Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ворид шудани занон ба масҷидҳо бо ҳамроҳии кӯдаконашон дар намози таровеҳ

Савол

Ҳукми ворид шудани занон бо ҳамроҳии кӯдакон ба масҷидҳо дар намози таровеҳ чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Занон аз ворид шудан ба масҷидҳо бо ҳамроҳии кӯдаконашон дар моҳи Рамазон манъ карда намешаванд. Суннат далолат мекунад, ки дар замони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) занон бо ҳамроҳии кӯдаконашон ба масҷид меомаданд, зеро дар ҳадисе омадааст: «Ман ба намоз дохил мешавам ва мехоҳам, ки намозро дароз намоям, аммо гиряи кӯдакро мешунаваму, намозамро кӯтоҳ мекунам, зеро медонам, ки модар аз гиряи кӯдак нороҳат мешавад».

Дар ҳадиси дигаре омадааст: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) Умомаро дар намози фарз дар ҳоле ки дар масҷид ба мардум имоматӣ мекард, бардошт».

Вале занон бояд ба ҳифз намудани масҷид аз ҳар гуна наҷосат кӯшиш кунанд ва ҳангоми хоб ва бедории кӯдакон аз наҷосати онҳо парҳез кунанд". Поёни сухан.

"Фатово"-и Шайх Муҳаммад ибни Иброҳим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) (4/214, 215).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб