Панҷшанбе 27 Ҷумода-л-уло 1446 - 28 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё дастфишурӣ бо хоҳари зан таҳоратро мешиканад?

Савол

Оё бароям ҷоиз аст, ки бо хоҳари занам нишинам ва агар дастам ба ӯ бирасад, таҳоратам мешиканад? Лутфан ба мо эзоҳ намоед, Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бар ту ҳаром аст, ки бо ҳамроҳи хоҳари зани худ ё дигар занони бегона танҳо нишинӣ. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

 «Мард бо зане танҳо намонад, магар ин ки шайтон шахси саввуми онҳо хоҳад буд».

Ривояти Бухорӣ (9/290), Муслим дар зери шумораи (1341) ва Аҳмад дар Муснад (1/222 ва 346).

Бинобар ин барои мард ҳаром аст, ки бо зане ки барояш бегона аст, танҳо бимонад. Хоҳари занат бароят бегона (номаҳрам) аст, зеро агар занатро талоқ бидиҳӣ, бароят ҷоиз аст, ки бо хоҳари ӯ издивоҷ бикунӣ, чунки ӯ яке аз маҳрамони ту намебошад.

Аммо дар мавриди шикастани таҳорат бошад, таҳорат намешиканад, то он даме, ки ба зан бо шаҳват даст нарасонад. Агар мард бо шаҳват ба зан даст расонад, таҳораташ мешиканад, хоҳ он зан номаҳрам бошад ё маҳрам. Даст расонидан ва ламсе, ки таҳоратро мешиканад, ин ламсест, ки ба бадани зан бидуни монеа расонида шавад. Инро уламо муқаррар намудаанд. Аллоҳ донотар аст.

Фатовои Шайх Абдуллоҳ ибни Ҳумайд саҳ 48.

Дар саволи рақами 2459 ҳаром будани дастфишурӣ бо зани бегона баён карда шудааст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид