Шанбе 20 Ҷумода-л-охира 1446 - 21 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Фазилати рӯзаи Ошуро

Савол

Ман шунидаам, ки рӯзаи рӯзи Ошуро гуноҳони соли гузаштаро каффора мекунад. Оё ин дуруст аст? Ва оё ҳамаи гуноҳон, ҳатто гуноҳони кабираро каффора мекунад? Сабаби бузургдошти ин рӯз чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал: Рӯзаи рӯзи Ошуро гуноҳони соли гузаштаро каффора мекунад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Аз Аллоҳ умед дорам, ки рӯзаи рӯзи Арафа гуноҳони соли гузашта ва соли баъдинаро каффора мекунад, ва аз Аллоҳ умед дорам, ки рӯзаи рӯзи Ошуро гуноҳони соли гузаштаро каффора мекунад".   Ривояти Муслим (1162).

Ин фазли Аллоҳ таъоло бар мост, ки дар муқобили рӯзаи як рӯз гуноҳони як соли комил каффора мешавад. Аллоҳ таъоло соҳиби фазли бузург аст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба сабаби манзалати ин рӯз, ба рӯзаи Ошуро аҳамият медод.

Аз Ибни Аббос ривоят шудааст, ки гуфт: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро надидаам, ки ба рӯзае он қадар аҳамият диҳад ва онро бар дигар рӯзҳо бартар донад, магар рӯзаи рӯзи Ошуро ва ин моҳ, яъне моҳи Рамазон".   Ривояти Бухорӣ (1876).

Маънои "аҳамият медод" яъне ба рӯзаи он рӯз азм менамуд, то савоби онро ба даст биёварад ва ба он тарғибу ташвиқ менамуд.

Дуввум: Аммо сабаби рӯза гирифтани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи Ошуро ва тарғибу ташвиқи мардум ба рӯза гирифтани он рӯз, он ҳадисест, ки Бухорӣ (1865) аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Мадина омад ва дид, ки яҳудиён дар рӯзи Ошуро рӯза мегиранд, пас фармуд: Ин чист? Гуфтанд: Ин рӯзи нек аст. Дар ин рӯз Аллоҳ Банӣ Исроилро аз душманашон наҷот дод, пас Мӯсо онро рӯза гирифт. Паёмбар фармуд: Ман аз шумо ба Мӯсо сазовортар мебошам. Пас онро рӯза гирифт ва ба рӯза гирифтани он рӯз амр кард.

Дар ин ривоят омадааст: "Ин рӯзи нек аст".

Дар ривояти Муслим чунин омадааст: "Ин рӯзи бузурге аст, ки Аллоҳ таъоло дар он рӯз Мӯсо ва қавмашро наҷот дод ва фиръавн ва қавмшро ғарқ намуд".

Дар ҳадис омадааст: "Пас Мӯсо онро рӯза гирифт".

Дар ривояти Муслим ҷумлаи зерин илова карда шудааст: "Барои шукри Аллоҳ таъоло, пас мо низ дар он рӯз рӯза мегирем".

Дар ривояти Бухорӣ чунин омадааст: "Мо онро барои бузургдошти он рӯз рӯза мегирем".

Дар ҳадис омадааст: "Ва ба рӯза гирифтани он рӯз амр кард".

Дар ривояти Бухорӣ омадааст: "Пас ба саҳобагонаш фармуд: Шумо аз онон ба Мӯсо сазовортаред, пас дар он рӯз рӯза бигиред".

Саввум: Мақсад аз бахшида шудани гуноҳон ба сабаби рӯзаи рӯзи Ошуро, гуноҳони сағира мебошад. Аммо гуноҳони кабира ба тавбаи хос ниёз дорад.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Рӯзаи рӯзи Арафа ҳамаи гуноҳони сағираро каффора менамояд. Маънояш ин аст, ки ҳамаи гуноҳонро, ба ҷуз гуноҳони кабира мағфират менамояд.

Сипас Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Рӯзаи рӯзи Арафа сабаби каффораи (гуноҳони) ду сола аст ва рӯзаи рӯзи Ошуро сабаби каффораи (гуноҳони) як сола аст. Ва агар омин гуфтанаш бо омин гуфтани фариштагон мувофақат кунад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад ... Ҳама ҳолатҳои зикршуда барои мағфирати гуноҳон мувофиқанд, пас агар гуноҳони сағира вуҷуд дошта бошад, онро каффора (мағфират) мекунад ва агар гуноҳони кабира ва сағира набошад, барояш ҳасанот (некиҳо) навишта мешавад ва дараҷааш баланд мешавад ... Агар гуноҳони кабира ё кабираҳо вуҷуд дошта бошанду, гуноҳони сағира набошад, умедворем, ки гуноҳони кабирааш сабуктар гарданд.   Ал-Маҷмуъ шарҳу-л-муҳаззаб, ҷилди 6.

Шайху-л-ислом Ибни Таймийя (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: Каффораи гуноҳон ба сабаби таҳорат, намоз, рӯзаи Рамазон ва Арафа ва Ошуро танҳо барои гуноҳони сағира аст.   Ал-Фатово-л-кубро, ҷилди 5.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб