон ронд ва тавба кард). Пас Аллоҳ тавбаашро пазируфт. Ҳамоно Аллоҳ тавбапазиру меҳрубон аст».   (Сураи Бақара: 37).
Аммо иблис сарпечӣ кард ва такаббур варзид ва аз ҷумлаи кофирон шуд.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلَّا إِبْلِيسَ أَبَىٰ وَاسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ الْكَافِرِينَ

سورة البقرة: ٣٤

«Ва замоне (-ро ба ёд овар) ки ба фариштагон гуфтем: “Барои Одам саҷда кунед”. Пас ҳама саҷда карданд, магар иблис, ки худдорӣ кард ва такаббур варзид ва аз ҷумлаи кофирон шуд».   (Сураи Бақара: 34).
Ҳар кас аз ҷинну инс аз рӯи такаббур Аллоҳро нофармонӣ кунад, пайрави шайтон аст ва агар тавба накунад, дар оташи дӯзах бо ҳамроҳии ӯ хоҳад буд, чунон ки Аллоҳ таъоло ба иблис гуфтааст:

قَالَ فَالْحَقُّ وَالْحَقَّ أَقُولُ  لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنكَ وَمِمَّن تَبِعَكَ مِنْهُمْ أَجْمَعِينَ

سورة ص: ٨٤-٨٥

«(Аллоҳ) Фармуд: “Ҳақ аст ва ҳақро мегӯям, ки ҳатман ҷаҳаннамро ҳам аз ту ва ҳам аз касоне, ки аз ту пайравӣ кунанд, пур хоҳам кард».   (Сураи Сод: 84-85).
Дӯстони Аллоҳи меҳрубон аз инсу ҷин дар некӯкориву парҳезгорӣ ҳамкорӣ мекунанд. Дӯстони шайтон аз инсу ҷин дар гуноҳу таҷовуз ҳамкорӣ мекунанд.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوًّا شَيَاطِينَ الْإِنسِ وَالْجِنِّ يُوحِي بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ زُخْرُفَ الْقَوْلِ غُرُورًا ۚ وَلَوْ شَاءَ رَبُّكَ مَا فَعَلُوهُ ۖ فَذَرْهُمْ وَمَا يَفْتَرُونَ

سورة الأنعام: ١١٢

«Ва ҳамчунин барои ҳар паёмбаре душманоне аз шаётини инсу ҷин қарор додем, ки баъзе аз онон ба баъзеи дигар суханони ороста ва фиребандае илқо мекунанд. Ва агар Парвардигорат мехост, чунин намекарданд. Пас, онҳоро бо дурӯғҳояшон вогузор».   (Сураи Анъом: 112).

Ҷинҳо дар осмон ҷойҳое доштанд, ки дар он ҷо нишаста пинҳонӣ гӯш мекарданд. Ҳангоме ки Аллоҳ таъоло паёмбараш Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро фиристод, аз ин кор манъ карда шуданд. Ва ҳар яке аз онҳо акнун гӯш бикунад, шиҳобҳо ӯро месӯзонанд, чунон ки Аллоҳ таъоло сухани ҷинҳоро ба мо нақл карда мефармояд:

وَأَنَّا لَمَسْنَا السَّمَاءَ فَوَجَدْنَاهَا مُلِئَتْ حَرَسًا شَدِيدًا وَشُهُبًا  وَأَنَّا كُنَّا نَقْعُدُ مِنْهَا مَقَاعِدَ لِلسَّمْعِ ۖ فَمَن يَسْتَمِعِ الْآنَ يَجِدْ لَهُ شِهَابًا رَّصَدًا

سورة الجن: ٨-٩

«Рӯ ба сӯи осмон ниҳодем, пас онро пур аз нигаҳбонони нерӯманд ва шиҳобҳо (сангҳои оташбор) ёфтем. Ва мо (пеш аз ин) дар бахшҳое аз осмон барои истироқи самъ (шунидани сухани олами боло) менишастем. Аммо ҳар кас акнун барои гӯш кардан нишинад, шиҳобе (оташпорае)-ро дар камини худ меёбад».   (Сураи Ҷин: 8-9).
Ҷинҳо дар ин замин бо мо ҳастанд, вале раҳмати Аллоҳ ин аст, ки онҳо моро мебинанду мо онҳоро намебинем, чунон ки Аллоҳ таъоло дар бораи иблис ва ҳампешагонаш мефармояд:

إِنَّهُ يَرَاكُمْ هُوَ وَقَبِيلُهُ مِنْ حَيْثُ لَا تَرَوْنَهُمْ

سورة الأعراف: ٢٧

«Бегумон ӯ ва ҳампешагонаш аз ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд».   (Сураи Аъроф: 27).
Ҳар кас туро бубинад, дар ҳоле, ки ту ӯро набинӣ ва ӯ душмани туст, пас ӯ хатарноктарин душман аст. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша аз ӯ эҳтиёт ва барҳазар бош ва худро аз шайтонҳои инсу ҷин муҳофизат намо.

Сарчашма: Аз китоби "Усулу-д-дини-л-исломӣ"-и Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим Ат-Тувайҷирӣ