Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Одоби зиёрати қабрҳо

Савол

Агар бихоҳам, ки қабри падарамро зиёрат кунам, бояд чӣ кор кунам? Одоби зиёрати қабристон чӣ гуна аст? Оё умуре вуҷуд дорад, ки бояд риоя карда шавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Зиёрати қубур барои панду ибрат гирифтан ва ба ёд овардани охират машрӯъ аст, ба шарте, ки суханоне, ки муҷиби хашми Парвардигор аст, ба забон наорад, ба монанди дуо талабидан аз мадфун (яъне дархостҳои худро аз мурдае, ки дар қабр аст, пурсидан), ба ҷои Аллоҳ таъоло аз ӯ ёрӣ талабидан, ӯро мадҳу ситоиш намудан, бо боварии комил ӯро ҷаннатӣ гуфтан ва ба монанди ин.

Ҳадаф аз зиёрати қабрҳо ду чиз аст:

А - Манфиат гирифтани зиёраткунанда аз ёди марг ва мурдагон, ки сарнавишти онҳо ё биҳишт хоҳад буд ва ё дӯзах. Ин ҳадафи аввалин аз зиёрат аст.

Б - Ба майит манфиат расонидан ва бо воситаи салом, дуо ва истиғфор ба ӯ некӯӣ кардан. Ин махсус барои мусулмон мебошад. Аз ҷумлаи дуоҳое, ки дар қабристон хонда мешавад, ин аст:

السَّلاَمُ عَلَيْكُمْ أَهْلَ الدِّيَارِ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُسْلِمِينَ، وَإِنَّا إِنْ شَاءَ اللهُ بِكُمْ لاَحِقُونَ، أَسْأَلُ اللهَ لَنَا وَلَكُم الْعَافِيَةَ

"Ассалому алайкум аҳла-д-диёри мина-л-муъминина ва-л-муслимина ва инно иншoаллоҳу бикум лоҳиқун. Асъалуллоҳа лано ва лакуму-л-ъофия".

(Салом бар шумо, эй мӯъминону мусулмонони ин диёр ва иншоаллоҳ (агар Аллоҳ бихоҳад) мо ҳам ба шyмo мепайвандем. Аз Аллоҳ таъоло барои мову шумо офият металабам).

Бардоштани дастҳо дар ҳангоми дуо ҷоиз аст, зеро Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст: Шабе расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) берун рафт, Барираро ба дунболи ӯ фиристодам, то бубинад, ки ӯ ба куҷо рафтааст. Гуфт: Ӯ ба сӯи Бақеъу-л-ғарқад рафт ва дар поёни Бақеъ истод ва дастони худро баланд кард, сипас баргашт. Барира ба наздам баргашта, (чизҳои дидаашро) ба ман хабар дод. Чун субҳ шуд, ба ӯ савол дода, гуфтам: Эй расулуллоҳ! Шаби гузашта куҷо рафтӣ? Фармуд: «Ман ба сӯи аҳли Бақеъ фиристода шудам, то барои онон дуо кунам».

Вале зиёраткунанда дар ҳангоми дуо рӯяшро ба сӯи қабрҳо намекунад, балки ба самти Каъба менамояд, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз намоз гузоштан ба сӯи қабрҳо манъ намудааст ва дуо мағз ва асоси намоз аст, чуноне ки ин чиз машҳур буда, аҳкоми худро дорад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Дуо ибодат аст». Сипас ояти зеринро тиловат намуд:

وَقَالَ رَبُّكُمُ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ
سورة غافر: ٦٠

«Парвардигоратон фармуд: Маро бихонед, то (дуои) шуморо иҷобат кунам».   (Сураи Ғофир: 60).

Набояд дар миёни қабрҳои мусулмонон бо кафши худ роҳ бигарданд. Аз Уқба ибни Омир (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фардааст: «Агар бар болои оташпора ва ё бар болои шамшер роҳ бигардам ва ё ин ки кафшамро бар поям бидӯзам, бароям беҳтар аст аз ин ки бар болои қабри мусулмон роҳ бигардам. Бароям ҳеҷ фарқе надорад, ки дар мобайни қабрҳо қазои ҳоҷат кунам ва ё дар мобайни бозор».   Ибни Моҷа (1567) ин ҳадисро ривоят кардааст.

Аз Аллоҳи баландмартаба ва тавоно хоҳонем, ки мурдагони мо ва мурдагони мусулмононро раҳм намояд.

Сарчашма: Аз китоби "Мухтасару аҳкоми-л-ҷаноиз"-и Албонӣ бо каме тағйирот