Рукнҳо, воҷибҳо ва суннатҳои ҳаҷ
Рукнҳои ҳаҷ чаҳортоянд: 1. Эҳром . 2. Истодан дар Арафа . 3. Тавофи зиёрат. 4. Саъй байни Сафо ва Марва. Воҷибҳои ҳаҷ ҳафттоянд: 1. Эҳром аз миқоте, ки барои шахс мӯътабар аст. 2. Истодан дар Арафа то ғуруби офтоб, барои касе, ки дар рӯз дар он ҷо истодааст. 3. Шабгузаронӣ дар Мино дар рӯзҳои Ташриқ ба ғайр аз онҳое ки ҳоҷиёнро бо об таъмин мекунанд ё чорвоҳои онҳоро нигоҳубин мекунанд. 4. Шабгузаронӣ дар Муздалифа то баъд аз нимаи шаб, барои онҳое ки пеш аз ин вақт ба он ҷо расидаанд, ба истиснои онҳое ки ҳоҷиёнро об таъмин мекунанд ё чорвои онҳоро нигоҳубин мекунанд. 5. Санг партофтан ба Ҷамарот бо тартиб. 6. Тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯи сар. 7. Тавофи видоъ. Суннатҳои ҳаҷ инҳоянд: 1. Тавофи қудум. 2. Шабгузаронӣ дар Мино дар шаби Арафа. 3. Изтибоъ (кушодани китфи рост дар тавофи умра ва қудум). 4. Рамал (қадамҳоро наздик-наздик гузошта тез роҳ гаштан дар се даври аввали тавофи умра ва қудум). 5. Бӯсидани Ҳаҷару-л-асвад. 6. Зикрҳову дуоҳо. 7. Баромадан ба Сафову Марва.