Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё баромадани хун аз рӯзадор рӯзаро фосид мекунад?

Савол

Хун гирифтан барои рӯзадор хоҳ кам бошад, хоҳ зиёд чӣ ҳукм дорад? Оё ин рӯзаро мешиканад ё на?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар хуни гирифташуда кам бошад, рӯзааш дуруст аст ва қазои он рӯз бар ӯ воҷиб намебошад. Аммо агар хуни гирифташуда зиёд бошад, ба хотири раҳоӣ аз ихтилофоти уламо ва анҷоми иқдомоти эҳтиётӣ барои пок сохтани зиммаи худ, қазои он рӯзро адо менамояд.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.
 

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто: 10/263