Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё хунукии сахт барои тарк намудани намози ҷамоъат узри шаръӣ шуда метавонад?

127876

Таърихи нашр : 16-12-2022

Мушоҳидаҳо : 1466

Савол

Касе, ки дар кишвари хеле хунук зиндагӣ мекунад ва метарсад, ки агар ба намози субҳ (ба масҷид) равад, бемор мешавад, аз ин рӯ, дар хона намоз мехонад, оё намози ӯ (дар хона) дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Намози ҷамоъат дар масҷид бар мардони тавонманд воҷиб аст, зеро далелҳои зиёде бар он далолат мекунад. Баъзе аз он далелҳоро дар ҷавоби саволи рақами (120) ва рақами (8918) зикр кардем.
Суннат далолат мекунад, ки касе, ки дар хона намоз бихонад ва намози ҷамоъатро дар масҷид нагузорад, агар бо сабаби узр бошад, ҳеҷ боке надорад.
Ибни Моҷа (793) аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят кардааст, ки мефармояд:
«Касе ки азонро бишнавад, вале ба масҷид наояд, намози ӯ пазируфта намешавад, магар ин ки узре дошта бошад».   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ал-Ирво" (2/337) саҳеҳ донистааст.
Агар бо пӯшидани либосҳои зиёд, гармкунакҳо, рафтан ба масҷид бо мошин ва ғайра аз хунукӣ парҳез карда нашавад ва битарсад, ки агар ба намоз барояд, бемор мешавад, пас он барои тарк намудани намози ҷамоъат узр ҳисобида мешавад. Аммо агар аз хунукӣ парҳез карда шавад ва бими гирифторӣ ба беморӣ набошад, пас ин чиз (барои тарк намудани намози ҷамоъат) узр ҳисобида намешавад.
Бухорӣ (632) ва Муслим (697) аз Нофеъ ривоят кардаанд, ки ӯ гуфтааст: Ибни Умар дар шаби сарде дар Заҷнон - кӯҳе дар байни Макка ва Мадина - азон дод, сипас гуфт: Дар иқоматгоҳатон намоз бихонед. Сипас ба мо гуфт, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар шабҳои сард ё боронӣ, дар сафар ба муаззин дастур медод, то азон бигӯяду, баъд аз он бигӯяд: «Дар иқоматгоҳатон намоз бихонед».
Ҳофиз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Дар "Саҳиҳ"-и Абуавона омадааст: «Шаби сард, борон ва ё шамол». Ин далолат мекунад, ки ҳар яке аз ин се ҳолат барои нарафтан ба намози ҷамоъат узр шуда метавонад. Ибни Баттол дар ин масъала иҷмоъро нақл кардааст, вале дар назди шофеиён машҳур ин аст, ки шамол танҳо дар шаб узр шуда метавонад ва зоҳири ҳадис ҳам далолат мекунад, ки ин се ҳолат махсуси шаб мебошад. Аммо дар "Сунан" аз тариқи Ибни Исҳоқ аз Нофеъ, дар ин ҳадис омадааст: «Дар шаби боронӣ ва субҳи хеле хунук». Дар ин масъала бо санади саҳеҳ ҳадиси Абулмалиҳ аз падараш ворид шудааст: «Рӯзе ба онон борон борид, пас ба онҳо иҷозат дод». Дар ягон ҳадисе надидаам, ки дар он ба таври возеҳ омада бошад, ки шамоли рӯз (барои нарафтан ба намози ҷамоъат) узр ҳисобида шавад. Вале қиёс (яъне қиёс намудани шамол ба борон ва сардӣ) илова кардани онро талаб мекунад.
Маънои сухани ӯ: «Дар сафар», зоҳири он далолат мекунад, ки ин ҳолат махсус ба сафар аст. Ривояти зерин, ки Молик аз Нофеъ дар бобҳои намози ҷамоъат ривоят кардааст, мутлақ аст, ки ҷумҳури донишмандон бар ин назаранд. Аммо қоидаи "Мутлақ ба муқайяд баргардонида мешавад" далолат мекунад, ки ин ҳолат махсуси мусофир аст. Дар ин маврид шахсе низ дохил мешавад, ки бо вуҷуди дар шаҳри худ буданаш намози ҷамоъат барояш машаққатовар аст, аммо касе, ки (намози ҷамоъат) барояш машаққатовар нест, ба ин чиз дохил намешавад. Аллоҳ донотар аст. Поёни сухан.
Абуисҳоқи Шерозӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Муҳаззаб" (1/176) гуфтааст:
"Намози ҷамоъат бо узр соқит мешавад, ки узрҳо зиёданд, аз ҷумла: Бими зарар ба ҷон ё молаш бошад ва ё беморие дошта бошад, ки бо сабаби он ба масҷид рафтан барояш душвор бошад". Поёни сухан.
Нававӣ дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (4/99) оиди узрҳое, ки ба хотири он тарк намудани намози ҷамоъат раво мегардад, суханронӣ намуда, мегӯяд:
"Хунукии сахт ҳам дар шабу ва ҳам дар рӯз узр ҳисобида мешавад. Гармии сахт дар пешин узр аст. Барф агар либосро тар кунад, узр ҳисобида мешавад". Поёни сухан.
Дар китоби "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳияту-л-кувайтия" (16/281) омадааст:
"Хунукии сахт дар шаб ва ё дар рӯз ва инчунин гармии сахт аз ҷумлаи узрҳои умумиест, ки ба намози ҷамоъат нарафтанро раво мегардонад. Мақсад аз он: Хунукӣ ё гармиест, ки аз он гармӣ ё хунукие, ки мардум ба он одат кардаанд, бештар бошад ва ё мардуми минтақаҳои гарм ё хунук ба он одат карда бошанд". Поёни сухан.
Боз дар китоби "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳияту-л-кувайтия" (8/57-58) омадааст:
"Ва дар мавриди намози ҷумъа ва ҷамоъат бошад, донишмандон дар хунукии сахт ба намози ҷумъа ва ҷамоъат иштирок накарданро дар шаб ё рӯз ҷоиз донистаанд". Поёни сухан.
   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб