Душанбе 24 Ҷумода-л-уло 1446 - 25 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми харидани масҷид бо қарзи рибавӣ

Савол

Мо як гурӯҳи мусулмонони Марокаш ҳастем, ки дар Олмон зиндагӣ мекунем. Мо ҷое дорем, ки онро барои намоз дар ҳама вақтҳо, ҷумъаҳо ва идҳо иҷора гирифтаем. Ба далели зиёд будани намозгузорон дар он ҷо – алҳамду лиллоҳ – ҳукумати Олмон моро аз баргузории намоз дар он ҷо манъ кард, зеро он танг ва дар ҷои номуносиб аст. Ҳоло мо мехоҳем як ҷои калонеро дар беруни шаҳр бихарем ва мақомоти Олмон барои харидани он розигӣ дод. Нархи он ҷой 3,5 миллион марка аст ва мо ҳамагӣ якуним миллион марка дорем. Оё бароямон ҷоиз аст, ки барои харидани ин ҷой маблағи боқимондаро аз бонк қарзи рибавӣ гирем? Оё ин зарурат ҳисобида мешавад? Агар он бо пули рибо харида шавад, то замони пайдо кардани ҷойҳои дигар дар ин шаҳр барои намоз, оё намоз хондан дар он ҷо ҷоиз аст? Ба мо фатво бидиҳед, Аллоҳ бароятон аҷру савоб бидиҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Қарзи рибавӣ гирифтан бароятон ҷоиз нест, зеро Аллоҳ таъоло риборо ҳаром намуда, рибохӯронро сахт таҳдид кардааст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рибохӯр, рибодиҳанда, шоҳидон ва котиби онро лаънат кардааст. Рибо дар ҳеҷ сурат раво нест. Он ҷоеро, ки (дар савол) ба он ишора кардед, нахаред, магар ин ки имкони молӣ дошта бошед, бидуни истифода аз рибо. Ба қадри имкон, якҷоя ё гурӯҳ-гурӯҳ дар ҷойҳои гуногун намоз хонед.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто 13/290