Шанбе 22 Ҷумода-л-уло 1446 - 23 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Фариштагон

Савол

Нисбати фариштагон, оиди хусусияти вазифаҳояшон, ҳайату шакл ва қуввати онҳо чӣ эътиқод доред?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Имон ба фариштагон яке аз аркони имони шашгона аст, ки бидуни он имони инсон мукаммал намегардад. Шахсе, ки ба яке аз аркони имони шашгона бовар накунад, мӯъмин ба шумор намеравад, ки он иборат аст, аз имон ба Аллоҳ, фариштагон, китобҳо, паёмбарон, рӯзи қиёмат ва тақдири некиву бадӣ, ки аз ҷониби Аллоҳ таъоло аст.

Фариштагон аз олами ғайб мебошанд, ки онҳоро дарк карда наметавонем. Аллоҳ дар хабарҳои зиёде дар китобаш ё ин ки бо забони паёмбараш Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар бобати фариштагон ба мо нақл кардааст. Дар зер маълумоти саҳеҳ ва хабарҳои собиту ворид шударо бароят зикр менамоем. Шояд ту, эй саволдиҳандаи гиромиқадр, нисбати бузургии Аллоҳ ва қудратҳои ӯ ва бузургии ин дин қадрдонӣ намоӣ, ки дар бораи фариштагон ба мо нақлҳо овардааст.

Фариштагон аз чӣ чиз офарида шудаанд?

Фариштагон аз нур офарида шудаанд. Чуноне ки Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Фариштагон аз нур офарида шудаанд, ҷин аз оташ ва одам аз он чизе, ки ба шумо васф карда шудааст, офарида шуд".Ривояти Муслим, рақами (2996).

Фариштагон кай офарида шуданд?

Мо маърифат ва донише нисбати вақти офарида шудани фариштагонро надорем, зеро матне (далеле дар Қуръону ҳадис) дар ин хусус ворид нашудааст. Танҳо ҳаминро медонем, ки фариштагон пеш аз инсонҳо офарида шудаанд. Чуноне ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً    سورة البقرة آية 30.

 "Чун Парвардигори ту ба фариштагон гуфт: Албатта Ман дар замин ҷойнишин меофарам".   (Сураи Бақара, ояти 30).

Аллоҳ ба онҳо хабар дод, ки Ӯ инсонро офаридани аст. Ин далел бар ин маънӣ аст, ки онҳо пеш аз инсон вуҷуд доштаанд.

Бузургии офариниши онҳо.

Аллоҳ таъоло дар бобати фариштагони дӯзах мегӯяд:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ عَلَيْهَا مَلَائِكَةٌ غِلَاظٌ شِدَادٌ لَا يَعْصُونَ اللَّهَ مَا أَمَرَهُمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ    سورة التحريم آية 6 . 

"Эй онҳое, ки имон овардед, худро ва аҳли хонадони худро аз оташи дӯзах нигаҳ доред. Оташи дӯзахе, ки ҳезуми он инсонҳо ва санг аст. Дар он фариштагони дуруштхӯву дуруштрафтор ва сахтгир ҳастанд, ки ба амри Аллоҳ нофармонӣ намекунанд ва ҳар дастуре, ки мегиранд, иҷро менамоянд".   (Сураи Таҳрим, ояти 6).

Бузургтарин фаришта ба таври мутлақ Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад. Дар васфи Ҷабраил чунин омадааст:

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Ҷабраилро дар сурати худаш дар ҳоле, ки шашсад қанот дошт ва ҳар як қаноти ӯ уфуқро фаро гирифта буд, дидааст. Аз қаноти ӯ зебу зиннатҳо ва дурру ёқут мерехт, ки аз сирри он танҳо Аллоҳ бохабар аст.Аҳмад ин ҳадисро дар Муснад ривоят кардааст. Ибни Касир дар китоби Ал-Бидоя (1/47) гуфтааст: Санади ин ҳадис хуб аст.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро васф намуда мегӯяд:

"Ӯро дидам дар ҳоле, ки аз осмон поён мефаромад ва азамату бузургии ӯ замину осмонро фаро гирифта буд".   Ривояти Муслим, рақами (177).

Фариштагони бузурги дигар бардорандагони Аршанд. Дар васфи онҳо чунин омадааст:

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Бароям иҷозат дода шуд, ки оиди фариштае аз фариштагони Аллоҳ, ки бардорандагони Аршанд, сухан гӯям. Масофаи мобайни нармии гӯшаш то шонааш ҳафтсад сол аст".   Сунани Абудовуд, китоби суннат, боб оиди ҷаҳамия.

Фариштагон қанот доранд.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 الْحَمْدُ لِلَّهِ فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ جَاعِلِ الْمَلَائِكَةِ رُسُلًا أُولِي أَجْنِحَةٍ مَثْنَى وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ يَزِيدُ فِي الْخَلْقِ مَا يَشَاءُ إِنَّ اللَّهَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ    سورة فاطر آية 1.

 "Ҳамд ба Аллоҳ офарандаи осмонҳо ва замин, қарордиҳандаи фариштагон ҳамчун намоянда, ки онҳо қанотҳое доранд, баъзеи онҳо ду қанот, баъзе се қанот, баъзеи дигар чаҳор қанот доранд. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад, меафзояд. Зеро Аллоҳ ба ҳама чиз тавоност". (сураи Фотир, ояти 1)

Зебогии малоика.

Аллоҳ таъоло дар васфи Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

 عَلَّمَهُ شَدِيدُ الْقُوَى . ذُو مِرَّةٍ فَاسْتَوَى    سورة النجم آية 5-6.

"(Фариштаи) бисёр пурқувват ӯро таълим додааст, (ҳамон фариштаи) соҳибҷамоле, ки рост истод".   (Сураи Наҷм, ояти 5-6).

Ибни Аббос мегӯяд: "Зу мирратин" яъне, соҳибҷамол аст.

Қатода гуфтааст: Соҳибахлоқ ва қоматдарози зебо.

Дар назди тамоми мардум фариштагон бо васфи зебогӣ шӯҳрат ёфтаанд. Аз ин хотир онҳо инсони зеборо ба фариштагон монанд мекунанд. Чуноне, ки занҳо дар ҳаққи Юсуфи сиддиқ гуфта буданд:

 فَلَمَّا رَأَيْنَهُ أَكْبَرْنَهُ وَقَطَّعْنَ أَيْدِيَهُنَّ وَقُلْنَ حَاشَ لِلَّهِ مَا هَذَا بَشَرًا إِنْ هَذَا إِلَّا مَلَكٌ كَرِيمٌ    سورة يوسف 31.

 "Вақте ки Юсуфро диданд, ӯро бузург шумурданд ва дастони худро буриданд ва гуфтанд: Ин қадар зебост. Паноҳ ба Аллоҳ, ин фарзанди одамӣ нест. Ин танҳо фариштаи бузургвор аст".   (Сураи Юсуф: 31).

Фарқияти фариштагон дар халқият ва адад.

Фариштагон аз ҷиҳати офариниш ва адад дар як дараҷа нестанд. Балки мухталифанд, чуноне, ки дар фазилат низ аз ҳамдигар фарқ доранд. Афзалтарини онҳо касоне мебошанд, ки дар ҷанги Бадр иштирок намудаанд. Чуноне ки дар ҳадиси Муоз ибни Рифоъа ибни Рофеи Зурақӣ омадааст, ки ӯ аз падараш шунидааст.

Падари ӯ аз аҳли Бадр буд, чунин гуфтааст:

"Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омаду гуфт: Онҳое, ки аз аҳли Бадранд, яъне дар ҷанги Бадр иштирок кардаанд, чӣ манзалате миёни шумо доранд? Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Афзалтарин мусулмонон ба шумор мераванд. Ё ин ки ба монанди ҳамин васферо гуфт. Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Ҳамин тавр, он фариштаҳое, ки дар ҷанги Бадр иштирок кардаанд, афзалтарини фариштагон ба шумор мераванд".   Ривояти Бухорӣ (3992).

Фариштагон намехӯранд ва наменӯшанд.

Бар ин васф, он ҳодисае, ки миёни дӯсти Раҳмон Иброҳим (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва меҳмонони ӯ, ки фариштагон буданд ва ба зиёрати ӯ омада буданд, далолат мекунад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 فَرَاغَ إِلَى أَهْلِهِ فَجَاءَ بِعِجْلٍ سَمِينٍ . فَقَرَّبَهُ إِلَيْهِمْ قَالَ أَلَا تَأْكُلُونَ . فَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِيفَةً قَالُوا لَا تَخَفْ وَبَشَّرُوهُ بِغُلَامٍ عَلِيمٍ

    سورة الذاريات 26-28.

"Пас пинҳонӣ ба сўйи аҳли худ рафт ва гўсолаи (бирёншудаи) фарбеҳе (барои онҳо) овард. Сипас онро ба онҳо наздик кард ва гуфт: Оё намехўред? Пас (чун дид даст ба сўйи ғизо дароз намекунанд) аз онҳо эҳсоси тарс ва ваҳшат кард, онҳо гуфтанд: Матарс ва ўро ба фарзанди доно башорат доданд".   (Сураи Зориёт: 26-28).

Дар ояти дигар омадааст:

 فَلَمَّا رَأَى أَيْدِيَهُمْ لَا تَصِلُ إِلَيْهِ نَكِرَهُمْ وَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِيفَةً قَالُوا لَا تَخَفْ إِنَّا أُرْسِلْنَا إِلَى قَوْمِ لُوطٍ    سورة هود آية 70.

"Пас, чун дид, ки дастонашон ба он намерасад, ба онҳо гумони бад кард ва аз онон эҳсоси тарс кард. Гуфтанд: Матарс, мо ба сӯи қавми Лут фиристода шудаем".(Сураи Ҳуд, ояти 70).

Фариштагон аз зикру ибодати Аллоҳ дилгир ва хаста намешаванд.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 يُسَبِّحُونَ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ لَا يَفْتُرُونَ    سورة الأنبياء 20.

"Онон шабу рӯз тасбеҳ мегӯянд, сустӣ намекунанд".   (Сураи Анбиё: 20).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 فَالَّذِينَ عِنْدَ رَبِّكَ يُسَبِّحُونَ لَهُ بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَهُمْ لَا يَسْأَمُونَ    سورة فصلت 38.

"Пас онҳо, ки дар назди Парвардигорат ҳастанд, барои Ӯ шабу рӯз тасбеҳ мегӯянд, онҳо хаста намешаванд".   (Сураи Фуссилат: 38).

Адади фариштагон.

Фариштагон халқи зиёде ҳастанд. Адади онҳоро ҷуз Аллоҳ касе намедонад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Байтулмаъмурро, ки дар осмони ҳафтум воқеъ аст, васф карда фармуд:

"Чун маро ба назди Байтулмаъмур бароварданд, аз Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсидам, ӯ гуфт: Ин Байтулмаъмур аст. Дар он ҳар рӯз ҳафтод ҳазор фаришта намоз мехонанд. Ҳар гоҳ ки онҳо аз Байтулмаъмур мебароянд, дигар ба он ҷо боз намегарданд".   Ривояти Бухорӣ, Фатҳ (3207).

Аз Абдуллоҳ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дӯзах дар он рӯзи оварда мешавад ва он ҳафтод ҳазор занҷир дорад. Ҳар як занҷири онро ҳафтод ҳазор фаришта мекашанд".   Ривояти Муслим: (2842)

Номҳои фариштагон.

Фариштагон номҳое  доранд. Аммо мо танҳо каме аз номҳои онҳоро медонем. Ҳар фариштае, ки номаш дар (Қуръону ҳадис) зикр шудааст, ба тафсил ба он имон овардан воҷиб мебошад. Агар номи ҳар фариштае зикр нашуда бошад, имон овардан ба он иҷмолан, ба тариқи умумӣ, ки банда бояд ба фариштагон имон оварад, воҷиб аст.

Баъзе аз номҳои фариштагон:

1, 2. Ҷабраил ва Микоил.

  قُلْ مَنْ كَانَ عَدُوًّا لِجِبْرِيلَ فَإِنَّهُ نَزَّلَهُ عَلَى قَلْبِكَ بِإِذْنِ اللَّهِ مُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهِ وَهُدًى وَبُشْرَى لِلْمُؤْمِنِينَ ، مَنْ كَانَ عَدُوًّا لِلَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَرُسُلِهِ وَجِبْرِيلَ وَمِيكَالَ فَإِنَّ اللَّهَ عَدُوٌّ لِلْكَافِرِينَ   سورة البقرة: 97-98.

 "Бигӯ: Касе, ки душмани Ҷабраил бошад, (дар ҳақиқат душмани Аллоҳ аст,) зеро ӯ бо фармони Аллоҳ Қуръонро бар қалби ту нозил кардааст, китобҳои осмонии пеш аз худро тасдиқ мекунад ва барои мӯъминон ҳидояту башорат аст. Касе, ки душмани Аллоҳ ва фариштагону паёмбарони Ӯ ва Ҷабраилу Микоил бошад, пас Аллоҳ душмани кофирон аст".   (Сураи Бақара: 97-98).

3. Исрофил.

Аз Абусалама ибни Абдураҳмон ибни Авф ривоят аст, ки гуфт:

Аз модари мӯъминон Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) пурсидам, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар гоҳ ба намози шаб бархезад, бо кадом дуо намозашро оғоз менамуд? Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфт: Чун ба намози шаб бархезад, бо дуои зерин намозро сар мекард: Эй Аллоҳ, Парвардигори Ҷабраилу Микоилу Исрофил, офарандаи осмонҳову замин, донандаи ниҳону ошкор, Ту байни бандагонат дар он корҳое, ки ихтилоф мекунанд, ҳукм менамоӣ. Агар дар чизе ихтилоф шуд, маро бо иҷозати худ ба сӯи ҳақ ҳидоят намо. Албатта Ту касеро бихоҳӣ, ба роҳи рост ҳидоят мекунӣ.   Ривояти Муслим (270).

4. Молик.

Молик посбони дӯзах аст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَنَادَوْا يَا مَالِكُ لِيَقْضِ عَلَيْنَا رَبُّكَ    سورة الزخرف 77.

"Ва фарёд мезананд: Эй Молик, Парвардигорат ба мо ҳукм кунад".   (Сураи Зухруф: 77).

5, 6. Мункар ва Накир.

Аз Абӯҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ҳар гоҳ маййит ба қабр ниҳода шавад, ё гуфт, ки яке аз шумо чун ба қабр ниҳода шавад, ду фаришта сиёҳу кабуд ба наздаш меоянд, ки якеро Мункар, дигареро Накир меноманд. Пас онҳо мегӯянд: Нисбати ин мард чӣ мегӯӣ? Баъд ӯ он чи ки (дар дунё) мегуфт, мегӯяд: Ӯ банда ва фиристодаи Аллоҳ аст. Гувоҳӣ медиҳам, ки ҷуз Аллоҳ дигар маъбуде нест ва Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст. Сипас фариштагон мегӯянд: Дар ҳақиқат мо медонистем, ки ту чунин мегӯӣ. Сипас қабри ӯ ба андозаи ҳафтод зироъ васеъ карда мешавад ва қабраш пурнур карда мешавад. Ба ӯ гуфта мешавад: Хоб кун. Ӯ мегӯяд: Ба назди хонаводаам бармегардам ва ба онҳо хабар медиҳам. Ба ӯ мегӯянд: Мисли хоби арӯс хоб намо, ки ӯро танҳо маҳбубтарини хонаводааш бедор мекунад. Хоб мекунад, то он даме, ки Аллоҳ ӯро аз ҷойгоҳаш зинда бикунад. Агар мунофиқ бошад, мегӯяд: Мардумро шунидаам, ки чунин мегуфтанд, ман ҳам мисли онҳо гуфтам, ман намедонам. Мегӯянд: Дар ҳақиқат мо медонистем, ки ту чунин мегӯӣ. Пас ба замин гуфта мешавад: Ҷисми ӯро пахш бикун ва замин ҷисми ӯро пахш мекунад ва қабурғаҳояш ба ҳам бармехӯранд. То он даме, ки Аллоҳ ӯро аз ҷои хобаш зинда бикунад, (яъне, то рӯзи қиёмат) дар азоб боқӣ мемонад.   Ривояти Тирмизӣ (1071). Абуисо гуфтааст: Ин ҳадис ҳасан ва ғариб аст. Ин ҳадис дар китоби Саҳиҳу-л-ҷомеъ (724) ҳасан гуфта шудааст.

7,8. Ҳорут ва Морут.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَمَا أُنْزِلَ عَلَى الْمَلَكَيْنِ بِبَابِلَ هَارُوتَ وَمَارُوتَ    سورة البقرة 102.

 "Ва он чи бар ду фаришта, Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуда буд".   (Сураи Бақара: 102).

Ғайри онҳо, фариштагони дигар низ вуҷуд доранд. "Ва лашкарони Парвардигоратро ба ҷуз Ӯ касе намедонад. Ҳамаи ин чизҳо фақат панд барои башар аст".   (Сураи Мудассир: 31).

Ғайри онҳо, фариштагони дигар низ вуҷуд доранд.
Қудрат ва тавоноии фариштагон.

Фариштагон қудрату тавоноии бузурге доранд, ки Аллоҳ таъоло онро ба онҳо додааст, аз ҷумла:

Қудрат ба тағйир додани шакли худ.

Аллоҳ ба фариштагон қудрат додааст, ки ба ғайри шакли асосиашон худашонро вонамуд кунанд.

Аллоҳ Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро ба сӯи Марям (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар сурати одамӣ фиристод. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 فَأَرْسَلْنَا إِلَيْهَا رُوحَنَا فَتَمَثَّلَ لَهَا بَشَرًا سَوِيًّا    سورة مريم 17.

"Пас Мо рӯҳи худ (Ҷабраил)-ро ба сӯи Марям фиристодем. Пас ба шакли инсони комил бар ӯ намудор шуд".   (Сураи Марям: 17).

Фариштагон ба назди Иброҳим (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар сурати одамӣ омаданд. Иброҳим (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар нахустин лаҳза нашинохт, ки онҳо фариштагонанд. Фариштагон баъди худро шинос кардан, Иброҳим (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз он огоҳ шуд. Инчунин фариштагон ба назди Лут (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) низ дар шакли ҷавонони зебочеҳра омаданд. Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар шаклҳои гуногун меомад. Гоҳо дар сурати Диҳяи Калбӣ, ки саҳобаи зебосурат буд, меомад. Гоҳо дар сурати аъробие меомад.

Саҳобагон ӯро дар сурати одамӣ дидаанд. Чуноне ки дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва Муслим аз Умар ибни Хаттоб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе мо назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста будем, ки ногаҳон ба назди мо марди сафедчеҳрае, ки либосҳои сафед дар тан дошт ва мӯйҳои сараш хеле сиёҳ буд, омад. Дар ӯ асари сафар дида намешуд ва касе аз мо ӯро намешинохт. Ба назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нишаст ва зонӯяшро ба зонӯи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ниҳод ва дастонашро ба ронҳои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ниҳоду гуфт: Эй Муҳаммад, ба ман дар бораи ислом хабар бидеҳ ....    "Саҳиҳ"-и Муслим, рақами: (8).

Ҳамин гуна, ҳадисҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ба шакли инсон намудор шудани фариштагон далолат мекунанд. Ба монанди ҳадиси кушандаи сад нафар, ки дар он омадааст, "фариштае дар сурати одамӣ наздашон омад" ва инчунин ҳадиси песу кал ва нобино.

Суръат ва тезии фариштагон.

Бузургтарин суръат ва тезие, ки мардум медонанд, суръати нуру равшанӣ аст. Суръати фариштагон аз суръати равшанӣ низ хеле тезтар аст. Вақте ки саволдиҳандае ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саволе медод ва саволи худро ба охир нарасонда, дарҳол Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ҷониби Аллоҳ ҷавобро меовард.

Вазифаи фариштагон.

  • Яке аз фариштагон муваккали ваҳй аз ҷониби Аллоҳ бар паёмбаронаш аст. Ӯ рӯҳуламин, Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 مَنْ كَانَ عَدُوًّا لِجِبْرِيلَ فَإِنَّهُ نَزَّلَهُ عَلَى قَلْبِكَ بِإِذْنِ اللَّهِ   سورة البقرة: 97.

"Касе, ки душмани Ҷабраил бошад, (дар ҳақиқат душмани Аллоҳ аст,) зеро ӯ бо фармони Аллоҳ Қуръонро бар қалби ту нозил кардааст".   (Сураи Бақара: 97).

Аллоҳ таъоло дар ояти дигар фармудааст:

 نَزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِينُ ، عَلَى قَلْبِكَ لِتَكُونَ مِنَ الْمُنْذِرِينَ    سورة الشعراء: 193-194.

 "Онро руҳуламин ба қалби ту нозил кардааст, то ин ки аз тарсонандагон бошӣ".   (Сураи Шуаро: 193-194).

  • Яке аз фариштагон муваккал ва масъул аст барои борон ва ирсоли он ба маконе, ки Аллоҳ бихоҳад. Ӯ Микоил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад. Ӯ ёридиҳандагоне дорад, ки бо фармони Аллоҳ, амри ӯро иҷро менамоянд. Онҳо бодҳову абрҳоро ба тарафе, ки Аллоҳ бихоҳад, равона мекунанд.
  • Яке аз фариштагон муваккал ва масъули сур аст. Ӯ Исрофил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад. (Сур, ба монанди сурнай аст, ки Исрофил онро ҳангоми барпо шудани қиёмат медамад).
  • Яке аз фариштагон ба гирифтани руҳҳо вазифадор аст. Ӯ малакулмавт (фариштаи марг) мебошад. Ӯ низ ёридиҳандагоне дорад. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 قُلْ يَتَوَفَّاكُمْ مَلَكُ الْمَوْتِ الَّذِي وُكِّلَ بِكُمْ ثُمَّ إِلَى رَبِّكُمْ تُرْجَعُونَ    سورة السجدة 11.

 "Бигӯ: Малакулмавте, ки бар шумо вазифадор гардидааст, шуморо мемиронад. Сипас ба сӯи Парвардигор бозгардонида мешавед". (Сураи Саҷда: 11).

Дар ягон ҳадиси саҳеҳе собит нашудааст, ки малакулмавт Азроил ном дошта бошад.

  • Аз ҷумлаи фариштагон, фариштагоне, ки ба нигаҳбонии банда дар ҷои зисту сафар, дар бедориву хоб ва дар тамоми ҳолатҳо вазифадор гардидаанд. Онҳо нигаҳбононе ҳастанд, ки Аллоҳ дар шаънашон гуфтааст:

 سَوَاءٌ مِنْكُمْ مَنْ أَسَرَّ الْقَوْلَ وَمَنْ جَهَرَ بِهِ وَمَنْ هُوَ مُسْتَخْفٍ بِاللَّيْلِ وَسَارِبٌ بِالنَّهَارِ (10) لَهُ مُعَقِّبَاتٌ مِنْ بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ يَحْفَظُونَهُ مِنْ أَمْرِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ وَإِذَا أَرَادَ اللَّهُ بِقَوْمٍ سُوءًا فَلَا مَرَدَّ لَهُ وَمَا لَهُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَالٍ    سورة الرعد 10-11.

  • (Сураи Раъд: 10-11).
  • Аз ҷумлаи фариштагон, фариштагоне, ки ба ҳифзи амали банда, амали неку бад вазифадоранд. Онҳо кироман котибин (нависандагони бузургвор) мебошанд. Ояти зернин онҳоро дарбар мегирад, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَيُرْسِلُ عَلَيْكُمْ حَفَظَةً   سورة الأنعام آية 61

 "Нигаҳбононе бар шумо мефиристад".   (Сураи Анъом, ояти 61).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 أَمْ يَحْسَبُونَ أَنَّا لَا نَسْمَعُ سِرَّهُمْ وَنَجْوَاهُمْ بَلَى وَرُسُلُنَا لَدَيْهِمْ يَكْتُبُونَ     سورة الزخرف آية 80

 "Оё онҳо гумон мекунанд, ки мо сирри онҳо ва суханоне, ки дар гӯши як дигар мегуянд, намешунавем? Бале (мешунавем) ва фиристодагони Мо дар назди онҳо менависанд".   (Сураи Зухруф, ояти 80).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 إِذْ يَتَلَقَّى الْمُتَلَقِّيَانِ عَنْ الْيَمِينِ وَعَنْ الشِّمَالِ قَعِيدٌ ، مَا يَلْفِظُ مِنْ قَوْلٍ إِلا لَدَيْهِ رَقِيبٌ عَتِيدٌ    .سورة ق: 17-18.

 "Ҳангоме ки ду фариштаи  фарогиранда аз ҷониби рост ва чапи ӯ нишастаанд, ҳар чизро фаро мегиранд. Ҳар лафзе, ки аз забонаш мебарояд, онро назоратгару нависандае аст".   (Сураи Қоф: 17-18).

Дар ояти дигар фармудааст:

 وَإِنَّ عَلَيْكُمْ لَحَافِظِينَ ، كِرَامًا كَاتِبِينَ  .سورة الإنفطار 10-11

 "Албатта бар шумо нигаҳбононе (фариштагоне) вобаста шудаанд, ки нависандагони бузургвор ҳастанд".   (Сураи Инфитор: 10-11).

  • Аз ҷумлаи фариштагон, фариштагоне, ки ба фитнаву имтиҳони қабр вазифадорҳанд. Онҳо Мункар ва Накир мебошанд. Аз Абӯҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ҳар гоҳ маййит ба қабр ниҳода шавад, ё гуфт, ки ҳар гоҳ яке аз шумо ба қабр ниҳода шавад, ду фаришта сиёҳу кабуд ба наздаш меоянд, ки якеро Мункар, дигареро Накир меноманд. Пас онҳо мегӯянд: Нисбати ин мард чӣ мегӯӣ... Ҳадис дар боло гузашт.
  • Аз ҷумлаи фариштагон, посбонони биҳишт мебошанд. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَسِيقَ الَّذِينَ اتَّقَوْا رَبَّهُمْ إِلَى الْجَنَّةِ زُمَرًا حَتَّى إِذَا جَاءُوهَا وَفُتِحَتْ أَبْوَابُهَا وَقَالَ لَهُمْ خَزَنَتُهَا سَلامٌ عَلَيْكُمْ طِبْتُمْ فَادْخُلُوهَا خَالِدِينَ  سورة الزمر 73

"Ва онҳое, ки аз Парвардигорашон тарсиданд, гурӯҳ-гурӯҳ ба сӯи биҳишт оварда мешаванд. Ҳатто ҳангоме ки ба биҳишт бирасанд, дарҳои биҳишт кушода мешавад. Посбонони биҳишт ба онҳо мегӯянд: Салом ба шумо, хуш бошед, ба биҳишти абадӣ дароед".(Сураи Зумар: 73).

  • Аз ҷумлаи фариштагон, посбонони ҷаҳаннам мебошанд. Посбонон хеле зиёданд, аммо сарварони онҳо нуздаҳто мебошанд, ки роҳбари онҳо Молик (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَسِيقَ الَّذِينَ كَفَرُوا إِلَى جَهَنَّمَ زُمَرًا حَتَّى إِذَا جَاءُوهَا فُتِحَتْ أَبْوَابُهَا وَقَالَ لَهُمْ خَزَنَتُهَا أَلَمْ يَأْتِكُمْ رُسُلٌ مِنْكُمْ يَتْلُونَ عَلَيْكُمْ آيَاتِ رَبِّكُمْ وَيُنْذِرُونَكُمْ لِقَاءَ يَوْمِكُمْ هَذَا قَالُوا بَلَى وَلَكِنْ حَقَّتْ كَلِمَةُ الْعَذَابِ عَلَى الْكَافِرِينَ    سورة الزمر 71

"Ва кофирон гурӯҳ-гурӯҳ ба сӯи дӯзах оварда мешаванд. Ҳатто чун ба назди дӯзах биёянд, дарҳои дӯзах кушода мешавад. Посбонони дӯзах ба онҳо мегӯянд: Оё паёмбароне аз худатон ба шумо фиристода нашуданд, то оятҳои Парвардигоратонро ба шумо бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд? Онҳо мегӯянд: Бале омада буданд. Вале бар кофирон фармони азоб муҳаққақ шудааст".   (Сураи Зумар: 71).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

فَلْيَدْعُ نَادِيَهُ ، سَنَدْعُ الزَّبَانِيَةَ    سورة العلق 17-18.

"Пас, бояд ҳаммаҷлисони худро фарёд бикунад. Мо низ фариштагони дӯзахро фаро хоҳем хонд".   (Сураи Алақ: 17-18).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

  وَمَا أَدْرَاكَ مَا سَقَرُ ، لا تُبْقِي وَلا تَذَرُ ، لَوَّاحَةٌ لِلْبَشَرِ ، عَلَيْهَا تِسْعَةَ عَشَرَ ، وَمَا جَعَلْنَا أَصْحَابَ النَّارِ إِلا مَلائِكَةً وَمَا جَعَلْنَا عِدَّتَهُمْ إِلا فِتْنَةً لِلَّذِينَ كَفَرُوا لِيَسْتَيْقِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ وَيَزْدَادَ الَّذِينَ آمَنُوا إِيمَانًا ..     سورة المدثر 27-31.

"Ва ту чӣ донӣ, ки дӯзах чист? (Оташи сӯзоне, ки чизеро) боқӣ намегузорад ва раҳо намекунад. Пӯстро (дигаргун карда) месӯзонад. Бар он нуздаҳ (фаришта) муваккаланд. Ва ба ҷуз фариштагон касеро муваккали дӯзах насохтаем ва шумори онҳоро ҷуз барои озмоиши кофирон муайян накардем, то аҳли китоб яқин кунанд ва имони мӯъминон бияфзояд .. ".   (Сураи Мудассир: 27-31).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَنَادَوْا يَا مَالِكُ لِيَقْضِ عَلَيْنَا رَبُّكَ قَالَ إِنَّكُمْ مَاكِثُونَ    سورة الزخرف 77.

"Ва фарёд мезананд: Эй Молик, Парвардигорат ба мо ҳукм кунад (ва бимиронад). Ӯ мегӯяд: Ҳамоно шумо (дар инҷо) ҳамеша боқӣ мемонед".   (Сураи Зухруф: 77).

  • Аз ҷумлаи фариштагон, фариштагоне, ки масъулияти ниҳодани нутфаро дар раҳм ба ӯҳда доранд. Чуноне ки дар ҳадиси Ибни Масъуд (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ки ростгӯву тасдиқшуда аст, мегӯяд: Албатта халқияти ҳар яки шумо ба муддати чиҳил рӯз дар шиками модар,  ҷамъ мешавад. Сипас дар чиҳил рӯзи дигар ба хуни баста табдил меёбад. Баъди чил рӯзи дигар гӯштпора мегардад. Сипас фаришта фиристода мешавад ва ба ӯ рӯҳ медамад ва ӯ ба навиштани чаҳор чиз, ризқ, марг, амал, бадбахтӣ ё хушбахтӣ амр карда мешавад. Қасам ба зоте, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест, яке аз шумо амали биҳиштиёнро анҷом медиҳад. Ҳатто байни ӯ ва байни ҷаннат зирое (масофаи миёни ангушти мобайнӣ ва оринҷро зироъ меноманд) боқӣ мемонад, аммо тақдири ӯ пеш мегузарад ва амали дӯзахиёнро анҷом дода, ба дӯзах медарояд. Албатта яке аз шумо амали дӯзахиёнро анҷом медиҳад, ҳатто байни ӯ ва байни дӯзах як зирое боқӣ мемонад, вале тақдираш пеш мегузарад. Пас амали ҷаннатиёнро иҷро мекунаду ба биҳишт медарояд".   Ривояти Бухорӣ, "Фатҳ" рақами (3208) ва Муслим рақами (2643).
  • Аз ҷумлаи фариштагон, бардорандагони Арш мебошанд. Аллоҳ таъоло дар шаъни онҳо фармудааст:

 الَّذِينَ يَحْمِلُونَ الْعَرْشَ وَمَنْ حَوْلَهُ يُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَيُؤْمِنُونَ بِهِ وَيَسْتَغْفِرُونَ لِلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا وَسِعْتَ كُلَّ شَيْءٍ رَحْمَةً وَعِلْمًا فَاغْفِرْ لِلَّذِينَ تَابُوا وَاتَّبَعُوا سَبِيلَكَ وَقِهِمْ عَذَابَ الْجَحِيمِ    سورة غافر 7

"Фариштагоне, ки аршро мебардоранд ва онҳое, ки дар гирди онанд, ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва ба Ӯ имон доранд ва бароиаҳли имон омӯрзиш мехоҳанд: Парвардигоро, Ту бо раҳмату илми худ ҳама чизро фаро гирифтаӣ. Пас онҳое, ки тавба кардаанд ва ба роҳи Ту ворид шудаанд, бубахш ва аз азоби ҷаҳаннам нигаҳ дор".(Сураи Ғофир: 7).

  • Аз ҷумла, фариштагоне ҳастанд, ки дар замин саёҳатгаранд. Онҳо дар ҷустуҷӯи маҳфилҳои зикранд. Аз Абӯҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Албатта Аллоҳ фариштагоне дорад, ки дар роҳҳо аҳли зикрро ҷӯстуҷӯ мекунанд. Агар гурӯҳеро пайдо кунанд, ки дар зикри Аллоҳ машғул бошанд, ҳамдигарро нидо мекунанд, ки биёед. Пас онҳоро то осмони дунё зери болҳояшон мегиранд. Парвардигорашон  аз онҳо мепурсад, дар ҳоле, ки худ аз онҳо донотар аст: Бандагонам чӣ мегӯянд? Онҳо мегӯянд: Туро тасбеҳу такбир мегӯянд, Туро ситоишу бузургдорӣ мекунанд. Аллоҳ мегӯяд: Оё онҳо маро дидаанд? Фариштагон мегӯянд: На, савганд ба Аллоҳ, ки Туро надидаанд. Аллоҳ мегӯяд: Агар маро медиданд, чикор мекарданд? Онҳо мегӯянд: Агар Туро медиданд, бештар ибодат мекарданд ва Туро бештар бузургдорӣ ва ситоиш мекарданд ва зиёд тасбеҳ мегуфтанд. Аллоҳ мегӯяд: Аз ман чӣ мехоҳанд? Онҳо мегӯянд: Аз Ту биҳишт металабанд. Аллоҳ мегӯяд: Оё биҳиштро дидаанд? Фариштагон мегӯянд: На, қасам ба Аллоҳ, ки онҳо биҳиштро надидаанд. Аллоҳ мегӯяд: Агар онро медиданд, чикор мекарданд? Онҳо мегӯянд: Агар биҳиштро медиданд, бештар ҳариси биҳишт мегардиданд ва бештар талаб мекарданд ва рағбати бузургтаре медоштанд. Аллоҳ мегӯяд: Онҳо аз чӣ паноҳ мебаранд? Фариштагон мегӯянд: Аз оташи дӯзах паноҳ мебаранд. Аллоҳ мегӯяд: Оё онҳо дӯзахро дидаанд? Фариштагон мегӯянд: На, қасам ба Аллоҳ, ки онҳо дӯзахро надидаанд. Аллоҳ мегӯяд: Агар онро медиданд, чикор мекарданд? Фариштагон мегӯянд: Агар онҳо дӯзахро медиданд, аз дӯзах бештар мегурехтанд ва зиёдтар метарсиданд. Аллоҳ мегӯяд: Шумо гувоҳ бошед, ки ман онҳоро бахшидам. Фариштае мегӯяд: Дар байни онҳо фалонӣ вуҷуд дорад, ки аз ҷумлаи онон нест, балки ӯ ба хотири ниёзе омадааст. Аллоҳ мегӯяд: Онҳо ҳамнишини ҳамдигаранд. Шахсе, ки бо онҳо ҳамнишинӣ кардааст, бадбахт нахоҳад шуд.   Ривояти Бухорӣ, "Фатҳ" рақами: (6408)
  • Аз ҷумлаи фариштагон, фариштагоне, ки муваккал ва масъули кӯҳҳо мебошанд. Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки ӯ аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид: Оё рӯзе сахттар аз рӯзи Уҳуд бар ту омадааст? Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Аз сӯи қавмат сахтиҳои зиёдеро дидаам, вале сахттарин мушкиле, ки аз сӯи онҳо ба он мувоҷеҳ шудам, рӯзи Ақаба буд. Ҳангоме, ки худро ба қавми Абдуёлил ибни Абдулкулол пешниҳод кардам, онро напазируфт. Пас,  ғамгин шудам, ба тарафе, ки рӯям ба самти он буд, ба роҳ баромадам. Ҳангоме ки ба худ омадам, дидам ки дар Қарну-с-саолиб ҳастам, сарамро баланд кардам, ногаҳон чашмам ба абре афтод, ки болои сарам соя афкандааст. Ба он абр нигоҳ кардам, ки онҷо Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) қарор дорад. Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ман нидо карда гуфт: Албатта Аллоҳ суханони қавмат ва посухи онҳоро шунид. Аллоҳ воқеан ҳам ба сӯи ту фариштаи кӯҳҳоро фиристод, то ҳар чиро, ки бихоҳӣ, ба ӯ амр намо. Пас фариштаи кӯҳҳо ба ман садо зада, салом дод ва гуфт: Эй Муҳаммад, ҳар чи мехоҳӣ, иҷро мекунам, агар бихоҳӣ, ман ба болои онҳо ахшабайн (ду кӯҳи Макка)-ро фуруд меоварам. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Балки ман умедворам, ки Аллоҳ аз камари онҳо касонеро берун оварад, ки Аллоҳро парастиш кунанд ва чизеро ба Ӯ шарик насозанд.   Ривояти Бухорӣ, "Фатҳ" рақами: (3231).
  • Аз ҷумлаи фариштагон, зиёратгарони Байтулмаъмуранд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадиси исро ва меъроҷ, ки ҳадиси хеле дароз аст, фармудааст: Чун маро ба назди Байтулмаъмур бароварданд, аз Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсидам, ӯ гуфт: Ин Байтулмаъмур аст. Дар он ҳар рӯз ҳафтод ҳазор фаришта намоз мехонанд. Ҳар гоҳ ки онҳо аз Байтулмаъмур мебароянд, дигар ба он ҷо боз намегарданд.
  • Аз ҷумлаи фариштагон, фариштагонеанд, ки рост саф кашидаанд, хаста намешаванд ва рост истодаанд, наменишинанд ва дар рукӯву суҷуданд, ки сарашонро боло намебардоранд. Чуноне ки аз Абузар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Албатта ман чизҳоеро мебинам, ки шумо намебинед ва чизҳоеро мешунавам, ки шумо нашунавед. Осмон овоз баровард ва ҳақ ҳам дорад, ки овоз барорад. Дар осмон ягон мавзее барои чор ангушт нест, магар ин ки дар онҷо фариштае пешониашро гузошта, барои Аллоҳ саҷда мекунанд. Қасам ба Аллоҳ, ки агар он чи ки ман медонам, шумо медонистед, кам механдидед ва зиёд гиря мекардед ва аз занон дар ҷойгаҳҳо лаззат намебурдед ва ба роҳҳо мебаромадеду ба сӯи Аллоҳ зориву илтиҷо мекардед.   Сунани Тирмизӣ, рақами: (2312).

Ин мухтасаре дар бораи фариштагони боиззати Аллоҳ буд. Аллоҳ таъолоро мепурсем, ки моро аз касоне гардонад, ки ба фариштагон имон дошта бошем ва онҳоро дӯст бидорем.

Дуруди Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад бод.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид