Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Кай ҳаҷ фарз шуд?

Савол

Дар кадом соли ҳиҷрӣ ҳаҷ фарз карда шуд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Донишмандон дар мавриди соле, ки ҳаҷ дар он сол фарз карда шудааст, ихтилоф кардаанд. Бархе гуфтаанд, ки дар соли панҷум, бархеи дигар гуфтаанд, дар соли шашум фарз шудааст. Гурӯҳе гуфтаанд, дар соли нӯҳум, гурӯҳи дигар гуфтаанд, ки дар соли даҳум фарз гардидааст. Наздиктарини он ба ҳақиқат (ва саҳеҳтарини он) ду дидгоҳи охирин аст, ки ҳаҷ дар соли нӯҳум ё даҳум фарз карда шудааст.

Далел сухани Аллоҳ таъоло аст, ки фармудааст:

 وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا 

Ва барои Аллоҳ, ҳаҷҷи хона (Каъба) бар мардум воҷиб аст, барои касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошанд.   (Сураи Оли Имрон: 97).

Дар ин оят воҷиб будани ҳаҷ баён шудааст. Ин оят дар ому-л-вуфуд (соли намояндагон, соле ки намояндагони қабилаҳо назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омаданд ва мардум гурӯҳ-гурӯҳ исломро қабул карданд) охирҳои соли нӯҳум нозил шудааст. Аз ин рӯ, ҳаҷ дар охирҳои соли нӯҳум фарз гардидааст.

Ба китоби "Зоду-л-маод" (3/595) нигар.

Аллоҳ донотар аст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Ба фатовои кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ (10/11) нигар.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб