Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳадисҳои дурӯғине, ки ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нисбат дода шудаанд

135763

Таърихи нашр : 23-09-2020

Мушоҳидаҳо : 3088

Савол

Оё ҳадисҳои зерин саҳеҳ аст? Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

1. Чаҳор чиз баданро бемор мекунад: "Сухани бисёр, хоби бисёр, хӯроки бисёр ва ҷамъшавии бисёр бо мардум".

2. Чаҳор чиз баданро ба ҳалокат мерасонад: "Андӯҳ, ғам, гуруснагӣ, бедорхобӣ".

3. Чаҳор чиз ранги чеҳраро зард мекунад ва ранги табиии рӯйро аз байн мебарад: "Дурӯғ, азият, бе илм фатво додан, саҳву хатои зиёд".

4. Чаҳор чиз хуррамӣ ва саодати рӯйро меафзояд: "Мурувват, вафодорӣ, саховатмандӣ, парҳезгорӣ".

5. Чаҳор чиз ризқро манъ мекунад: "Хоби пагоҳирӯзӣ, камнамозӣ, танбалӣ, хиёнат".

6. Чаҳор чиз ризқро зиёд мекунад: "Намози нисфи шаб, саҳаргоҳон зиёд истиғфор гуфтан, садақаи доимӣ, зикр кардан дар аввалу охири рӯз (яъне субҳу шом)".

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Бар ҳар як мусулмон зарур аст, ки ба ҳар сухане, ки мегӯяд, ё менависад, пеш аз ин ки онро ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нисбат бидиҳад, сахт бодиққат бошад, то дар ҳаққи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дурӯғе набандад ва ба ӯ сухани нагуфтаашро нисбат надиҳад. На ҳама суханони дурусту ҳақиқат, ё маънои зебову ибораи бофасоҳатро ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) танҳо ба хотири он (сабабҳо) нисбат додан ҷоиз аст.

Аз Муғира ибни Шуъба ривоят аст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Касе, ки ҳадисеро аз ман нақл кунад, дар ҳоле, ки гумон барад, ки он ҳадис дурӯғ аст, пас ӯ яке аз дурӯғгӯён мебошад.   Ривояти Муслим дар "Муқаддимату-с-саҳиҳ" (1/7).

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

Касе, ки огоҳона бар ман дурӯғ бибандад, пас ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах омода кунад.   Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Ривоят намудани ҳадиси бофта барои касе, ки бидонад, ё гумон кунад, ки бо эҳтимоли зиёд он ҳадис бофта аст, ҳаром мебошад. Касе, ки ҳадисеро ривоят кунад ва бидонад, ё гумон кунад, ки эҳтимолан он ҳадис бофта аст ва ҳоли ривояткунандагон ва заиф будани он ҳадисро баён накунад, пас ӯ дар ин таҳдид дохил аст ва аз ҷумлаи дурӯғгӯён нисбати расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳисобида мешавад. Ҳадиси пешина низ бар он далолат мекунад: Касе, ки ҳадисеро аз ман нақл кунад, дар ҳоле, ки гумон барад, ки он ҳадис дурӯғ аст, пас ӯ яке аз дурӯғгӯён мебошад. Поёни сухан.

Дуввум:

Ин суханони дар савол зикршуда, хоҳ як ҳадис бошад, ё якчанд ҳадис, пас аз ҷустуҷӯ ягон асосе барои он суханон аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо санад ё бе санад пайдо накардем. То ҷое ки медонем, онро ҳеҷ касе аз онҳое, ки дар мавриди ахлоқ ва рақоиқ (нармкунандаҳои дилҳо) сухан гуфтаанд, зикр накардааст.

Ҷумлаи: "Чаҳор чиз ризқро манъ мекунад: Хоби пагоҳирӯзӣ" дар ҳадиси Усмон ибни Аффон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ворид шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Хоби пагоҳирӯзӣ баъзе ризқро манъ мекунад".

Абунаим онро дар китоби "Ал-Ҳуля" (9/251) ривоят кардааст. Ин ҳадиси хеле заиф аст. Ба китоби "Ассилсилату-з-заифа"-и Шайх Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) (3019) нигаред.

Бо лафзи зерин низ ворид шудааст: "Аз ҷустуҷӯи ризқҳоятон дар байни намози бомдод то тулӯъи офтоб хоб накунед".

Ин ҳам хеле заиф аст. Ба китоби "Аззаифа" (6991) нигаред.

Ҷумлаи "Чаҳор чиз ризқро зиёд мекунад" ки дар он садақаи доимӣ низ зикр шудааст. Дайламӣ монанди ин суханро дар "Муснаду-л-фирдавс" (1/47) бо лафзи зерин ривоят кардааст: "Ба воситаи садақа бар ризқ кӯмак ҷӯед". Ин ҳадиси заиф аст.

Ба китоби "Заифу-л-ҷомиъ"-и Шайх Албонӣ (818) руҷӯъ кунед.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб