Панҷшанбе 18 Ҷумода-л-охира 1446 - 19 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Китобҳое, ки ба ҳадисҳои қудсӣ аҳамият додаанд

220780

Таърихи нашр : 10-01-2022

Мушоҳидаҳо : 2091

Савол

Ман номи китоберо мехоҳам, ки ҳамаи ҳадисҳои қудсиро бо шарҳи сода дарбар бигирад ва агар пайванди зеркашии китоб (яъне суроғаи интернетии насбкунии китоб) вуҷуд дошта бошад, ирсол намоед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:   

Ҳамду сано барои Аллоҳ, ки китобҳои таълифшуда дар мавзӯи ҳадисҳои қудсӣ зиёданд. Равишҳояшон аз нигоҳи ҷамъоварӣ, тартибдиҳӣ, интихобкунӣ, шарҳ, тахриҷ (баён намудани масодири аслии ҳадис) ва ғайра гуногун мебошанд. Аз ин рӯ, барои далолат намудан бар ягон китоби муайян, бояд сараввал хоҳиши хонанда муайян бошад. Инчунин мақсаде, ки бо хондани ин китоб ба он мерасад, муайян созад.

Агар шумо дар ҷустуҷӯи китоби ҳадисҳои қудусие бошед, ки бароятон ҳадисҳои саҳеҳу мақбулро бидуни тахриҷи дароз ва бидуни ривояти ҳадисҳои заифу мавзӯъ, ҷамъоварӣ кардааст, шуморо ба китоби зерин тавсия медиҳем: "Ассаҳиҳу-л-муснаду мина-л-аҳодиси-л-қудусия"-и Шайх Мустафо ибни Ал-Адавӣ, чопи "Дору-с-саҳоба". Ин китоб ҳаҷми миёна дошта, тақрибан аз сесад саҳифа иборат аст. Адади ҳадисҳояш 185-то мебошанд. Дар ин китоб дигар фоидаҳое низ вуҷуд дорад, ки онро муаллиф дар пешгуфтори китобаш шарҳ дода чунин гуфтааст:

"Аммо бобати тариқаи пешгирифтаи мо дар таълифи ин китоб ва бартариҳои онро метавон чунин хулоса кард:

1. Ҳамаи ҳадисҳои ин китоб саҳеҳ буда, бо он иктифо шудааст.

2. Зикр намудани ин ҳадисҳо бо санадҳояшон ва баёни дараҷаи ҳар як ҳадис дар зераш.

3. Ба таври возеҳ қудсӣ будани ҳадис. Бисёре аз муаллифони китобҳои ҳадисҳои қудсӣ, дар китобҳояшон ҳадисҳоеро зикр намудаанд, ки ба таври возеҳ ба Парвардигор азза ва ҷалла нисбат дода нашудаанд, ба монанди ҳадисҳои зерин, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Дар рӯзи қиёмат чунин гуфта мешавад… ё дар рӯзи қиёмат нидо карда мешавад".

4. Тахриҷи ҳадис (баён намудани масодири аслии ҳадис), алалақал аз китобҳои шашгонаи ҳадис, агар дар он китобҳо вуҷуд дошта бошад.

5. Шарҳи калимаҳои нофаҳмои ҳадис.

6. Дар бисёр ҳолатҳо шарҳ додани ҷузъи ҳадис, ки он ба Парвардигор нисбат дода шудааст.

7. Вуҷуд доштани баъзе фоидаҳои фиқҳӣ, ки дар аснои китоб зикр шудааст.

8. Зикри баъзе асосҳои эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоъат, дар зернависи баъзе ҳадисҳо.

9. Тақвият бахшидани бисёре аз бобҳо бо якчанд далелҳо аз китобу суннат, ки ба сабаби он мавзӯҳои ба андозаи зиёд бо ҳам робита дошта, зоҳир мегарданд". Поёни сухан аз пешгуфтори китоби "Ассаҳиҳу-л-муснаду мина-л-аҳодиси-л-қудусия"-и Шайх Мустафо ибни Ал-Адавӣ, (саҳ: 5-6).

Ин китоб судманду фоиданок мебошад, ки дар маҷлисҳо ва маҳфилҳо барои хондан муносиб аст. Хоссатан ҳадисҳои ба шарҳ эҳтиёҷ доштаро, дар ҳошияаш мухтасаран шарҳ додааст.

Дуввум:

Агар шумо хоҳиши китобҳоеро дошта бошед, ки ҳадисҳои қудсиро беинтихоб, ҷамъ карда бошанд ва тамоми ҳадисҳои дар ин мавзӯъ ворид шударо бар мо гирдоварӣ намуда бошанд, пас васеътарин китобҳои муосир, ки дар ин мавзӯъ таълиф шудаанд, китобҳои зерин мебошанд:

Китоби аввал:

Китоби Доктор Умар Алӣ Абдуллоҳ Муҳаммад бо номи "Ал-Аҳодису-л-қудусияту ҷамъан ва диросатан". Ношири китоб: Идораи пажуҳишҳои илмии Донишгоҳи Исломии Мадинаи Мунаввара, чопи якум, соли 1424 – 1425-и ҳиҷрӣ, китобхонаи "Ал-Улуму ва-л-ҳикам". Онро ба чанд боб тақсим намудааст ва шумораи ҳадисҳояш 483-то мебошанд. Муаллиф дар пешгуфтори китобаш дар (саҳифаҳои 7-8) чунин мегӯяд:

"Аксари ҳадисҳоро аз китобҳои машҳури ҳадис ҷамъ намудаам ва ба қадри имкон саҳеҳ ё заиф будани онро низ баён кардаам. Ҳангоми ҷамъоварӣ, ҳамаи он ҳадисҳои қудсие, ки дар нӯҳ китоби машҳури ҳадис, масониде, ки ҳадисҳои зиёда аз ин нӯҳ китоб омадаро Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар китоби "Ал-Матолибу-л-олия" ҷамъ кардааст, китоби "Саҳиҳ"-и Ибни Ҳиббон, муъҷамҳои Табаронӣ, "Мустадрак"-и Ҳоким ва "Сунан"-и Байҳақӣ ворид шудаанд, риоя намудаам". Поёни сухан.

Инчунин дар саҳифаи 12 гуфтааст:

"Калимаҳои нофаҳмо ва баъзе ҷумлаҳои душворфаҳми ҳадисҳоро шарҳ додаам". Поёни сухан.

Китоби дуввум:

Китоби Абдуссалом Аллуш бо номи "Ал-Ҷомиъу фи-л-аҳодиси-л-қудусия", ки аз нӯҳсад саҳифа зиёд мебошад. Муаллиф дар пешгуфтори китобаш мегӯяд: "Маводҳои ин китобро аз ҳама китобҳои дар ин мавзӯъ таълифшудае, ки бар он вуқуф намудам, ҷамъоварӣ кардам ва ба зудӣ онро баён хоҳам кард. Ҳамчунин аз фаслҳои алоҳидае дар ин мавзӯъ, ки баъзе аҳли илм дар китобҳояшон овардаанд ва он чизеро, ки метавон аз тариқи феҳраст пайдо кард ва ё он чизе, ки ба ёдам омад, ҷамъоварӣ намудаам. Ман даъво намекунам, ки ҳама маводҳои дар ин мавзӯъ бударо ҷамъоварӣ кардаам.

Аммо барои ман кифоя аст, ки дар китобҳои ҳадис ягон ҳадиси қудсие нест, ки ман онро дар китобам наоварда бошам, магар он чизе, ки аз хатогӣ ё ноогоҳие, ки бар фарзанди Одам рух медиҳад, воқеъ шуда бошад ва муаллиф низ дар ин бобат маъсум нест". Поёни сухан.

(Саҳ/6).

Китоби саввум:

Китоби Исомуддин Сибобтӣ бо номи "Ҷомиъу-л-аҳадиси-л-қудсияти - мавсуъатан ҷомиъатан машруҳатан ва муҳаққақатан" аз се ҷилди калон иборат буда, бар бобҳо ва мавзӯҳо ба тартиб дароварда шудааст. Аз 1150 ҳадиси тахриҷу таҳқиқ кардашуда иборат буда, аз якчанд китобҳои ҳадис ва осорҳо ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳамчунин дар ин китоб ҳукми ҳадис, шарҳи калимаҳои ноошно ва зикри баъзе таҳлилҳои аҳли илм баён шудааст. (Пешгуфтори ин китоб, ҷилди 1, саҳифаҳои 22 ва 24-ро аз назар гузарон). 

Саввум:

Китобҳои дар мавзӯи ҳадиси қудсӣ таълифшуда зиёд ва гуногун буда, баъзеи он китобҳо қадим ва баъзеи дигараш муосиранд. Аммо он чизе, ки мо бароятон дар боло зикр намудем, онро барои ба мақсади худ расидан ва бароятон осонтар мебинем, то ин ки номҳои китобҳои зиёд бар шумо омехта нашавад, ҷуз ин ки ин ҷо номгӯи китобҳои зиёдест, ки шумораашон аз сӣ зиёд аст. Он китобҳо аз дастнавису чопшуда, энсиклопедияву баргузидашуда то қадимаву муосир мебошанд.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб