Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оғози Ислом чӣ замоне буд?

Савол

 

Оғози Ислом чӣ замоне буд? Байни Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва Исо (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чи қадар буд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ислом бо биъсати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оғоз шуд, ҳангоме ки Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ваҳйро аз ҷониби Аллоҳ таъоло дар Макка, дар нимҷазираи Араб бар ӯ фуруд овард. Ин ҳодиса дар рӯзи душанбеи моҳи Рамазон, дар чиҳилсолагии паёмбар Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), сездаҳ сол пеш аз ҳиҷрат намудани ӯ ба Мадина (ки ибтидои таърихи ҳиҷрӣ аст) рух додааст. Тибқи тақвими мелодӣ, оғози биъсат ва рисолати паёмбарӣ тақрибан дар соли 608 ё 609-и мелодӣ воқеъ шудааст. Салмони Форсӣ Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод (яке аз ёрони паёмбар дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд, ки байни Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва Исо (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шашсад сол аст.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид