Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Пулҳои электронӣ чӣ ҳукм доранд?

219328

Таърихи нашр : 01-12-2022

Мушоҳидаҳо : 1448

Савол

Дар ҷои мо, дар Русия дастгоҳе бо номи "терминал" вуҷуд дорад, ки он пулҳои ҳиссии моддиро ба пулҳои электронӣ табдил медиҳад. Ин ба он маъност, ки ман ба дастгоҳ сад доллари ҳақиқиро мегузорам, сипас  ин дастгоҳ пулҳои маро ба сад доллари электронӣ табдил медиҳад. Зоҳиран ин ягон мушкилие надорад, вале мушкилии он пинҳон аст, чунки ин кор арзиш дорад, масалан барои дарёфти сад доллари электронӣ аз он, ман бояд як саду панҷ доллари ҳақиқӣ супорам, пас чаро? Ин панҷ долларро ҳамчун ҳаққи хизмат ва барои табдил додани пули моддии ман ба пули электронӣ аз ман мегирад. Манзурам аз калимаи электронӣ ин пулҳо дар телефони мобилӣ ё корти қарзӣ ва ғайра мебошад. Оё ин аз боби рибо аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Пулҳои электронӣ пулҳои рақамии асъори муайян мебошад, ки дар  сурати баёнотҳои электронӣ содир шуда, дар корт ва ё диски сахт захира мешаванд, тавре ки соҳиби он метавонад моликияташро бидуни суратҳисоби бонкӣ ба касе, ки бихоҳад, интиқол диҳад. Истифодаи ин гуна пулҳо ба ҷои  пулҳои коғазӣ дар баъзе давлатҳо оғоз шудааст.

Бонки марказии Аврупо ин гуна пулҳоро чунин муаррифӣ кардааст: "Хазинаи электронии арзиши пул бо роҳи техникӣ барои анҷом додани пардохтҳои аҳдбастагон ғайр аз содиркунандаи он бидуни ниёз ба суратҳисоби бонкӣ ҳангоми анҷоми муомила истифода мешавад. Ва ҳамчун воситаи пешпардохт истифода мешавад".

Поёни сухан аз "Ал-Осору-н-нақдияту  ва-л-иқтисодияту ва-л-молияту  ли-н-нуқуди-л-иликтруния" (1/133).

Пулҳои электронӣ аз пулҳои коғазӣ бо он фарқ мекунанд, ки он (яъне пулҳои электронӣ) арзиши нақдӣ дошта, бо роҳи электронӣ хазина карда шудаанд. Ин гуна пулҳо аз маълумоти рамзгузоришуда  иборат буда, дар васоили электронӣ дар шакли кортҳои  плостикӣ ё дар хотираи роёна (компютер)-и шахсӣ гузошта  мешаванд.

Чизи наве, ки ин пулҳои электронӣ бо он аз кортҳои қарзӣ ва дигар кортҳо фарқ мекунанд, ин аст, ки касе, ки пулҳои электрониро истифода мебарад, лозим нест, ки суратҳисоби бонкӣ дошта бошад.

Чизҳои хазинашуда дар ин кортҳо "воҳидҳои пулӣ бо арзиши молӣ" аст, ки барои харидҳои интернетӣ ё харид аз нуқтаҳои фурӯш ва фурӯшгоҳои оддӣ истифода мешаванд.

Пулҳои электронӣ аз ин ҷиҳат аз дигар кортҳо, ба монанди кортҳои мобилӣ, кортҳои интернетӣ ва амсоли он, ки хазинаи чунин кортҳо воҳидҳои алоқаю иртиботӣ ва ё ҳисоби мобилӣ аст, на пулест, ки ба воситаи он молу коло харид ва ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намуд, фарқ мекунанд.

Дар бисёр кишварҳо аз сабаби камхарҷу осон ва тез будани суръати он ба ин пул рӯй овардаанд, зеро пардохт ба ин тариқа бидуни ниёз ба дигар воситаҳо фавран анҷом дода мешавад.

Дуввум:

Азбаски хазинаи ин кортҳо воҳидҳои пулӣ ба ҳисоб меравад, вале ба тариқи электронӣ, ҳамчун миёнарав дар гардишу додугирифт мавриди эътимод ва қабули омма қарор гирифтааст. Пас он пулест,  ки ҳукми пулҳои коғазиро дорад ва ҷойгузини он аст. Аз ин рӯ, закот бар он фарз аст ва рибо дар он сурат мегирад.

Имом Молик (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст, ки ҳар чизеро, ки мардум розӣ шуда онро дар муомилаи байни ҳамдигар "асъор" қарор диҳанд, дар он рибо ҷорӣ шуда, ҳукми тиллою нуқраро мегирад. Имом Молик (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Агар  мардум байни хуб иҷоза диҳанд, ки пӯст дорои мӯҳра ва нақдинаи пул  бошад (яъне он асъоре бошад, ки  бо он бо ҳамдигар муомила кунанд) фурӯхтани онро ба тилло ва нуқра  бо таъхир кардани пардохт макруҳ   мешуморам". Поёни сухан аз китоби "Ал-Мудаввана" (3/5).

(Яъне чигунае, ки фурӯши тилло ва нуқра байни ҳам бо таъхири пардохти яке аз он ду рибо ҳисобида мешавад, фурӯши пӯст низ бо тилло ё нуқра бо таъхири пардохти яке аз онҳо рибо ба ҳисоб меравад, албатта ин дар он ҳолате, ки агар пӯст ҳамчун пул истифода шавад).

Ӯ ба пӯст ҳукми пулро дод, агар мардум бо он (ҳамчун пул) муомила кунанд.

Пулҳои электронӣ пулҳои оддии  пешрафта ба ҳисоб мераванд, агарчӣ дар шакл ба пулҳои оддӣ  монанд набошанд ҳам, вале дар мазмун бо он мувофиқат мекунанд.

Ин пулҳои электронӣ ҳукми он пулеро, ки дар он захира шудаанд, мегиранд. Агар доллар бошад,  ҳукми долларро мегирад. Агар риёл бошад, ҳукми риёлро мегирад ва ҳоказо.

Саввум:

Дар ҳолати табдил додани пулҳои ҳиссӣ ба пулҳои электронии ҳамҷинс, ба монанди табдил додани доллар ба воҳидҳои электронии  доллар, дар ин сурат шарт аст, ки ду асъор бо ҳам монанд бошанд, аз ин рӯ, табдил додани (200) доллари нақд ба (100) доллари  электронӣ ҷоиз нест, зеро ин ду пул аз як ҷинс мебошанд. Бинобар ин, ҳангоми мубодила баробар будани онҳо дар  андоза шарт аст.

Доктор Юсуф Шубайлӣ гуфтааст: "Корт ҳукми он пулеро мегирад, ки дар он хазина карда шудааст. Фурӯхтани он ба асъори ҳамҷинсаш ҷоиз нест, магар ин ки додугирифт даст ба даст дар як маҷлис сурат бигирад ва арзиши пулҳо баробар бошад. Фурӯхтани он ба ғайри ҷинсаш (яъне ба пули дигар) ҷоиз аст, ба шарте ки додугирифт даст ба даст дар як маҷлис сурат бигирад, хоҳ ин фурӯш байни содиркунанда ва истифодабаранда бошад ва ё  байни истифодабаранда ва тарафи саввум".

Поёни сухан аз китоби "Ал-Хадамоту-л-истисморияту фи-л-масориф" (2/556).

Аммо пардохт намудани маблағи собите, ба монанди ҳазинаи табдил додани пулҳои оддӣ ба пули электронӣ ҳеҷ боке надорад, зеро ин музди хизматрасонӣ аст.

Аз саволе, ки шумо пурсидед, фаҳмида мешавад, ки он панҷ доллар музди дастгоҳ аст, ки пулро ба пули электронӣ табдил дод. Аз ин рӯ, ин кор ҳеҷ боке надорад.

Барои маълумоти бештар ба китобҳои зерин муроҷиат карда шавад:

- "Ал-Осору-н-нақдияту ва-л-иқтисодияту ва-л-молияту ли-н-нуқуди-л-иликтруния"-и Доктор Муҳаммад Иброҳим Ашшофӣ.

- "Ат-Тиҷорату-л-иликтрунияту ва аҳкомуҳо фи-л-фиқҳи-л-исломӣ"-и Доктор Султон Ал-Ҳошимӣ (саҳ 418-429).

- "Аннуқуду-л-иликтруния" (моҳиятуҳо, махотируҳо ва танзимуҳа-л-қонунӣ)-и Доктор Оиз Ал-Марӣ.

- "Аннизому-л-қонунӣ ли-н-нуқуди-л-иликтруния" таҳқиқоти илмӣ дар маҷаллаи донишгоҳи Бобул дар бахши улуми инсонӣ (шумораи 2, соли 2014).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб