Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Миқдори закоти фитр ва оё закоти фитрро бо маблағ пардохт кардан ҷоиз аст?

Савол

Миқдори закоти фитр чӣ қадар аст? Оё онро баъди намози ид додан ҷоиз аст? Оё закоти фитрро бо маблағ пардохт кардан ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки ӯ закоти фитрро бар мусулмонон ба андозаи як соъ хурмо ё як соъ ҷав фарз намуд ва амр кард, ки пеш аз хориҷ шудани мардум ба намоз (яъне намози ид) дода шавад. Дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Абусаиди Худрӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфтааст: Дар замони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) закоти фитрро соъе аз таом ё соъе аз хурмо ё соъе аз ҷав ё соъе аз кашк (қурут) ва ё соъе аз мавиз, медодем . .

Гурӯҳе аз донишмандон ибораи таомро, ки дар ҳадис зикр шудааст, гандум тафсир кардаанд. Гурӯҳи дигаре онро ба маънои хӯроки асосии мардуми ҳар минтақа гуфтаанд, кадом таоме ки бошад, хоҳ гандум бошад, ё ҷуворимакка ва ё ғайри он бошад, ки ин дидгоҳи саҳеҳтарин аст, зеро закот ин ёрӣ ва ғамхорӣ аз ҷониби сарватмандон ба камбағалон мебошад ва воҷиб нест, ки мусулмон бо хуроке ҷуз хӯроки ҳамон минтақа ёрӣ ва ғамхорӣ бикунад.

Бинобар ин, закоти фитр соъе (як соъ) аз тамоми намуди хӯрок воҷиб мебошад. Як соъ чаҳор ду кафи даст, ки пур аз хӯрок аст, ё ин ки вазни он тақрибан се килограмм аст. Аз ин хотир, агар мусулмоне як соъ биринҷ ё дигар хӯроки кишвари худро бидиҳад, барояш кифоя аст.

Аввалин вақти додани закоти фитр шаби бисту ҳаштум мебошад, зеро саҳобагони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) закоти фитрро як ё ду рӯз пеш аз ид мебароварданд. Моҳи ҳиҷрӣ бисту нӯҳ рӯза ё сӣ рӯза мебошад.

Охирин вақти додани закоти фитр, намози ид мебошад. Таъхири он то баъди намоз ҷоиз нест, зеро Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) аз паёмбар (салаллоҳу алаҳи ва саллам) ривоят кардааст, ки фамудааст: "Касе онро пеш аз намоз адо намояд, пас он закоти қабулшуда мебошад. Касе онро баъди намоз адо кунад, садақае аз садақот мебошад".   Ривояти Абудовуд.

Дар назди аксари донишмандон дадани арзиши таом ҷоиз нест. Ин дидгоҳ аз назари далел саҳеҳтар аст. Балки аз таом баровардани он воҷиб мебошад, чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) ва аксари уммат, анҷом додаанд.

Аз Аллоҳ таъоло мепурсем, ки мо ва ҳамаи мусулмононро ба фаҳми дин ва устуворӣ бар он тавфиқ бидиҳад. Дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод). Маҷаллату-л-буҳусу-л-исломийя, шумораи 17, саҳифаи 79-80