Ҷумъа 21 Рамазон 1446 - 21 Март 2025
Тоҷикӣ

Оё барои ба даст овардани аҷру савоб бояд намози таровеҳро (то охир) бо имом хатм кард?

Савол

Яке аз имомон гуфтааст, ки бояд намози таровеҳро бо имом (то охир) ба итмом бирасонӣ ва онро дар нисфаш тарк накунӣ, чунки он намозе, ки хондӣ, хоҳ ду ракъат бошад ё чаҳор ракъат ҳисоб намешад. Оё ин дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бешубҳа ин сухан нодуруст аст. Барои ҳеҷ касе ҷоиз нест, ки чезеро ба Шариъат нисбат бидиҳад, ки аз он нест. Аллоҳ таъоло ҳаром кардааст, ки бе илм дар бораи Ӯ сухан бигӯед.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

قُلْ إِنَّمَا حَرَّمَ رَبِّيَ الْفَوَاحِشَ مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَمَا بَطَنَ وَالإِثْمَ وَالْبَغْيَ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَأَنْ تُشْرِكُوا بِاللهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطَانًا وَأَنْ تَقُولُوا عَلَى اللهِ مَا لا تَعْلَمُونَ

سورة الأعراف: ٣٣

«Бигӯ: Парвардигорам зишткориҳо, чи ошкор бошад ва чи пинҳон ва гуноҳу таҷовузи ноҳақро ҳаром намудааст ва ин ки чизеро бо Аллоҳ шарик бисозед, ки далеле бар дурустии он нозил накардааст ва ин ки чизеро, ки намедонед, ба Аллоҳ нисбат диҳед».   (Сураи Аъроф: 33).

Ҳар кас бо ҳамроҳи имом то тамом шудани намоз ба намоз биистад, барояш савоби намози як шаб навишта мешавад.

Аз Абузар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Ҳар кас бо ҳамроҳи имом ба намоз биистад, то ин ки имом аз намоз фориғ шавад, барояш савоби намози як шаб навишта мешавад».   Ривояти Тирмизӣ (806), Абудовуд (1375), Насоӣ (1605) ва Ибни Моҷа (1327). Ин ҳадисро Тирмизӣ, Ибни Хузайма (3/337), Ибни Ҳиббон (3/340) ва Албонӣ дар китоби "Ирвоу-л-ғалил" (447) саҳеҳ донистаанд.

Ин савоб (яъне савоби намози як шаб)-ро танҳо касе ноил мешавад, ки бо ҳамроҳи имом то охири намоз намоз бихонад, чунон ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст.

Аммо касе, ки ба қадри имкон бо имом намоз бихонад ва пеш аз ба охир расидани намози имом берун равад, аҷру савоб ба андозаи он намозе, ки хондааст, барояш навишта мешавад, вале аҷру савоби намози як шаб ба ӯ дода намешавад.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

فَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَه ❁ وَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَه

سورة الزلزلة: ٧-٨

«Пас, ҳар кас ба андозаи заррае некӣ карда бошад, (подоши) онро мебинад. Ва ҳар кас ба андозаи заррае бадӣ карда бошад, (кайфари) онро мебинад».   (Сураи Зилзила: 7-8).
Шояд имоми шумо ҳаминро гуфтан мехост, аммо хато баён кардааст ё шояд шумо мақсади ӯро хуб нафаҳмидед.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб