Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё гирифтани суғурта барои пардохти хароҷоти ҷаноза ҷоиз аст?

11361

Таърихи нашр : 30-01-2023

Мушоҳидаҳо : 1323

Савол

Мо як ҷомеаи хурди мусулмонони Лондон мебошем. Дар ҷаласаи охиринамон, узви мо қайд кард, ки хароҷоти дафн ба шиддат афзоиш ёфтааст. Бо эҳтимоли зиёд хонаводаи майит ё шахс бо танҳоӣ хароҷоти онро пардохт карда наметавонад. Дар ин ҳолат, мо бояд дар суғуртаи тартиботи дафн иштирок кунем. Лутфан ҳукми онро тезтар бароям баён кунед.

Матни ҷавоб

 

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Суғурта: Пардохт намудани маблағи муайяне дар муқобили чизи номаълуме мебошад, ки (ин чиз) ба хотири номуайянӣ ва ғарар ҷоиз нест. Аммо агар мусулмонон ба якдигар ёрӣ бидиҳанд ва мусулмонони сарватманд ба шахсоне, ки имкони пардохти ин гуна чизҳоро надоранд, кӯмаки молӣ кунанд, ин амал аз ҷумлаи ҳамкорӣ дар некӯкориву парҳезгорӣ ба ҳисоб меравад, ки Шариъат мусулмононро ба он амр кардааст.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ

سورة المائدة: ٢

 

«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед».   (Сураи Моида: 2).

Бояд қайд кард, ки агар инсон бар гирифтани суғурта маҷбур карда шавад ва аз рӯи маҷбурӣ бе ихтиёри худ суғурта бигирад, дар ин ҳолат, гуноҳе бар ӯ нест.

Сарчашма: Шайх Абдулкарим Ал-Хузайр