Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми қазои ҳоҷат дар қабристон

6050

Таърихи нашр : 14-11-2021

Мушоҳидаҳо : 2206

Савол

Дар баъзе кишварҳо мебинем, ки баъзе аз мардум агар қазои ҳоҷат карданӣ шаванд, вориди қабристон мешаванд ва ё аз болои девори қабристон ҷаҳида, дар онҷо қазои ҳоҷат мекунанд. Бояд донист, ки дар онҷо қабрҳои мусулмонон вуҷуд дорад. Ин амал чӣ ҳукм дорад?

Матни ҷавоб

Бе шак ин амали мункару зишт ва таҷовуз бар ҳурмати мурдагон мебошад. Қабр барои мурда ба монанди хона барои инсони зинда аст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) зишт будани ин амалро ингуна баён намудааст: «Агар бар болои оташпора ва ё бар болои шамшер роҳ бигардам ва ё ин ки кафшамро бар поям бидӯзам, бароям беҳтар аст аз ин ки бар болои қабри мусулмон роҳ бигардам. Бароям ҳеҷ фарқе надорад, ки дар мобайни қабрҳо қазои ҳоҷат кунам ва ё дар мобайни бозор».   Ибни Моҷа ин ҳадисро ривоят кардааст. Дар китоби "Аззавоид" гуфтааст: Санади ин ҳадис саҳеҳ аст. Албонӣ ин ҳадисро дар "Ирвоу-л-ғалил" (63) саҳеҳ донистааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ва ё ин ки кафшамро бар поям бидӯзам». Ин кор хеле машаққатовар аст. Агар ин кор имконпазир ҳам бошад, инсонро хеле зиёд ранҷ медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки ин амал бо вуҷуди мушкилиаш аз роҳ гаштан бар болои қабри мусулмоне бароям беҳтару маҳбубтар аст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Бароям ҳеҷ фарқе надорад, ки дар мобайни қабрҳо қазои ҳоҷат кунам ва ё дар мобайни бозор». Манзури ӯ аз ин сухан ин аст, ки ин ду амал (яъне қазои ҳоҷат дар мобайни қабрҳо ва қазои ҳоҷат дар мобайни бозор) дар зиштӣ яксонанд. Касе ки яке аз ин ду амалро анҷом бидиҳад, аз анҷом додани дуввумӣ худдорӣ намекунад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид