Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё шахсе, ки қироати Қуръонро тарк кардааст, гунаҳгор мешавад?

161367

Таърихи нашр : 04-05-2020

Мушоҳидаҳо : 2274

Савол

Ҳукми тарки қироати Қуръон чист? Ва чӣ қадар вақт лозим аст, ки фард аз ҷумлаи шахсони тарки қироати Қуръон карда ҳисобида шавад? Зеро ман як бародареро шунидам, ки се рӯз мегуфт. Аллоҳ бароятон тамоми подоши некӯро ато намояд.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Қироати Қуръон яке аз афзалтарин ибодатҳо ба шумор меравад, зеро дар он наздик шудан ба Аллоҳ бо каломи Ӯст, ки онро барои ҳидоят ва саодати дунёву охират нозил намудааст.  Аз ин рӯ, далелҳои зиёде омадааст, ки ба тиловат намудани Қуръони Карим ташвиқ намуда, баёнгари онанд, ки хонанда ва ҳофизи Қуръон савоби бузургеро ноил мегарданд. Дар сомонаи мо фатвоҳои зиёдест, ки баёнгари ин гуфтаҳост, метавонӣ онҳоро дар бахши "Фазилатҳои Қуръон" дастрас намоӣ.

Ибни Раҷаб (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Яке аз бузургтарин нофилае, ки бандаро ба Аллоҳ таъоло наздик мегардонад, ин бисёр қироат ва гӯш кардани  Қуръони Карим бо фикру андешаву фаҳм мебошад".

Хаббоб ибни Арат ба марде гуфт: То метавонӣ ба Аллоҳ наздик шав ва бидон, ки ҳаргиз ба Ӯ наздик шуда наметавонӣ, магар бо каломаш, ки аз он дида ба Ӯ чизи маҳбубтар нест.

Дар Сунани Тирмизӣ аз Абуумома ҳадиси "марфуъе" омадааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Бандагон ба Аллоҳ аз Қуръон дида беҳтар бо дигар чиз, наздик намешаванд".   Ривояти Тирмизӣ (2911) ва гуфтааст, ки ин ҳадис ғариб аст ва Албонӣ ин ҳадисро заиф шуморидааст.

Дар назди дӯстдорон чизе гуворотар аз каломи маҳбубашон нест, пас он лаззати дилҳо ва мақсади дилхоҳии онҳост.

Усмон гуфтааст: Агар дилҳоятон пок бошад, аз каломи Парвардигоратон сер намешудед.

Ибни Масъуд гуфтааст: Шахсе, ки Қуръонро дӯст дорад, пас ӯ Аллоҳ ва расулашро низ дӯст медорад.

Орифе ба муридаш гуфтааст: Оё Қуръон аз ёд мекунӣ? Гуфт: На. Ориф гуфт: Эй Аллоҳ, кӯмак бикун! Мурид Қуръон аз ёд намекардааст!!  Пас ба чӣ баҳра мебарад!? Пас ба чӣ хушовозӣ мекунад!? Пас ба чӣ бо Парвардигори худ муноҷот мекунад!?

Поёни сухан аз китоби "Ҷомиъу-л-ъулуми ва-л-ҳикам" (саҳ:364).

Гуфтаҳои боло маънои онро надорад, ки ҳама вақт тиловати Қуръон кардан воҷиб аст. Инчунин наметавон гуфт, ки агар шахсе муддати муайяне тиловати Қуръон накунад, гунаҳгору сазовори азоб хоҳад шуд, зеро он ду сабаб дорад:

1 - Дар Қуръону Суннат чизе дар ин бобат наомадааст, ки ба ҳар мусалмон дар ҳар се руз ё ҳар моҳ, тиловати Қуръон кардан, фарз ё воҷиб аст. Он чизе, ки дар бобати фазилати бисёр тиловат намудани Қуръон Карим омадааст, ба воҷиб будани он далолат намекунад. Чигунае, ки дар илми далелгирӣ - Усули фиқҳ, маълум аст.

2 - Дар суханҳои донишмандон аз ҷумла фақеҳон, уламои тафсиру ҳадис ва шореҳон, ягон ҷо надидаем, ки яке аз онҳо гуфта бошад, ки тиловати Қуръон ба ҳар марду зани мусалмон фарз буда, шахсе, ки муддати муайян тиловат намекунад, гунаҳгор хоҳад шуд. Далелҳоеро зикр намудаанд, ки ба макрӯҳ будани бепарвоӣ ба такрори Қуръон, он ҳам ба ҳофизи Қуръон аст, далолат мекунанд. Агар дар ҳолате, ки ӯ зиёда аз чиҳил рӯз ё чанд моҳ тиловат ва хатми Қуръон накунад.

Таъхир намудан дар хатми Қуръон.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Зиёда аз чиҳил рӯз хатми Қуръон накардан, макруҳ аст. Зеро Аҳмад гуфтааст: Бисёр шунидаам, ки, Қуръон бояд дар чиҳил рӯз як бор хатм карда шавад, зеро аз ин зиёд таъхир намудан ба фаромушӣ ва ба бепарвоӣ нисбати он бурда мерасонад. Пас он чизе, ки мо гуфтем авлотар аст ва ин дар ҳолате, ки агар ягон узре надошта бошад, аммо агар узре дошт, муддати ӯ зиёд аст". Поёни сухан аз китоби "Ал-Муғнӣ" (1/459) ва "Мавсуъату-л-фиқҳийя" (33/58-59).

Баъзеҳо гуфтаанд, ки сахтгирӣ дар ин боб, ба ҳофизони Қуръон дахл дорад, зеро аз он метарсанд, ки агар дар тиловат ва хатм намудани Қуръон бепарвоӣ кунанд, онро аз даст хоҳанд дод.

Ибни Обидин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Ба ҳофизи Қуръон зарур аст, ки ҳар чиҳил рӯз як бор хатми Қуръон кунад". Поёни сухан аз китоби "Дурру-л-мухтор" (6757).

Локин бо вуҷуди ин, мо гуфтанием, ба мусалмоне ки Аллоҳ ӯро бо ин дини бузург икром намуда ва барояш китоби бузургеро, ки дар он роҳнамоӣ ва нур аст, нозил карда, ба чунин шахс намезебад, ки рӯзҳояшро бидуни андеша ва фикри маъноҳои он ва тиловати оятҳои он ва мурур ба ҳикматҳо ва мавъизаҳои он гузаронад. Ҳеҷ шакке нест, ки чунин шахс маҳрум аст.

Дар ин бобат дар ҷавоби рақами (140625) низ гуфта гузаштаем.

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб