Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Намози таровеҳ дар хона ва крем молидан ба бадан дар ҳангоми рӯза

Савол

Оё барои мусулмон ҷоиз аст, ки намози таровеҳро дар хона бихонад? Агар ҷоиз бошад, пас он чанд ракъат мебошад? Оё дуоҳои махсусе дорад?

Оё крем молидан ба рӯй ва ба дигар узвҳои бадан дар ҳоли рӯза ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Намози таровеҳ бо ҷамоат дар масҷид барои мардон дар шабҳои Рамазон машрӯъ аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе, ки ҳамроҳи имом намозро бихонад, то ин ки имом аз намоз фориғ шавад, барояш савоби қиёми як шаб навишта мешавад».   Тирмизӣ (806) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ донистааст.

Бо вуҷуди ин, агар мард онро дар хонааш бихонад, гунаҳкор намешавад ва намозаш дуруст мебошад. Аммо дар ғайри Рамазон машрӯъ аст, ки мард намози шабро дар хонааш бихонад.

Аммо барои зан беҳтар аст, ки дар хонааш намоз бихонад. Агар бихоҳад, ки дар масҷид намоз бихонад, манъ карда намешавад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Занонатонро аз рафтан ба масҷидҳо манъ накунед ва хонаҳояшон барояшон беҳтар аст».   Абудовуд (567) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро сеҳеҳ донистааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Канизони Аллоҳро аз рафтан ба масҷидҳои Аллоҳ манъ накунед».   Муттафақун алайҳ: Бухорӣ (900) ва Муслим (442).

Аммо крем молидан ба рӯю бадан ҳеҷ боке надорад. Ба саволи рақами (2299) руҷӯъ карда шавад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид