Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Кадом вақт ҳамбистарӣ ҳаром аст?

20846

Таърихи нашр : 11-09-2023

Мушоҳидаҳо : 1268

Савол

Мехоҳам бидонам, ки дар кадом шабҳои моҳҳои Исломӣ ҳамбистарӣ ҷоиз нест? Ин нисбати моҳ аст. Ман шунидаам, ки ҳангоми дидани ҳилол (моҳи нав) дар аввали моҳ (мувофиқи ҳадис) хамбистарӣ кардан ҷоиз нест. Оё (ғайр аз ин) шаби дигаре низ вуҷуд дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Он чизе, ки дар мавриди нораво будани ҳамбистарӣ ҳангоми дидани ҳилол дар аввали моҳ шунидед, ягон асосе надорад. Дар ин бора ягон ҳадисеро намедонем. Барои мард ҷоиз аст, ки дар ҳар вақт бо ҳамсараш ҳамбистарӣ намояд, магар ин ки яке аз онҳо барои ҳаҷ ё умра эҳром баста бошад ва ё рӯзадор бошад. Ҳамбистарӣ дар рӯзи рӯза ҳаром аст, на дар шаб. Ҳамчунин дар ҳолати ҳайз ё нифос ҳамбистарӣ ҳаром мебошад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 الْحَجُّ أَشْهُرٌ مَّعْلُومَاتٌ فَمَن فَرَضَ فِيهِنَّ الْحَجَّ فَلَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِي الْحَجِّ 

سورة البقرة: ١٩٧

«Ҳаҷ дар моҳҳои муайяне (аз оғози Шаввол то даҳуми Зулҳиҷҷа) аст, пас касе, ки дар ин моҳҳо ҳаҷро (бар худ) фарз гардонад, (бояд бидонад, ки) дар ҳаҷ, ҳамбистарӣ ва гуноҳ ва ҷидол раво нест».   (Сураи Бақара: 197).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

أُحِلَّ لَكُمْ لَيْلَةَ الصِّيَامِ الرَّفَثُ إِلَى نِسَائِكُمْ هُنَّ لِبَاسٌ لَكُمْ وَأَنْتُمْ لِبَاسٌ لَهُنَّ 

سورة البقرة: ١٨٧

«Ҳамбистарӣ бо занонатон дар шаби рӯза барои шумо ҳалол шуд. Онҳо либоси шумоянд ва шумо либоси онҳоед».   (Сураи Бақара: 187).

Рафас ба маънои ҳамбистарӣ ва муқаддимоти он (бӯса, ламсу навозиш ва ғайра) мебошад.
Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَيَسْأَلونَكَ عَنِ الْمَحِيضِ قُلْ هُوَ أَذىً فَاعْتَزِلُوا النِّسَاءَ فِي الْمَحِيضِ وَلا تَقْرَبُوهُنَّ حَتَّى يَطْهُرْنَ فَإِذَا تَطَهَّرْنَ فَأْتُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمُ اللهُ إِنَّ اللهَ يُحِبُّ التَّوَّابِينَ وَيُحِبُّ الْمُتَطَهِّرِينَ

سورة البقرة: ٢٢٢

«Ва аз ту дар бораи ҳайз (одати моҳонаи занон) мепурсанд, бигӯ: Он ранҷу зиён аст, пас, дар ҳолати ҳайз аз (ҳамбистарии) занон дурӣ ҷӯед ва ба онҳо наздикӣ макунед, то пок шаванд. Пас, ҳангоме ки пок шуданд (ва ғусл карданд), аз ҳамон ҷойе, ки Аллоҳ ба шумо фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед.

Ҳамоно Аллоҳ тавбакунандагон ва покизагонро дӯст медорад».   (Сураи Бақара: 222).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб