Ҳамду сано барои Аллоҳ.
1- Шумо бояд дуо кунед, аз ҷумла қунут дар намоз. (Паёмбар дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод дар ҳангоми балову мусибатҳо дар намозҳо қунут мехонд. Дар қунути худ дуо мекард, ки Аллоҳ мӯъминони заифро наҷот бидиҳад ва қаҳру ғазаби худро бар болои золимону кофирон нозил бикунад). Дуо яке аз бузургтарин василаҳоест, ки Аллоҳ таъоло ба воситаи он мӯъминонро бар душманашон пирӯз мекунад.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Оё ҷуз бо заифонатон нусрат дода мешавед ва рӯзӣ дода мешавед?» Ривояти Бухорӣ (2896).
Лафзи Насоӣ (3178) чунин аст:
«Дар ҳақиқат Аллоҳ таъоло ин умматро ба воситаи заифонаш нусрат медиҳад, яъне ба сабаби дуоҳояшон, намозҳояшон ва ихлосашон». Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-н-насоӣ" саҳеҳ донистааст.
2- Ҷамъоварии садақа ва фиристодани он ба воситаи шахсони боваринок.
3- Пуштибонии мазлумон бо ҳар роҳ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори оммаи мухталиф, бо эзоҳ намудани воқеият ва иттилоъ додан ба ҷаҳониён дар мавриди шаклҳои беадолатӣ ва таҷовуз алайҳи мардуми Фаластин ва дигар мусулмонон.
4- Барангезондан ва бедор кардани ҳиммати донишмандон, даъватгарон, воизон ва нависандагон барои баёни зулму беадолатии пешомада ва саҳлангорӣ дар рафъи он ва басиҷу сафарбар кардани уммат барои дифоъ аз муқаддасот.
5- Муҳосабаи нафс (назорат, баррасӣ ва ҳисобу китоб намудани нафси худ) барои кӯтоҳӣ намудан нисбат ба ҷанг ва нияту орзуи он ҳангоми нотавонӣ.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳар кас бимирад ва (дар роҳи Аллоҳ) наҷангад ва нияти ҷанг ҳам надошта бошад, пас бар шохае аз нифоқ мурдааст». Ривояти Муслим (3533).
7- Пайгирии тамоми василаҳои омодасозии нерӯи моддӣ ва маънавӣ, барои омодагӣ дар муқобили душман.
وَأَعِدُّوا لَهُمْ مَا اسْتَطَعْتُمْ مِنْ قُوَّةٍ وَمِنْ رِبَاطِ الْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِ عَدُوَّ اللهِ وَعَدُوَّكُمْ وَآخَرِينَ مِنْ دُونِهِمْ لَا تَعْلَمُونَهُمْ اللهُ يَعْلَمُهُمْ
(سورة الأنفال: ٦٠).
«Ва барои (мубориза бо) онон ҳарчи дар тавон доред, аз нерӯ ва аспҳои варзида омода созед, то бо он душмани Аллоҳ ва душмани худро битарсонед ва (ҳамчунин) душманони дигаре ғайр аз онҳоро, ки шумо онҳоро намешиносед ва Аллоҳ онҳоро мешиносад, (битарсонед)». (Сураи Тавба: 60).
8- Ёдрас намудани фазилати шаҳодат дар роҳи Аллоҳ ба худ ва дигарон, омӯхтани аҳкоми ҷиҳод ва дил бардоштан аз дунё.
9- Истифода аз шабакаи интернет дар муқобили яҳудиён, расонаӣ ва фарҳангӣ бо таъсиси вебсайтҳое, ки ҷиноятҳои онҳоро ошкор менамоянд ва дурӯғи онҳоро ифшо мекунанд ва ҳамчунин дар сайтҳои баҳсу гуфтугӯ, ки дар он сайтҳо афкору андешаҳои худро пахш мекунанд, ширкат варзида, афкори ботили онҳоро рад намуда ва дурӯғу бӯҳтонҳои онро баён намудан ва шаклҳои дигари муқовимат.
10- Нома навистан ба иттиҳодияҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва ба ҳар гуна созмонҳои байналмилалӣ ва иттилоъ додан ба онҳо оиди ҷиноятҳои яҳудиён дар Фаластин ва талаби ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани шахсоне, ки дар паси онҳо меистанд.
11- Мусулмонони муқими кишварҳои ғарбӣ бояд аз он ҳукуматҳо талаб кунанд, ки дар рафъи ин бӯҳронҳо нақши мусбат дошта бошанд ва онҳоро ба самти адолату инсоф таҳти фишор қарор бидиҳанд.
12- Тақозои ба шиддат фаъолшавии нақши муассисаҳо ва созмонҳои хайриявӣ дар ҷаҳони Ислом, то дар фарёдрасӣ ва расонидани кӯмак ба бародаронамон фаъол бошанд.
13- Мусулмон бояд барои таҳрики ҷомеаи атрофи худ барои вокуниш намудан ба рӯйдодҳо саъю талош кунад ва мардумро тарғибу ташвиқ намояд, ки ҳар яке аз онҳо ҳар чизеро, ки аз дасташ меояд, анҷом бидиҳад.
14- Таъкид кардан ба ин ки ин қазия қазияи исломӣ аст, ки масъулияти он ба дӯши тамоми мусулмонон, ҳукуматҳо ва халқҳо мебошад. Ин танҳо қазияи фаластиниҳо ва ё арабҳо нест, балки қазияи тамоми мусулмонон аст.
15- Суханронӣ кардан дар мавриди одӣ созии равобит ва мӯътадил кардани муносибат (бо Исроил) ва хатарҳои он ва баён намудани зарарҳои он ба кишварҳое, ки онро оғоз кардаанд, шояд онҳо (аз ин корашон) тавба кунанд ва бозгарданд ва дигарон (аз ин кор) парҳез кунанд.
16- Тамос гирифтан бо фаъолони расонаӣ (ва хабарнигорон)-и бошарофат - араб ва ғайри араб - ва тарғибу ташвиқ намудани онҳо ба навистан ва тақдими барномаҳое, ки афкори умум ва ҳукуматҳоро водор созанд, то бо андаке адолат бо ин буҳронҳо бархӯрд кунанд ва дар канори мазлумон биистанд.
Аз Аллоҳи баландмартабаи тавоно хоҳонем, ки дини худро нусрат бидиҳад ва калимаи худро боло бибарад.
Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид