Панҷшанбе 18 Ҷумода-л-охира 1446 - 19 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Агар ду намозро ҷамъ бикунад, азкори пас аз намозро чӣ гуна мехонад?

108375

Таърихи нашр : 04-10-2024

Мушоҳидаҳо : 1706

Савол

Маълум аст, ки мусофир намози чаҳор ракъатаро қаср мекунад ва инчунин намози пешину асрро бо ҳам ҷамъ мекунад, вале зикрҳои пас аз намоз низ кӯтоҳ карда мешаванд ё пас аз ҳар намоз зикрҳо бояд (алоҳида) хонда шаванд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

“Дар мавриди азкор, ба назар мерасад, ки як зикр кифоя аст, зеро ду намоз ба монанди як намоз шудаанд. Бинобар ин, як зикр кифоя аст. Вале ба зикрҳои умумитар иктифо мефарзад. Масалан ҳангоми ҷамъ намудани шому хуфтан, пас аз шом суннат аст, ки зикри зеринро даҳ маротиба бихонанд:

لا إلهَ إلاَّ الله وحْدهُ لاَ شَرِيكَ لهُ، لَهُ المُلْكُ، ولَهُ الحمْدُ، وَهُو عَلَى كُلِّ شَيءٍ قَدِيرٌ

“Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин қадир”.

 (Ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳи ягона нест, Ӯ шарике надорад. Мулку ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба ҳамаи чиз тавоност).
Аммо пас аз хуфтан се маротиба хондани он суннат аст. Аз ин рӯ, шумораи бештарро бигирад, зеро шумораи кам ба шумораи бештар дохил мешавад. Аммо агар пас аз ҳар намоз ба таври ҷудогона зикр бихонад, ҳеҷ ишколеро дар ин кор намебинам, вале аввалӣ кифоя аст”. Поёни сухан.

Ҷаноби Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод). “Лиқооту-л-боби-л-мафтуҳ” (1/259).

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб