Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

«Илмро талаб кунед, гарчи дар Чин бошад» ҳадиси дурӯғ аст

13637

Таърихи нашр : 09-10-2020

Мушоҳидаҳо : 2761

Савол

Ман дар Амрико таҳсил мекунам. Вақте ки ман ба донишгоҳи худ меравам, худро бо либоси кушод мепӯшонам ва ҳиҷоб мепӯшам. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки ин донишгоҳ, донишгоҳи мухталит аст. (Яъне писарону духтарон якҷоя дар як синф дарс мехонанд). Ман кӯшиш мекунам, ки аз сӯҳбат бо мардон канораҷӯӣ кунам, вале баъзан маҷбур мешавам, ки бо онҳо сӯҳбат кунам. Ман мехоҳам таҳсилоти худро дар инҷо ба итмом расонам ва сипас мехоҳам, ки дар ягон кишвари исломӣ зиндагӣ кунам. Оё бароям ҷоиз аст, ки дар Амрико таҳсил намоям? Оё ин ҳадис: «Ҳатто агар барои талаби илм ба Чин рафтан лозим шавад, бирав» бар занон низ дахл дорад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аммо дар мавриди таҳсили духтарон дар ин гуна ҷомеаҳои омехта ва дар ин муҳити фасод, лутфан ба ҷавоби саволи рақами (5384) руҷӯъ кунед.

Аммо ҳадиси дар боло зикршуда, ҳадиси зерин мебошад:

«Илмро талаб кунед, гарчи дар Чин бошад, зеро талаби илм барои ҳар мусулмон фарз аст».

Шайх Албонӣ ин ҳадисро дар китоби Заифу-л-ҷомиъ таҳти шумораи (906) мавзуъ (бофта) гуфтааст.

Ҳадиси саҳеҳи собит (дар ин бора) ҳадисест, ки онро Ибни Моҷа аз Анас ибни Молик ривоят кардааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Талаби илм бар ҳар мусулмон фарз аст». (220). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳи  сунани Ибни Моҷа" саҳеҳ донистааст.

Мақсад аз илм дар инҷо илми шариат мебошад.

Саврӣ гуфтааст: Он илмест, ки банда барои надонистани он маъзур ҳисобида намешавад.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид