Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳар гоҳ дар аснои тавоф ва ё саъй (байни Сафо ва Марва) намози ҷамоъат барпо шавад

Савол

Агар дар ҳоли тавоф ва ё саъй намози ҷамоъат барпо шавад, чӣ кор бояд кард? Оё тавофро идома бидиҳам ва ё намоз бихонаму, сипас аз нав тавоф намоям?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳар гоҳ дар аснои тавоф ва ё саъй (байни Сафо ва Марва) намози ҷамоъат барпо шавад, шумо бояд тавофи худро мутаваққиф карда, ҳамроҳи имом намоз бихонед ва баъд аз намоз, аз ҷое ки тавофро қатъ намудед, ба тавофи худ идома бидиҳед ва ниёзе нест, ки аз нав тавоф бикунед ва ё давреро ки ба хотири намоз қатъ намудед, аз нав анҷом бидиҳед.

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Ҳар гоҳ ба сабаби ҳоҷате тавоф қатъ шавад, масалан шахсе се давр тавоф кунад ва баъд намоз барпо шавад, ӯ (бо ҳамроҳи ҷамоат) намоз мехонад, сипас бармегардад ва аз ҷояш (ҷое, ки дар онҷо тавофро қатъ кард) тавофро идома медиҳад. Бар ӯ лозим нест, ки ба ҳаҷару-л-асвад бозгардад, балки аз ҳамон ҷои худ (яъне аз ҳамон ҷое, ки дар онҷо тавофашро қатъ намуда буд) тавофро шурӯъ мекунад ва тавофро комил менамояд, бар хилофи гуфтаи баъзе аз донишмандон, ки гуфтаанд аз ҳаҷару-л-асвад тавофро шурӯъ мекунад.

Дидгоҳи саҳеҳ ин аст, ки тибқи гуфтаи гурӯҳе аз донишмандон, чунин чизе лозим нест ва ҳамчунин агар ҷанозае ҳозир шавад ва ӯ намози ҷаноза бихонад ва ё касе ӯро бидораду, бо ӯ сӯҳбат кунад ва ё издиҳоми мардум (ӯро бидорад) ва ё монанди инҳо. Дар ин ҳолатҳо, ӯ тавофашро комил мекунад ва дар ин чиз ҳеҷ ишколе вуҷуд надорад. Поёни сухан.

"Маҷмуъу фатово"-и Шайх Ибни Боз (17/216).

Ҳамчунин Шайх Ибни Боз гуфтааст:

Агар намоз барпо шаваду, ӯ дар ҳоли тавоф ё саъй бошад, бо ҳамроҳи мардум намоз мехонад ва баъд аз он, тавоф ва саъйи худро аз ҳамон ҷое, ки (барои намоз) истода буд, комил мекунад. Поёни сухан.

"Фатово исломия" (2/250).

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Агар намоз барпо шаваду, инсон дар ҳоли тавоф бошад, хоҳ тавофи умра бошад ё ҳаҷ ё тавофи нофила бошад, ӯ аз тавофаш мебарояду, намоз мехонад, сипас бозгашта, тавофро комил мекунад ва тавофро аз нав оғоз намекунад, балки тавофро аз ҷое, ки қаблан аз онҷо баромада буд, комил мекунад ва барои аз нав такрор намудани он давр ниёзе нест, зеро он чи қаблан анҷом дода буд, бар асоси саҳеҳ бино шудааст ва бо муқтазои иҷозати шаръӣ истода буд, пас мумкин нест, ки (тавоф) ботил бошад, магар бо вуҷуди далели шаръӣ. Поёни сухан.

"Фатово аркони-л-ислом" (саҳ 539).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб