Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Равиши паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди хоб

Савол

Мехоҳам бидонам, чӣ гуна паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мехобид? Оё бар тахти хоб (кат) ё бар замин мехобид? Ҳангоме, ки хобидан мехост, дуои муайянеро мехонд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гоҳо бар бистар мехобид, гоҳо бар фарши чармин, гоҳо бар бӯрё, гоҳо бар замин, гоҳо бар тахти хоб (кат) бе бистар ва гоҳо бар матои сиёҳ мехобид.

Аббод ибни Тамим аз амаки худ ривоят кардааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дар масҷид дидам, дар ҳоле ки ба пушт дароз кашида ва яке аз пойҳояшро ба болои пои дигараш гузошта буд.   Ривояти Бухорӣ (475) ва Муслим (2100).

Бистари ӯ чармӣ ва даруни он пўсти дарахти хурмо буд. Ӯ як матои сахти пашмине дошт, онро ду барбар таҳ карда бар он мехобид

Мақсад ин аст, ки ӯ бар бистар хобид ва болои худро бо лиҳоф (кўрпаи болопўш) пӯшид. Ба занонаш фармуд: "Дар ҳоле ки ман дар лиҳофи зане аз шумоён будам, Ҷабраил ба наздам наомад, ба ҷуз дар лиҳофи Оиша".   Ривояти Бухорӣ (3775).

Болишти ӯ чармӣ ва даруни он пўсти дарахти хурмо буд.

Ҳангоме ки барои хоб ба ҷойгаҳи худ медаромад, мегуфт: "Аллоҳумма бисмика аҳё ва амут". (Ба номи Ту, эй Аллоҳ! Мемираму зинда мешавам).   Ривояти Бухорӣ (7394).

Кафҳояшро ҷамъ намуда дар онҳо Қул ҳуваллоҳу аҳад ва Қул аъузу бираббил фалақ ва Қул аъузу бираббин нос-ро мехонд, сипас аз сару рӯяш оғоз карда, ба ҳар куҷои баданаш дасташ бирасад, кафҳояшро мемолид. Ин амалро се маротиба анҷом медод.

Бар паҳлӯи рости худ мехобид ва дасти росташро зери рухсораи росташ мегузошт, сипас мегуфт: Аллоҳумма қинӣ ъазобака явма табъасу ъибодак". (Эй Аллоҳ! Маро аз азобат, дар он рӯзе, ки бандагонатро зинда менамоӣ, нигаҳ дор) Ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ медаромад, мегуфт: "Алҳамду ли-л-лоҳи-л-лазӣ атъамано ва сақоно ва кафоно ва овоно, факам мимман ло кофия лаҳу ва ло муъвия". (Ҳамду сано барои Аллоҳе, ки ба мо хӯроку об дод ва ниёзи моро баровард ва ба мо ҷой дод. Хеле зиёд шахсон ниёзбарор ва ҷойдиҳанда надоранд). Муслим инро зикр кардааст. Инчунин зикр намудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки ба ҷойгаҳи худ медаромад, мегуфт:

"Аллоҳумма, рабба-с-самовоти ва рабба-л-арзи ва рабба-л-ъарши-л-ъазими, раббано ва рабба кулли шайъин, фолиқа-л-ҳабби ва-н-наво ва мунзила-т-тавроти ва-л-инҷили ва-л-фурқони, аъузу бика мин шарри кулли зӣ шаррин анта охизун биносиятиҳи. Анта-л-аввалу фалайса қаблака шайъун ва анта-л-охиру фалайса баъдака шайъун ва анта-з-зоҳиру фалайса фавқака шайъун ва анта-л-ботину фалайса дунака шайъун, иқзи ъанно-д-дайна ва ағнино мина-л-фақр". (Эй Аллоҳ! Парвардигори осмонҳо ва Парвардигори замин ва Парвардигори Арши бузург, Парвардигори мо ва Парвардигори ҳамаи чиз, шикофандаи донаҳо ва ҳастаҳо ва нозилкунандаи Тавроту Инҷил ва Фурқон, аз бадии ҳар бадкор, ки гирандаи пешонии ӯ ҳастӣ, ба Ту паноҳ мебарам. Ту аввал ҳастӣ, ки пеш аз Ту чизе нест ва Ту охир ҳастӣ, ки баъд аз Ту чизе нест ва Ту зоҳиру ошкоро ҳастӣ, ки ошкортар аз Ту чизе нест ва Ту ботину пинҳон ҳастӣ, ки пинҳонтар аз Ту чизе нест, қарзи моро адо намо ва моро аз камбағалӣ ба тавонгарӣ бирасон).   Ривояти Муслим (2713). 

Ва ҳангоме ки аз хоби худ бедор мешуд, мегуфт: "Ал-ҳамду ли-л-лоҳи-л-лазӣ аҳёно баъдамо амотано ва илайҳи-н-нушур". (Ҳамду сано барои Аллоҳе, ки баъди ин ки моро миронд, зинда гардонид ва зинда шудан ба сӯи Ӯст).   Ривояти Бухорӣ (6312). Сипас мисвок мекард ва гоҳо даҳ ояти охири сураи Оли Имронро, аз ояти Инна фӣ халқи-с-самовоти валарзи .. оғоз карда, то охири он мехонд. (Сураи Оли Имрон: 190 то 200).

Мегуфт: "Аллоҳумма лака-л-ҳамду анта нуру-с-самовоти ва-л-арзи ва ман фиҳинна, ва лака-л-ҳамду анта қаййиму-с-самовоти ва-л-арзи ва ман фиҳинна, ва лака-л-ҳамду анта-л-ҳаққу ва ваъдука-л-ҳаққу ва лиқоука ҳаққун ва ва-л-ҷаннату ҳаққун ва ва-н-нору ҳаққун ва-н-набийюна ҳаққун ва муҳаммадун ҳаққун ва-с-соату ҳаққун. Аллоҳумма лака асламту ва бика оманту ва ъалайка таваккалту ва илайка анабту ва бика хосамту ва илайка ҳокамту, фағфир лӣ мо қаддамту ва мо аххарту ва мо асрарту ва мо аъланту. Анта илоҳӣ, ло илоҳа илло анта". (Эй Аллоҳ! Ҳамду сано барои Ту, Ту нури осмонҳову замин ва ҳар он касе, ки дар онҳо вуҷуд дорад. Ҳамду сано барои Ту, Ту тадбиркунандаи осмонҳову замин ва ҳар он касе, ки дар онҳо вуҷуд дорад. Ҳамду сано барои Ту, Ту ҳаққӣ ва ваъдаи Ту ҳақ аст ва дидори Ту ҳақ аст ва ҷаннат ҳақ аст ва дӯзах ҳақ аст ва паёмбарон ҳаққанд ва Муҳаммад ҳақ аст ва қиёмат ҳақ аст. Эй Аллоҳ! Ба Ту таслим шудам ва ба Ту имон овардам ва бар Ту таваккал кардам ва ба сӯи Ту баргаштам ва барои Ту душманӣ кардам ва бо дастури Ту ҳукм кардам, пас гуноҳони гузаштаву оянда ва пинҳону ошкори маро мағфират намо. Ту маъбуди ман, ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Ту вуҷуд надорад).   Ривояти Бухорӣ (1120).

Дар аввали шаб мехобид ва дар охири он барои намоз бармехест. Гоҳо дар аввали шаб бедорхобӣ карда, онро бо умури мусулмонон сипарӣ менамуд. Чашмонаш мехобиданду, қалбаш намехобид. Ҳар гоҳ мехобид, то даме, ки худ бедор нашавад, ӯро бедор намекарданд.

Ҳар гоҳ шабона дар сафар барои истироҳат биистад, бар паҳлӯи рости худ мехобид. Ҳар гоҳ пеш аз субҳ барои истироҳат биистад, бозуи худро боло бурда, сарашро болои каффи дасти худ мегузошт. Тирмизӣ ҳамин тавр гуфтааст.

Хоби ӯ мӯътадилтарин ва судмандтарин хоб аст. Табибон мегӯянд, ки (мӯътадилтарин хоб) аз се як қисми шабона рӯз, ҳашт соат аст.

Сарчашма: Манбаъ: Зоду-л-маъод (1/155)