Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми зоҳир намудани зинат дар рӯзи Ошуро

Савол

Ман донишҷӯдухтари коллеҷи духтарон мебошам ва дар байни мо шумораи зиёди шиаҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳоло онҳо ба муносибати Ошуро либоси сиёҳ мепӯшанд. Оё дар муқобил бароямон ҷоиз аст, ки ба хотири ба хашм овардани онон либосҳои хушрангу дурахшон бипӯшем ва худро зиёд зинат бидиҳем? Оё бароямон ҷоиз аст, ки онҳоро ғайбат кунем ва дар ҳаққи онҳо дуои бад намоем? Лутфан таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки онҳо нисбати мо ошкоро нафрат баён мекунанд ва ҳамчунин ман дидаам, ки яке аз онҳо тӯмореро ба бар карда, ки дар он тилисмҳое навишта шудаанд ва дар дасташ чӯбдасте дошт, ки бо он ба яке аз донишҷӯдухтарон ишора мекард. Ман аз ӯ ранҷу азият кашидаам ва ҳоло ҳам ранҷу азият мекашам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бароятон ҷоиз нест, ки дар рӯзи Ошуро худро бо ҳар гуна либос ё чизи дигаре зинат бидиҳед, зеро шахси нодон ва ғаразнок шояд аз ин чиз бифаҳманд, ки аҳли суннат аз кушта шудани Ҳусайн ибни Алӣ (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) хушҳоланд. Аллоҳ поку муназзаҳ аст, ки аҳли суннат аз ин чиз хушнуд бошанд. (Яъне аз чунин ҳодиса аҳли суннат ғамгинанд).

Аммо дар мавриди муносибат бо онҳо, яъне ғайбат, дуои бад дар ҳаққи онҳо ва дигар рафторҳое, ки нишонаи кинаву нафратанд, ин корҳо ҳеҷ фоидае надоранд. Мо бояд саъю кӯшиш намуда онҳоро даъват кунем, ба онҳо таъсир расонем ва ононро ислоҳ намоем. Агар инсон ин корро карда натавонад, пас бояд аз онҳо рӯй бигардонад ва ҷойро барои касоне, ки аз ӯҳдаи ин кор мебароянд, тарк намояд ва тавре рафтор накунад, ки дар роҳи даъват монеае эҷод шавад.

Шайх: Саъд Ал-Ҳумайд.

Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Шайтон аз ҳодисаи кушта шудани Ҳусайн (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ду бидъатеро барои мардум эҷод намуд: (1) Бидъати ғаму гиря дар рӯзи Ошуро бо латм (панҷа бар рӯи худ задан), доду фарёд, гиря ва навҳасароӣ. . . (2) Бидъати шодию хурсандӣ. . .

Онҳо (гурӯҳи аввал) ғаму андӯҳро эҷод намуданд. Инҳо (гурӯҳи дуввум) шодию хурсандиро эҷод карда, дар рӯзи Ошуро сурма кашидан ба чашм, ғусл кардан, фарохӣ намудан дар хароҷоти худ ва аҳлу аёли худ ва омода кардани хӯрокҳои ғайриоддиро некӯ донистанд. . . Ҳар бидъат гумроҳӣ аст ва ягон имоме аз чаҳор имоми мусулмонон ва дигар имомон на ин (ғаму гиря)-ро мустаҳаб донистаанд ва на он (шодию хурсандӣ)-ро мустаҳаб донистаанд. . . ". Поёни сухан аз китоби "Минҳоҷу-с-сунна" (4/554-556) бо ихтисор.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид