Чоршанбе 10 Ҷумода-л-охира 1446 - 11 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Барои ҳаҷ эҳром баст, вале вуқуф (истодан) дар Арафот аз ӯ фавт гардид

Савол

Барои ҳаҷ эҳром баст ва шарт нагузошт, сипас вуқуф (истодан) дар Арафот (бо сабаби беморӣ ё таъхир ё бе узр) аз ӯ фавт гардид. Чӣ чизе бар ӯ лозим аст? Ва чӣ гуна аз эҳроми худ барояд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Вуқуф (истодан) дар Арафот, рукне аз рукнҳои ҳаҷ аст, балки бузургтарин рукни он аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Ҳаҷ Арафа аст, пас касе ки пеш аз дамидани субҳ, шаби ҷамъ (шаби Муздалифа) ба Арафот расад, ҳаҷҷи ӯ дуруст ме‏бошад.   Ривояти Тирмизӣ (889) ва Насоӣ (3016) ва ин лафзи Насоӣ аст. Шайх Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-н-насоӣ" саҳеҳ донистааст.

Аз ин хотир, касе ки пеш аз дамидани субҳи рӯзи иди Қурбон ба Арафа наояд, ҳарчанд лаҳзае (дар онҷо наистад) ва ё аз онҷо гузаре накунад, ҳаҷ аз ӯ бо иҷмои донишмандон фавт гардидааст. (Яъне ҳаҷро аз даст додааст).

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (8/273) гуфтааст: "Ҳаргоҳ барои ҳаҷ эҳром бандад ва пеш аз дамидани субҳи рӯзи иди Қурбон дар Арафа вуқуф накунад, бо иҷмоъ ҳаҷ аз ӯ фавт гардидааст ... " Поёни сухан.

Дуввум:

Касе, ки аз ӯ ҳаҷ фавт гардад (яъне ҳаҷро аз даст бидиҳад) - ва дар аввали эҳром шарт нагузошта буд, ки хориҷ шудани ӯ аз эҳром ҳамон ҷоест, ки боз дошта шуд -  умури зерин бар ӯ лозим мегардад:

1- Бо анҷом додани умрае аз эҳромаш хориҷ шавад.

2- Қазои он бар ӯ дар соли оянда воҷиб аст, гарчанде ки ҳаҷҷи фавтшуда нофила бошад ҳам.

3- Бар ӯ воҷиб аст, ки ҳадйеро забҳ кунад, илова бар он қазои умраро анҷом бидиҳад.

4- Агар таъхир кардани ӯ (ба Арафа) бе узр бошад, бояд тавба кунад.

Ин хулосаи амалҳои зарурӣ барои касе, ки аз ӯ ҳаҷ фавт гардидааст.

Онро бо далелҳо баён менамоем:

1- Касе, ки аз ӯ ҳаҷ фавт гардад,  бояд бо анҷом додани тавофу саъй ва кӯтоҳ кардан ё тарошидани мӯи сар (яъне бо иҷро намудани умрае) аз эҳром хориҷ шавад.

Зеро Молик дар китоби Ал-Муваттаъ (870) ривоят кардааст, ки Абуайюби Ансорӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз Мадина ба қасди ҳаҷ хориҷ шуд, вале дар роҳи Макка шутурашро гум кард. Ӯ дар рӯзи иди Қурбон ба назди Умар ибни Хаттоб омад ва онро ба ӯ нақл кард. Умар ба ӯ гуфт: Чуноне, ки умракунанда анҷом медиҳад, ту низ ҳамин гуна анҷом бидеҳ, бо ин кор аз эҳром хориҷ мешавӣ. Агар дар солҳои оянда ҳаҷро дарёфт намоӣ, пас ҳаҷ кун ва ончи бароят муяссар шавад,  забҳ намо.   Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) санади ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.

Ба китоби "Ал-Мунтақо шарҳу-л-муваттаъ" (3/7), "Ал-Маҷмуъ" (8/274) нигаред.

Инчунин далели он сухани Умар ба Абуайюб (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) мебошад, ки гуфтааст: Агар дар соли оянда ҳаҷро дарёфт намоӣ, пас ҳаҷ кун ва ончи бароят муяссар шавад, забҳ бикун.

Ин дидгоҳи Абуҳанифа, Молик, Шофеӣ ва ҳанбалиён мебошад.

Молик аз Нофеъ, аз Сулаймон ибни Ясор ривоят кардааст, ки гуфт: "Ҳаббор ибни Асвад дар рӯзи иди Қурбон омад, дар ҳоле ки Умар ибни Хаттоб ҳадйи худро қурбонӣ мекард, гуфт: Эй амири мӯъминон, ҳисоби мо хато баромад, мо гумон мекардем, ки имрӯз Арафа аст. Умар ба ӯ гуфт: Ба Макка бирав, ту ва ҳамроҳонат тавоф кунед ва агар бо худ ҳадй дошта бошед, онро қурбонӣ кунед, сипас мӯйи сари худро тарошед, ё кӯтоҳ кунед ва баргардед. Дар соли оянда ҳаҷ кунед ва ҳадй забҳ намоед. Касе ҳадй надошта бошад, се рӯз дар ҳаҷ ва ҳафт рӯз ҳаргоҳ баргардад, рӯза бигирад".

Ба китоби "Ал-Маҷмуъ" (8/275) руҷӯъ карда шавад.

2- Аммо далели воҷиб будани қазо ва ҳадй (забҳ), ривоятест аз Икрима, ки гуфт: Аз Ҳаҷҷоҷ ибни Амри Ансорӣ шунидаам, ки мегуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Касе дучори шикастагӣ ва лангӣ шавад (ва бо сабаби он, маносики ҳаҷро анҷом дода натавонад) ҳалол мешавад (аз эҳром мебарояд) ва бар ӯ воҷиб аст, ки соли оянда ҳаҷ намояд. Икрима гуфтааст: Ибни Аббос ва Абуҳурайраро оиди ин масъала пурсидам, дар ҷавоб гуфтанд: Рост гуфтааст.   Ривояти Абудовуд (1862).

Дар лафзи дигар чунин омадааст: Касе дучори шикастагӣ ё лангӣ ё беморӣ шавад.   Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳи Абудовуд" саҳеҳ донистааст.

Ибни Қудома дар китоби "Ал-Муғнӣ" (3/280) гуфтааст: "Мувофиқи саҳеҳтарин ривоят ҳадй бар касе, ки ҳаҷ аз ӯ фавт шудааст, лозим мебошад. Ин сухани асҳоб ва фақеҳонест, ки номи ононро зикр кардем, ба ҷуз асҳоби раъй, ки онҳо мегӯянд: Ҳадй лозим намебошад... Вале далели мо ҳадиси Ато ва иҷмои саҳобагон аст". Поёни сухан.

Инчунин Ибни Қудома дар китоби "Ал-Муғнӣ" (3/281) гуфтааст: "Агар ҳамроҳи худ ҳадйе бурда бошад ва онро қурбонӣ намояд (яъне дар соле, ки ҳаҷ аз ӯ фавт шуд) кифоят намекунад, балки бар ӯ дар соли дуввум низ ҳадй воҷиб мебошад. Аҳмад бар он тасреҳ намудааст. Далели он ҳадиси Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аст". Поёни сухан. Инчунин ба китоби "Ал-Маҷмуъ" (8/275) нигаред.

3- Дар аҳкоми дар боло баёншуда байни маъзур ва ё ғайри маъзур ҳеҷ фарқе вуҷуд надорад. Вале онҳо дар гуноҳ фарқ доранд. Шахси маъзур гунаҳкор намешавад ва ғайри маъзур гунаҳкор мешавад. Чуноне, ки қозӣ Абу-т-таййиб ва дигарон гунаҳкор шудани ғайри маъзурро баён кардаанд.

Ниг: "Ал-Маҷмуъ" (8/276) .

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб