Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Камтарин муддати эътикоф

Савол

Камтарин муддати эътикоф чӣ қадар аст? Оё имкон дорад, ки муддати кӯтоҳе эътикоф бинишинам? Ё ҳатман эътикоф бояд як чанд рӯз бошад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Донишмандон дар муддати камтарини эътикоф ихтилоф кардаанд.

Ҷумҳури донишмандон бар ин назаранд, ки муддати камтарини эътикоф, як лаҳза аст. Ин мазҳаби Абуҳанифа, Шофеъӣ ва Аҳмад аст.

Ба "Аддурру-л-мухтор" (1/445), "Ал-Маҷмуъ" (6/489), "Ал-Инсоф" (7/566) нигар.

Нававӣ дар "Ал-Маҷмуъ" гуфтааст:

Аммо дар мавриди муддати камтарини эътикоф, дидгоҳи саҳеҳ, ки ҷумҳур бар он назаранд, чунин аст, ки шарти он боқӣ мондан дар масҷид аст. Ҷоиз аст, ки он зиёд ё кам бошад, ҳатто соате ё лаҳзае бошад. Поёни сухан бо ихтисор.

Онон бар он, якчанд далелҳое овардаанд, аз ҷумда:

1. Эътикоф дар луғати арабӣ боқӣ мондан аст ва он метавонад муддати кӯтоҳ ё дароз бошад. Шариат муддати онро муайян накардааст.

Ибни Ҳазм мегӯяд: "Эътикоф дар луғати арабӣ боқӣ мондан аст. Аз ин хотир ҳар боқӣ мондание дар масҷид бо нияти наздикӣ ба Аллоҳ эътикоф ба шумор меравад, хоҳ муддати кам бошад ва ё зиёд, зеро Қуръону суннат ададе ё вақтеро муайян накардаанд". Поёни сухан аз китоби "Ал-Муҳалло" (5/179).

2. Ибни Абушайба аз Яъло ибни Умайя (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт: "Ман дар масҷид соате боқӣ мемонам ва ҷуз эътикоф барои чизе боқӣ намемонам".

Ибни Ҳазм ин ривоятро дар "Ал-Муҳалло" (5/179) далел кардааст. Ҳофиз онро дар "Фатҳу-л-борӣ" зикр кардааст ва бар он сукут кардааст. Соат дар инҷо ба маънои муддате аз вақт аст, на он соате, ки имрӯзҳо ба ҳама маълум аст, ки он шаст дақиқа мебошад.

Баъзе аз донишмандон бар ин назаранд, ки камтарин муддати эътикоф як рӯз аст. Ин ривоятест аз Абуҳанифа ва баъзе аз моликиён чунин гуфтаанд.

Шайх Ибни Боз дар китоби "Маҷмуъу-л-фатово" (15/441) гуфтааст:

"Эътикоф боқӣ мондан дар масҷид ба хотири тоати Аллоҳ таъоло аст, хоҳ муддати зиёд бошад ва ё кам, зеро то ҷое, ки медонам, барои муайян кардани муддати эътикоф ба як рӯз, ё ду рӯз ва ё аз он бештар далеле ворид нашудааст. Он ибодати машрӯъ аст, магар ин ки агар инсон назр намояд, бо сабаби назр барояш воҷиб мегарад. Дар ин масъала мардону занон яксонанд".

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб