Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Асос дар номҳо ин аст, ки он мубоҳу ҷоиз мебошад. Номгузорӣ бо номҳои тавсияшуда тавассути Шариъат, аз қабили номҳое, ки ба Аллоҳ таъоло бандагиро ифода мекунанд, номҳои паёмбарон ва ҳар номи некӯ мустаҳаб аст.
Шариъат ба ин мавзӯъ эҳтимом намуда, ба номҳои нек тарғибу ташвиқ ва номҳои нафратовару зиштро манъ карда, бар иваз намудани ҳар номи қабеҳу бад даъват намудааст.
Номи “Ғариб” аз номҳои мубоҳ аст. Мо дар Шариъат ва забони арабӣ чизеро намедонем, ки ба макруҳ ва нафратангез будани ин ном далолат кунад. Аз ин рӯ, ин ном бар асл боқӣ мемонад.
Муслим (145) аз Абуҳурайра ривоят кардааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
«Ислом ғариб оғоз шуд ва дар оянда ҳамонанди сарооғозаш ғариб хоҳад шуд. Пас хушо ба ҳоли ғарибон».
Номгузорӣ бо ин ном дар уммат собит шудааст, бидуни ин ки эродеро аз ягон донишмандон бидонем. (Яъне ин ном дар байни мусулмонон паҳн шудааст ва ягон донишманде ин номро инкор накардааст).
Аз ҷумлаи касоне, ки бо ин ном номгузорӣ шудаанд, инҳоянд:
– Моиз ибни Молик Ал-Асламӣ, саҳобӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод). Гуфта шудааст, ки номаш “Ғариб” аст.
Поёни сухан аз китоби “Ал-Исоба” (5/521).
– Абу-л-вафо Ғариб ибни Юсуф ибни Абдуллоҳ Ал-Хайёт Ал-Азаҷӣ, шайхи Ибни Асокир.
“Таърихи Димишқ” (30/187).
– Ғариб ибни Ҳотим ибни Айёд. Ӯ аз Ал-Баҳо Абдурраҳмон ва Ибни Равоҳа ҳадисҳоеро шунавида, ривоят кардааст. Абумуҳаммад Ал-Бирзолӣ, Ҳофиз Ал-Миззӣ ва дигарон ҳадисҳоеро аз ӯ шунавида, ривоят кардаанд. Ӯ инсони солеҳ, обид ва боҳайбат буд.
“Таъриху-л-ислом” (51/229).
Гузоштани ин ном ҳеҷ боке надорад, вале номҳое, ки ба Аллоҳ таъоло бандагиро ифода мекунанд ва номҳои паёмбарон аз ин ном беҳтаранд.
Лутфан барои фоидаи бештар ба ҷавоби саволи рақами (1692) ва (7180) руҷӯъ кунед.
Аллоҳ таъоло донотар аст.