Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Зиёрати масҷиди Ақсо дар Фаластин

9423

Таърихи нашр : 10-01-2022

Мушоҳидаҳо : 1787

Савол

Оё барои касе, ки дар хориҷи Фаластин зиндагӣ мекунад, ҷоиз аст, ки барои адои намоз дар масҷиди Ақсо ба онҷо сафар намояд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Зиёрати масҷиди Ақсо ва намоз хондан дар онҷо суннат аст, агар ин чиз муяссар шавад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Қофилаи сафар баста намешавад, магар ба се масҷид: Масҷидулҳаром, масҷиди ман ва масҷиди Ақсо».   Муттафақун алайҳ (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

     Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.

Сарчашма: Китоби "Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиа"-и Шайх Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) саҳ/214.