Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё гирифтани туҳфа аз марде, ки бо рибо муомила мекунад, ҷоиз аст?

39661

Таърихи нашр : 26-08-2022

Мушоҳидаҳо : 1590

Савол

Оё қабул намудани тӯҳфа аз марде, ки бо рибо муомила мекунад, ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо яҳудон дар хариду фурӯш муомила менамуд ва аз онҳо тӯҳфаро қабул мекард, дар ҳоле ки онҳо бо рибо муомила мекарданд.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 فَبِظُلْمٍ مِنَ الَّذِينَ هَادُوا حَرَّمْنَا عَلَيْهِمْ طَيِّبَاتٍ أُحِلَّتْ لَهُمْ وَبِصَدِّهِمْ عَنْ سَبِيلِ اللهِ كَثِيراً ❁ وَأَخْذِهِمُ الرِّبا وَقَدْ نُهُوا عَنْهُ وَأَكْلِهِمْ أَمْوَالَ النَّاسِ بِالْبَاطِلِ     سورة النساء: ١٦٠ - ١٦١ 

«Пас, ба сабаби ситаме, ки яҳудиён муртакиб шуданд ва ба сабаби он ки бисёре аз мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд, неъматҳои покизаеро, ки барояшон ҳалол буд, бар онон ҳаром кардем. Ва (низ) ба сабаби рибо гирифтанашон, дар ҳоле ки аз он наҳй шуда буданд ва (ҳамчунин) ба сабаби он ки молҳои мардумро ба ноҳақ мехӯрданд».   (Сураи Нисо: 160 - 161).

Бо вуҷуди ин, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тӯҳфаи онҳоро қабул кард. Ҳамчунин тӯҳфаи зани яҳудиеро, ки гӯсфандро дар Хайбар ҳадя карда буд, пазируфт ва бо онҳо муомила намуд ва ҳангоме ки вафот кард, зиреҳаш дар назди яҳудие дар гарав буд.

Қоида дар ин ҷо ин аст: Он чизе, ки ба хотири касб намудан (ба даст овардан)-и он ҳаром аст, танҳо барои касе ки онро ба даст меорад, ҳаром аст, на барои касе, ки онро ба таври мубоҳ аз ӯ мегирад. Бинобар ин, қабул намудани тӯҳфа аз касе, ки бо рибо муомила мекунад, ҷоиз аст ва ҳамчунин бо ӯ хариду фурӯш кардан ҷоиз аст, магар ин ки дар дурӣ намудан аз ӯ манфиате вуҷуд дошта бошад, яъне дар муомила нанамудан бо ӯ ва қабул накардани тӯҳфаи ӯ манфиате бошад, бале, дар ин ҳолат, мо манфиатро ба назар мегирем. Аммо он чизе, ки худаш ҳаром аст, ҳам барои гиранда ва ҳам барои дигарон ҳаром мебошад. Масалан шароб, агар яҳудӣ ё насроние, ки онро ҳалол мешуморанд, ба ман шароб тӯҳфа кунад, бароям ҷоиз нест, ки онро қабул кунам, зеро он худ ҳаром аст. Агар инсоне пули шахсеро дуздида, омада ба ман бидиҳад, гирифтани ин пули дуздидашуда ба ман ҳаром аст, зеро он худ ҳаром аст.

Ин қоида шуморо аз нофаҳмиҳои зиёде раҳо мекунад.

Он чизе, ки ба хотири касб намудан (ба даст овардан)-и он ҳаром аст, танҳо барои касе ки онро ба даст меорад, ҳаром аст, на барои касе, ки онро бо роҳи ҳалол аз ӯ мегирад, магар ин ки дар дурӣ намудан аз ӯ, нагирифтан аз ӯ, қабул нанамудан тӯҳфаи ӯ ва хариду фурӯш накардан бо ӯ манфиате бошад, ки ӯро аз ин амал боз дорад, пас дар ин ҳолат, ба хотири манфиат аз ӯ дурӣ мекунад (ва бо ӯ муомила наменамояд).

Сарчашма: "Асъилату-л-боби-л-мафтуҳ"-и Шайх Ибни Усаймин раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод (ҷилди 1, саҳифаи 76)