Ҷумъа 21 Ҷумода-л-уло 1446 - 22 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Василаҳои шаръӣ барои муҳофизат кардани худ аз сеҳр пеш аз рух додани он

Савол

Василаҳои шаръӣ барои муҳофизат кардани худ аз сеҳр пеш аз рух додани он кадомҳоянд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Яке аз муҳимтарин василаҳои муҳофизат кардани худ аз хатари сеҳр пеш аз рух доданаш, ин ҳифз намудани худ бо зикрҳои шаръӣ, дуоҳо ва таъаввузот мебошад, ки дар суннат омадааст, аз ҷумла:

1- Қироат намудани ояталкурсӣ баъд аз ҳар намози фариза, пас аз зикрҳои машрӯъе, ки пас аз саломи намоз хонда мешавад.
2- Ҳамчунин қироат намудани ояталкурсӣ ҳангоми хоб. Ояталкурсӣ бузургтарин ояти Қуръони Карим аст. Он оят сухани зерини Аллоҳ таъоло мебошад:

اللهُ لا إِلَهَ إِلَّا هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ لا تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلا نَوْمٌ لَهُ مَا فِي السَّمَوَاتِ وَمَا فِي الأَرْضِ مَنْ ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلَّا بِإِذْنِهِ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلا يُحِيطُونَ بِشَيْءٍ مِنْ عِلْمِهِ إِلَّا بِمَا شَاءَ وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَوَاتِ وَالأَرْضَ وَلا يَؤُودُهُ حِفْظُهُمَا وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ

«Аллоҳ зотест, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ вуҷуд надорад. Ҳамеша зиндаву тадбиркунандаи ҳама чиз аст. На хоби сабук (ғанаб, пинак) Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин. Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад? Он чиро, ки пеши рӯи онҳост ва он чиро, ки пушти сари онҳост, медонад (яъне аз аҳволи гузашта ва ояндаи мардум бохабар аст) ва ба чизе аз илми Ӯ иҳота (ва огоҳӣ) намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва ҳифзу нигаҳдории онҳо бар Ӯ душвор нест ва Ӯ баландмартабаву бузург аст».   (Сураи Бақара: 255).

3- Инчунин қироат намудани «Қул ҳуваллоҳу аҳад», «Қул ъаузу бирабби-л-фалақ» ва «Қул аъузу бираббин нос» пас аз ҳар намози фариза ва се маротиба қироат намудани ин се сура дар аввали рӯз, яъне пас аз намози бомдод ва дар аввали шаб, яъне пас аз намози шом. 

4- Қироат намудани ду ояти охири сураи Бақара дар оғози шаб. Он ду оят сухани зерини Аллоҳ таъоло мебошад:

آمَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنزِلَ إِلَيْهِ مِن رَّبِّهِ وَالْمُؤْمِنُونَ كُلٌّ آمَنَ بِاللهِ وَمَلآئِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ لاَ نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِّن رُّسُلِهِ وَقَالُواْ سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ لاَ يُكَلِّفُ اللهُ نَفْسًا إِلاَّ وُسْعَهَا لَهَا مَا كَسَبَتْ وَعَلَيْهَا مَا اكْتَسَبَتْ رَبَّنَا لاَ تُؤَاخِذْنَا إِن نَّسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا رَبَّنَا وَلاَ تَحْمِلْ عَلَيْنَا إِصْرًا كَمَا حَمَلْتَهُ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِنَا رَبَّنَا وَلاَ تُحَمِّلْنَا مَا لاَ طَاقَةَ لَنَا بِهِ وَاعْفُ عَنَّا وَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَآ أَنتَ مَوْلاَنَا فَانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ

«Паёмбар ба он чи аз ҷониби  Парвардигораш бар ӯ нозил шуд, имон овард. Ва мӯъминон (низ) ҳама ба Аллоҳ ва фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш имон овардаанд. (Ва гуфтаанд:) "Миёни ҳеҷ яке аз паёмбаронаш фарқе намегузорем". Ва гуфтаанд: "Шунидем ва итоат кардем. Эй Парвардигори мо! Омурзиши Туро хоҳонем ва бозгашт ба сӯи Туст". Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ мукаллаф (ӯҳдадор) намесозад. Ҳар неке, ки инсон анҷом диҳад, ба суди ӯст ва ҳар амали баде, ки иҷро бикунад, ба зиёни ӯст. Эй Парвардигори мо! Агар фаромӯш намудем ё хато кардем, моро бозхост макун. Эй Парвардигори мо! Бар дӯши мо бори гаронро магзор, чунон ки онро бар дӯши касоне, ки пеш аз мо буданд, гузоштӣ. Эй Парвардигори мо! Он чиро, ки тоқати таҳаммулашро надорем, бар дӯши мо магзор ва аз мо даргузар ва моро биёмурз ва ба мо раҳм кун. Ту мавлову сарвари мо ҳастӣ, пас моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон».   (Сураи Бақара: 285 - 286).
Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд: «Касе, ки дар шаб ояталкурсиро бихонад, аз ҷониби Аллоҳ таъоло барояш муҳофиз ва нигаҳбоне гузошта мешавад ва то субҳ шайтон ба ту наздик намешавад».
Ҳамчунин аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд: «Касе, ки ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, ӯро кифоят мекунанд». Маънояш - боз Аллоҳ донотар - ин аст, ки аз тамоми бадиҳо ӯро кифоят мекунанд.
5- Зиёд паноҳ бурдан ба калимаҳои комили Аллоҳ аз бадии он чи офаридааст, дар шабу рӯз ва ҳангоми фуруд омадан ба ҳар манзиле дар шаҳр ё саҳро ё ҳаво ё баҳр, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас ба манзиле фуруд ояд ва сипас бигӯяд:

أَعُوذُ بِكَلِمَاتِ اللهِ التَّامَّاتِ مِنْ شَرِّ مَا خَلَقَ

"Аъузу бикалимотиллоҳи-т-томмоти мин шарри мо халақ".

(Ба калимаҳои комили Аллоҳ аз бадии он чи офаридааст, паноҳ мебарам).
то вақте, ки аз он ҷо наравад, ҳеҷ чиз ба ӯ зараре нахоҳад расонд».
 
6- Мусулмон бояд дар аввали рӯз ва аввали шаб (яъне дар субҳу шом) се маротиба бигӯяд:

بِسْمِ اللهِ الَّذِي لَا يَضُرُّ مَعَ اسْمِهِ شَيْءٌ، فِي الْأَرْضِ، وَلَا فِي السَّمَاءِ، وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

"Бисмиллоҳи-л-лазӣ ло язурру маъасмиҳи шайун фи-л-арзи ва ло фи-c-caмoи ва ҳува-с-самиъу-л-ъалим".

(Ба номи Аллоҳ, ки бо номи Ӯ ҳеҷ чизе дар замин ва осмон зарар намерасонад ва Ӯ шунавову доност).

Зеро собит шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба хондани ин дуо тарғиб намудааст ва ин дуо сабаби эмин мондан аз тамоми бадиҳост.

Ин зикрҳо ва таъаввузот яке аз бузургтарин василаҳои эмин мондан аз бадии сеҳр ва дигар бадиҳо барои касест, ки онро пайваста бо сидқу имон, эътиқод ба Аллоҳ, эътимод бар Ӯ ва хушҳолӣ бихонад.

Ин зикрҳо яке аз бузургтарин силоҳ барои нобуд сохтани сеҳр баъд аз рух додани он мебошад. Ҳамчунин барои нобуд сохтани сеҳр бояд ба сӯи Аллоҳ таъоло зиёд тазаррӯъ карда, аз Ӯ бипурсем, ки зарару сахтиро бартараф намояд.

Яке аз дуоҳои собитшуда аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар табобати бемориҳои сеҳр ва дигар касалиҳо, дуои зерин аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо он саҳобагонашро руқия мекард:

اللَّهُمَّ رَبَّ النَّاسِ أَذْهِبْ الْبَأْسَ، وَاشْفِ فَأَنْتَ الشَّافِي لَا شِفَاءَ إِلَّا شِفَاؤُكَ، شِفَاءً لَا يُغَادِرُ سَقَمًا

"Аллоҳумма рабба-н-нос, азҳиби-л-баъс, вашфи фаанта-ш-шофӣ, ло шифоа илло шифоука, шифоан ло юғодиру сақаман".

(Эй Аллоҳ, эй Парвардигори мардум, ин бемориро дур кун ва шифо бидеҳ, ки Ту шифодиҳандаӣ, шифое ҷуз шифои Ту нест, шифое, ки ҳеҷ бемориеро боқӣ намегузорад).
Аз ҷумлаи он руқияест, ки Ҷабраил бо он паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро руқия кард, ки он дуои зерин мебошад:

بِسْمِ اللهِ أَرْقِيكَ مِنْ كُلِّ شَيْءٍ يُؤْذِيكَ، مِنْ شَرِّ كُلِّ نَفْسٍ أَوْ عَيْنٍ أَوْ حَاسِدٍ، اللهُ يَشْفِيكَ بِسْمِ اللهِ أَرْقِيكَ

"Бисмиллоҳи арқика, мин кулли шайин юъзика, мин шарри кулли нафсин ав ъайнин ҳосидин, Аллоҳу яшфика, бисмиллоҳи арқик".
(Ба номи Аллоҳ туро руқия мекунам аз ҳар чизе, ки туро озор медиҳад ва аз бадии ҳар нафс ва ё чашми ҳосиде, Аллоҳ туро шифо бидиҳад, ба номи Аллоҳ туро руқия мекунам).
Ин дуоро се маротиба такрор мекунад.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Маҷмуъу фатово ва мақолот-и Шайх Абдулазиз ибни Боз - раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод - ҷилди 8