Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми шавҳаре, ки фарзандони худро аз зани якумаш гирифта, ба дидори зани дуюмаш мебарад

410715

Таърихи нашр : 15-07-2023

Мушоҳидаҳо : 1330

Савол

Шавҳарам зани дуюм дорад. Он зан аз шавҳари фавтидааш як писару як духтар дорад. Ӯ гоҳ-гоҳе аз шавҳарам хоҳиш мекунад, ки фарзандонамро ба хонааш биёрад. Ин чиз маро бисёр нороҳат мекунад. Фарзандонамро бо зӯрӣ аз ман гирифта, ба назди ӯ бурдан чӣ ҳукм дорад? Оё гирифтани онҳо бе розигии ман зулм ҳисобида намешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар шавҳар фарзандонашро аз зани якумаш гирифта, ба назди зани дуюмаш бибарад ва ё баръакс (фарзандонашро аз зани дуюмаш гирифта, ба назди зани якумаш бибарад), ҳеҷ боке надорад.

Фарзандонашро гирифта, ба ҳар куҷое, ки бихоҳад, меравад ва барои ин чиз аз ҳамсараш иҷозат намепурсад.

Муносибати хуб доштани фарзандон бо ҳамсари падарашон ба тарбияи хуби онҳо далолат мекунад. Онҳо маҳрамҳои доимии ӯ мебошанд, чуноне ки Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَلَا تَنْكِحُوا مَا نَكَحَ آبَاؤُكُمْ مِنَ النِّسَاءِ إِلَّا مَا قَدْ سَلَفَ إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَمَقْتًا وَسَاءَ سَبِيلًا

سورة النساء: ٢٢

«Ва бо заноне, ки падаронатон (бо онҳо) издивоҷ кардаанд, издивоҷ накунед, магар он чи дар гузашта (қабл аз нузули ин оят) рух додааст. Бегумон ин кор, амали зишту нафратангез ва роҳи бисёр бад аст».   (Сураи Нисо: 22).

Зани дуюм ба хотири унсу улфат додан байни фарзандони худ ва фарзандони шавҳараш маломат карда намешавад. Ин чиз сабаби эҳтироми фарзандони шавҳараш мебошад ва меҳру муҳаббати онҳо байни ҳамдигар афзун мегардад.

Аз ин рафтор набояд хиҷолату нороҳат бошед, балки ин рафтор шуморо хушҳол созад. Шумо бояд дар ин амр кӯмак кунед, то фарзандонатон дар муҳаббати ҳамсари падари худ ба воя расанд.

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб