Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё интиқол додани закот ба кишвари дигар ҷоиз аст?

Савол

Оё додани закот ба кишвари дигар мисли Фаластин ҷоиз аст, дар ҳоле ки дар кишвари ман мардуми камбағал вуҷуд доранд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар фатовои кумитаи доимӣ (10/9) омадааст:

Закот ба касоне дода мешавад, ки Аллоҳ таъоло онро бо ояти зерин муқаррар кардааст:

إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِى الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِى سَبِيلِ اللهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِّنَ اللهِ وَاللهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

سورة التوبة: ٦٠

«Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дарроҳмондагон) аст. Фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ донои ҳаким аст».   (Сураи Тавба: 60).
Закот танҳо ба касе дода мешавад, ки мусулмон буданаш зоҳиран собит шуда бошад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Муоз ибни Ҷабал ҳангоме ки ӯро ба Яман фиристод, фармуд:
«Пас ба онҳо хабар бидеҳ, ки Аллоҳ бар онҳо садақаеро фарз кардааст, ки аз сарватмандонашон гирифта шуда, ба камбағалонашон дода мешавад».  

Фақирону мискинон ҳар қадаре ки парҳезгортару пуртоаттар бошанд, ҳамон қадар сазовортари закотанд.
Тибқи ҳадиси мазкур, асос дар закот ин аст, ки бояд он ба фақирони кишваре, ки мол дар онҷост, тақсим карда шавад. Аммо агар ба интиқол додани он ба кишвари дигар эҳтиёҷ бошад, масалан фақирони он кишвар ниёзмандтар бошанд ва ё закотдиҳанда дар он кишвар хешовандони камбағал дошта бошад ва аз қабили он, пас дар ин ҳолат интиқол додани закот ҷоиз аст.

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб