Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Чаро фақеҳон рӯзаи рӯзи ёздаҳуми Муҳаррамро бо ҳамроҳи рӯзи Ошуро мустаҳаб медонанд?

Савол

Ман ҳамаи ҳадисҳоро оиди рӯзаи рӯзи Ошуро хондам ва дар ягонтои он наёфтам, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) барои мухолифат намудани яҳудон ба рӯзаи рӯзи ёздаҳуми Муҳаррам ишора карда бошад, балки фармудааст: "Агар то соли оянда зинда бимонам, ҳатман дар рӯзи нӯҳум ва даҳум рӯза мегирам" барои мухолифат намудан бо яҳудон. Инчунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саҳобагонашро ба рӯзаи рӯзи ёздаҳуми Муҳаррам роҳнамоӣ накард. Аз ин хотир: Оё бидъат ҳисобида намешавад, агар амалеро, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагонаш анҷом надодаанд, иҷро кунем? Оё касе, ки рӯзаи рӯзи нӯҳумро аз даст бидиҳад, танҳо бо рӯзаи рӯзи даҳум кифоягӣ мекунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Донишмандон рӯзаи рӯзи ёздаҳуми Муҳаррамро мустаҳаб донистаанд, зеро аз паёмбар ба рӯза гирифтани ин рӯз дастур омадааст. Чуноне, ки Аҳмад (2155) аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Дар рӯзи Ошуро рӯза гиред ва дар ин маврид бо яҳудон мухолифат кунед. Як рӯз пеш аз он ё як рӯз баъд аз он рӯза гиред".

Донишмандон оиди саҳеҳ будани ин ҳадис ихтилоф кардаанд. Шайх Аҳмад Шокир ин ҳадисро ҳасан донистааст ва муҳаққиқони Муснад онро заиф шуморидаанд.

Ибни Хузайма (2095) ин ҳадисро бо ин лафз ривоят кардааст. Албонӣ гуфтааст: "Санади ин ҳадис ба хотири бадҳифзии Ибни Абулайло заиф аст. Ато ва дигарон бар ӯ мухолифат кардаанд. Онро аз Ибни Аббос бо тариқи мавқуф ривоят кардааст ва санади он дар назди Таҳовӣ ва Байҳақӣ саҳеҳ аст". Поёни сухан.

Агар ин ҳадис ҳасан бошад, пас он хуб аст ва агар заиф бошад, донишмандон истифодаи ҳадиси заифро дар мисли ин гуна масъалаҳо иҷозат дода, дар он сахтгирӣ намекунанд, зеро заиф будани он сабук аст, дурӯғ ё бофташуда нест ва он дар фазоили аъмол аст, хусусан тарғиб ба рӯзаи моҳи Муҳаррам аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст ва ҳатто расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин маврид фармудааст: "Беҳтарин рӯза баъд аз Рамазон, рӯзаи моҳи Аллоҳ, Муҳаррам мебошад".   Ривояти Муслим (1163).

Байҳақӣ ин ҳадисро дар китоби "Ассунану-л-кубро" бо лафзи дар боло зикршуда ривоят намудааст ва инчунин дар ривояти дигаре бо лафзи зерин ривоят кардааст: "Як рӯз пеш аз он ва як рӯз баъд аз он рӯза гиред".

Дар ин ривоят ба ҷои калимаи "ё" калимаи "ва"-ро зикр кардааст.

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар ин ҳадисро дар китоби "Итҳофу-л-маҳара" (2225) бо лафзи зерин овардааст: "Як рӯз пеш аз он ва як рӯз баъд аз он рӯза гиред".

Ва гуфтааст: "Аҳмад ва Байҳақӣ ин ҳадисро бо санади заиф ривоят кардаанд, ки ба хотири заиф будани Муҳаммад ибни Абулайло (санади ин ҳадис заиф аст), вале ӯ ба танҳоӣ инро ривоят накардааст. Солеҳ ибни Абусолеҳ ибни Ҳайй ӯро мутобаат кардааст". Поёни сухан.

Ин ривоят мустаҳаб будани рӯзаи рӯзи нӯҳум, даҳум ва ёздаҳумро баён мекунад.

Баъзе аз донишмандон сабаби дигареро барои мустаҳаб будани рӯзаи рӯзи ёздаҳум зикр кардаанд, ки он эҳтиёт барои рӯзи даҳум мебошад. Мумкин аст, ки мардум дар дидани моҳи Муҳаррам хато кунанд ва айнан кадом рӯз рӯзи даҳум буданаш фаҳмида нашавад. Агар мусулмон (дар ин ҳолат) рӯзи нӯҳум ва даҳум ва ёздаҳумро рӯза бигирад, пас дар ҳақиқат рӯзи Ошуроро дарёфт намудааст. Ибни Абушайба дар китоби "Мусаннаф"-и худ (2/313) аз Товус (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят кардааст, ки ӯ як рӯз пеш ва як рӯз баъд аз онро аз тарси ин ки рӯзаи Ошуроро аз даст бидиҳад, рӯза мегирифт.

Имом Аҳмад гуфтааст: "Касе бихоҳад, ки дар рӯзи Ошуро рӯза бигирад, дар рӯзи нӯҳум ва даҳум рӯза бигирад. Агар дар моҳҳо номуайянӣ вуҷуд дошта бошад, дар ин ҳолат се рӯз рӯза мегирад. Ибни Сирин ҳамин тавр гуфтааст. Поёни сухан.

"Ал-Муғнӣ" (4/441).

Бо ин, баён гардид, ки рӯзаи ин се рӯзро бидъат гуфтан дуруст нест.

Аммо касе рӯзаи рӯзи нӯҳумро аз даст бидиҳаду, танҳо дар рӯзи даҳум рӯза бигирад, ҳеҷ боке дар он нест ва ин амал макруҳ намебошад ва агар рӯзи ёздаҳумро бар он изофа намояд, (яъне дар рӯзи ёздаҳум ҳам рӯза бигирад), ин беҳтар аст.

Мардовӣ дар китоби "Ал-Инсоф" (3/346) гуфтааст:

"Рӯза гирифтани рӯзи даҳум бо танҳоӣ бар асоси саҳеҳтарин дидгоҳи мазҳаб макруҳ намебошад ва Шайх Тақийюддин (Ибни Таймийя) бар макруҳ набудани он мувофақат кардааст". Поёни сухан бо ихтисор.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб