Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё розигии волидайн нишонаи розигии Аллоҳ аст?

35533

Таърихи нашр : 13-09-2021

Мушоҳидаҳо : 3617

Савол

Шукри Аллоҳ, падару модарам аз ман комилан розиянд. Оё розигии онҳо нишонаи розигии Аллоҳ таъоло аз ман аст ва ё чӣ гуна мебошад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳаққи волидайн бузург аст. Некӯӣ ба онҳо бо тавҳиду яктопарастӣ якҷо омадааст. Шукру сипоси онҳо бо шукру сипоси Аллоҳ таъоло бо ҳам якҷоя ворид шудааст. Некӯӣ ба онҳо яке аз бузургтарин амалҳо ва маҳбубтарини он дар назди Аллоҳи бузург аст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَاعْبُدُوا اللهَ وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا

(سورة النساء: 36).

«Ва Аллоҳро ибодат кунед ва чизеро ба Ӯ шарик насозед ва ба падару модар некӣ кунед».   (Сураи Нисо: 36).

Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

 قُلْ تَعَالَوْا أَتْلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمْ عَلَيْكُمْ أَلاَّ تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئاً وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَاناً

  (سورة الأنعام: 151)

«Бигӯ: "Биёед, то он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам. Ин ки чизеро ба Ӯ шарик қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед"».   (Сураи Анъом: 151).

Ҳамчунин Аллоҳ фармудааст:

 وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِندَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُل رَّبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا

   (سورة الإسراء: 23-24)

«Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Агар яке аз онҳо ё ҳардуи онҳо назди ту ба синни пирӣ расанд, пас ба онон (ҳатто калимаи) уф магӯ ва бар онҳо овоз баланд макун ва бо эҳтиром ба онон сухан бигӯ. Ва аз рӯи меҳрубонӣ дар баробарашон фурӯтан бош ва бигӯ: "Парвардигоро, ҳамон гуна ки маро дар хурдӣ тарбия карданд, (Ту низ) ба онон раҳм кун"».   (Сураи Исро: 23-24).

Боз Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَوَصَّيْنَا الإِنسَانَ بِوَالِدَيْهِ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ وَهْناً عَلَى وَهْنٍ وَفِصَالُهُ فِي عَامَيْنِ أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ

(سورة لقمان: 14)

«Ва ба инсон дар бораи падару модараш супориш кардем. Модараш бо нотавонии рӯафзун ба ӯ бордор шуд ва аз шир бозгирифтанаш ду сол аст. (Ва ба инсон супориш кардем) шукри Ман ва падару модаратро ба ҷо овар, ки бозгашт ба сӯи Ман аст».   (Сураи Луқмон: 14).

Ҳадисҳо дар ин маврид хеле зиёданд, аз ҷумла ҳадисе, ки Бухорӣ (527) ва Муслим (85) аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки мегӯяд: Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсидам: Кадом амал дар назди Аллоҳ таъоло беҳтар аст? Фармуд: «Намоз дар вақташ». Гуфт: Сипас кадом амал? Фармуд: «Некӯӣ ба падару модар». Гуфт: Сипас кадом амал? Фармуд: «Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ».

Ҳамчунин аз Абдуллоҳ ибни Амр (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки мефармояд: «Ризои Парвардигор дар ризои падар ва ғазаби Парвардигор дар ғазаби падар аст».   Ривояти Тирмизӣ (1821). Албонӣ ин ҳадисро дар "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (516) саҳеҳ донистааст.

«Ризои Парвардигор дар ризои падар аст». Модар низ чунин ҳукм дорад, балки ӯ авлотар аст. Табаронӣ ҳадиси мазкурро бо лафзи зерин ривоят кардааст: «Ризои Парвардигор дар ризои волидайн ва ғазаби Парвардигор дар ғазаби волидайн аст». Поёни сухан аз китоби "Туҳфату-л-аҳвазӣ" бо каме тағйирот.

Мановӣ дар китоби "Файзу-л-қадир" гуфтааст:

«Ризои Парвардигор дар ризои падар ва ғазаби Парвардигор дар ғазаби падар аст». Зеро Аллоҳ таъоло ба итоат ва эҳтиром намудани падар амр намудааст. Касе фармони Аллоҳро адо намояд, ба Аллоҳ таъоло некӯӣ карда ва Ӯро икром ва бузург донистааст, аз ин рӯ, Аллоҳ аз ӯ розӣ мегардад. Касе бар хилофи фармони Аллоҳ амал намояд, Аллоҳ бар ӯ ғазаб менамояд.

Ин дар ҳолест, ки падар бар хилофи амали парҳезгорон амр накарда бошад. Агар падар амр ба гуноҳ кунад, розигии Аллоҳ дар итоат накардани падар аст.

Ин таҳдиди бузург ишора мекунад, ки уқуқи волидайн гуноҳи кабира аст ва дар ин бора далелҳои зиёде зикр шудаанд. Поёни сухан бо каме тағйирот.

Шумо зикр кардед, ки падару модаратон аз шумо розӣ мебошанд. Умедворем, ки он сабаби розигии Аллоҳ таъоло аз шумо бошад.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб