Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Зиёрати масҷиди Ақсо ва намоз хондан дар онҷо суннат аст, агар ин чиз муяссар шавад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Қофилаи сафар баста намешавад, магар ба се масҷид: Масҷидулҳаром, масҷиди ман ва масҷиди Ақсо». Муттафақун алайҳ (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.