Якшанбе 28 Ҷумода-л-охира 1446 - 29 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Хӯрдани таомҳое, ки кофирон барои идҳояшон омода кардаанд, ҷоиз нест

Савол

 

Оё барои мусалмон ҷоиз аст, ки аз хӯрокҳое, ки аҳли китоб ё мушрикон дар рӯзҳои идашон омода кардаанд, бихӯрад ва ё тӯҳфаи онҳоро ба хотири идашон бипазирад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои мусулмон ҷоиз нест, ки таомҳоеро, ки яҳудиён, насрониён ё мушрикон барои идҳояшон омода мекунанд, бихӯрад. Ҳамчунин барои мусулмон ҷоиз нест, ки тӯҳфаи онҳоро ба хотири идашон бипазирад, зеро ин амал ба маънои эҳтироми онҳо, ҳамкорӣ бо онҳо дар  зоҳир намудани оинҳои динии онон, таблиғи бидъатҳои онҳо ва ширкат варзидан дар шодии онҳо дар рӯзҳои идҳояшон мебошад. Шояд ин рафтор боиси он гардад, ки идҳои онҳоро идҳои худ қарор бидиҳем ва ё ҳадди ақал дар идҳоямон ва идҳои онҳо, ҳамдигарро ба хӯрокхӯрӣ даъват кунем ё ба якдигар тӯҳфаҳо тақдим намоем. Ин амал як навъ фитна ва бидъат дар дин аст. Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд:

«Ҳар кас дар дини мо чизеро эҷод кунад, ки аз дин набошад, пас он мардуд аст».  

Ҳамчунин ҷоиз нест, ки ба онҳо (яҳудиёну насрониён) ба хотири идашон чизе тӯҳфа карда шавад.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доима: (22/398)