Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Вақти дуо дар ҳангоми ифтор

Савол

Рӯзадор дар ҳангоми ифтор дуои мустаҷоб дорад. Ин дар кадом вақт аст? Пеш аз ифтор ё дар ҳангоми ифтор ё пас аз он? Оё дуоҳое аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид шудааст, ё ба дуое ишора мекунед, ки дар ин вақт хонда шавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин саволро ба Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пешниҳод кардем, дар ҷавоб гуфт:

Вақти ин дуо пеш аз ифтор, ҳангом ғуруб аст, зеро дар ин ҳангом шикастагии нафсу фурӯтании он ва рӯзадорӣ бо ҳам ҷамъ мешаванд ва ҳамаи инҳо асбоби иҷобати дуоанд. Аммо пас аз ифтор нафс роҳат намуда, шод мешавад ва мумкин аст ғафлат ҳосил гардад. Вале дуое аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид шудааст, ки агар он саҳеҳ бошад, вақти дуо пас аз ифтор аст ва он дуо чунин аст:

 ذَهَبَ الظَّمَأُ، وَابْتَلَّتِ الْعُرُوقُ، وَثَبَتَ الْأَجْرُ إِنْ شَاءَ اللَّهُ 

 "Заҳаба-з-замаъу ва-б-таллати-л-ъуруқу ва сабата-л-аҷру иншоаллоҳ".

(Ташнагӣ рафт, рагҳо тар гардид, агар Аллоҳ хоста бошад, мукофот сабт гардид).   (Ривояти Абудовуд. Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу сунани Абидовуд" (2066) ҳасан донистааст).

Ин дуо пас аз ифтор хонда мешавад. Инчунин аз баъзе саҳобагон дуои зерин ворид шудааст:

 اللهُمَّ لَكَ صُمتُ وَعَلى رِزقِكَ أفطَرت 

"Аллоҳумма лака сумту ва ъало ризқика афтарту".

(Эй Аллоҳ! Бароят рӯза гирифтам ва бар ризқат ифтор намудам).

Аз ин хотир, ту кадомеро ки муносиб бидонӣ, дуо бикун.

Сарчашма: Дидори ҳармоҳаи рақами 8-и Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)