Ҷумъа 26 Ҷумода-л-охира 1446 - 27 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Номҳои муҳаррам (ҳаром кардашуда) ва макӯҳ

Савол

Оё номҳое вуҷуд дорад, ки дар шариъат мамнӯъ аст ва номгузорӣ бо он ҷоиз нест? Он номҳо кадомҳост? 

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, баъзе номҳое вуҷуд дорад, ки дар шариъат мамнӯъ аст ва номгузорӣ бо он ҷоиз нест. Баъзе аз мисолҳои он:

1- Номгузорӣ бо ҳар як номи хосси Аллоҳ таъоло, монанди Холиқ, Қуддус ё номе, ки ба ғайри Аллоҳ таъоло лоиқ намебошад, мисли Маликулмулук (шоҳаншоҳ), ҳаром аст. Фақеҳон бар ин иттифоқ намудаанд.

Ибни Қаййим гуфт, ки номҳои хосси Аллоҳ таъоло инҳоанд: Аллоҳ, ар-Раҳмон, ал-Ҳакам, ал-Аҳад, ас-Самад, ал-Холиқ, ар-Раззоқ, ал-Ҷаббор, ал-Мутакаббир, ал-Аввал, ал-Охир, ал-Ботин, Алломулғуюб.   "Туҳфату-л-мавлуд" саҳ: 98.

Далел бар ҳаром будани номгузорӣ бо номҳои хосси Аллоҳ таъоло, монанди Маликулмулук (шоҳаншоҳ), ҳадисест, ки онро Бухорӣ ва Муслим аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд.

Дар лафзи Бухорӣ омадааст:

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Бадтарин номҳо дар рӯзи қиёмат назди Аллоҳ, номи мардест, ки худро Маликулмулук (шоҳаншоҳ) номида бошад".   Рақами ҳадис: (2606).    

Лафзи он ҳадис дар "Саҳиҳ"-и Муслим чунин аст:

"Ғазабшудатарин мард дар назди Аллоҳ рӯзи қиёмат ва палидтарин ва ғазабшудатарин шахс дар назди Аллоҳ, мардест, ки Маликулмулук (шоҳаншоҳ) номида шавад. Шоҳи мутлақ фақат Аллоҳ таъоло аст".   Рақами ҳадис: (2143).

Аммо номгузорӣ бо номҳое, ки байни Аллоҳ таъоло ва дигарон муштарак аст, ба монанди Алӣ, Латиф, Бадеъ, ҷоиз мебошад.

Ҳаскафӣ гуфтааст: Маънои ин номҳо дар ҳаққи мо (инсонҳо) аз маъное, ки дар ҳаққи Аллоҳ таъоло дорад, фарқ дорад.

2- Номгузорӣ бо номҳое, ки ба ғайри паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) лоиқ намебошад, мисли Саййиди валади Одам, Саййидун нос, Саййидулкулл, ҳаром аст. Зеро ин номҳо чуноне, ки ҳанбалиҳо зикр кардаанд, фақат барои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) лоиқ мебошад.

3-      Номгузорӣ ба ҳар як номе, ки барои ғайри Аллоҳ таъоло бандагиро ифода кунад, мисли Абдулуззо, Абдулкаъба, Абдуддор, Абдуалӣ, Абдулҳусайн, Абдулмасеҳ, Абдуфалон ва ғайра ҳаром мебошад.   Ҳошия-и Ибни Обидин: 5/268, Муғни-л-муҳтоҷ: 4/295, Туҳфату-л-муҳтоҷ: 10/373, Кашшофу-л-қиноъ: 3/27, Туҳфату-л-мавлуд, саҳ: 90.

Далел бар ҳаром будани номгузорӣ ба ҳар як номе, ки барои ғайри Аллоҳ таъоло бандагиро ифода мекунад, ҳадисест, ки онро Ибни Абушайба аз Язид ибни Миқдом ибни Шурайҳ, аз падараш, аз падарбузургаш Ҳонӣ ибни Язид (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт:

"Қавме ба назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омаданд. Ӯ шунавид, ки онҳо нафареро Абдулҳаҷар меноманд. Ба ӯ гуфт: Номат чист? Дар ҷавоб гуфт: Абдулҳаҷар. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: Балки ту Абдуллоҳ.   Ал-Мавсӯату-л-фиқҳийя: 11/335.

4- Номгузорӣ бо номҳои бутоне, ки ба ҷои Аллоҳ парастида мешаванд.

5- Номгузорӣ бо номҳои шаётин, мисли Иблис ва Хинзиб ҳаром мебошад. Ҳадисҳо ба тағйир додани ин гуна номҳо ворид шудааст.

Аммо номҳои макрӯҳро ба таври зерин гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст:

1- Номгузорӣ бо номҳое, ки аз маъно ё лафзи он ва ё аз якеи он ду, дилҳо нафрат мекунанд, зеро боиси масхара ва шарму хиҷолат буда, таъсири манфӣ мерасонад, макрӯҳ аст. Илова бар он, мухолифи роҳу равиши паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст, ки ба номҳои некӯ ниҳодан амр намудааст.

2- Номгузорӣ бо номҳое, ки маънои шаҳвонӣ доранд, макрӯҳ аст. Чунин номҳо дар байни духтарон зиёд аст. Монанди Фотин, Миғноҷ.

3- Номҳои фосиқони беҳаё, мисли ҳунарпешагон ва сарояндагон ва ҳунармандони театрро, ки бо намоишномаҳои бефоида дар саҳнаҳои театр баромад мекунанд, қасдан ба фарзандон гузоштан макрӯҳ аст.

Яке аз падидаҳое, ки баёнгари беимонии баъзе шахсон аст, ин аст ки вақте онҳо занони бадахлоқро дар намоишномае бубинанд, фавран ба фарзандони худ номи онҳоро мегузоранд. Касе, ки ба саптҳои таваллуд, ки дар замони намоишномаи махсусе сапт шудаанд, назар кунад, дурустии ин суханро дарк мекунад. Мо танҳо ба Аллоҳ шикоят мекунем.

4- Номгузорӣ бо номҳое, ки гуноҳу таҷовузро маънидод кунанд, макрӯҳ аст.

5- Номгузорӣ бо номҳои фиравнҳо ва золимон макрӯҳ аст.

6- Номгузорӣ бо номҳои махсуси кофирон, ки танҳо ба онҳо ишора кунад, на ба ғайни онҳо.

Мусулмоне, ки аз дини худ розӣ ва осудахотир аст, аз он дурӣ намуда, нафрат мекунад ва ва дар атрофи ин номҳо давр намезанад. Дар замони мо фитна хеле пурзӯр шудааст. Номи кофирро аз Аврупо ва Амрико (барои фарзанди худ) интихоб мекунад. Ин яке аз бузургтарин сарчашмаҳои гуноҳ ва яке аз сабабҳои хорӣ мебошад. Агар номгузорӣ бо номҳои кофирон аз рӯи ҳавову ҳавас ва камхирадӣ сурат гирад, пас ин нофармонии бузург ва гуноҳ аст. Аммо агар дар натиҷаи боварӣ аз он ки он номҳо аз номҳои мусулмонон беҳтаранд, сурат гирад, пас ин хатари бузургест, ки асоси имонро ба ларза медарорад. Дар ҳар ду ҳолат, бояд ба тавба шитоб кард ва тағйири ном шарти дурустии тавба аст.

Дар ин рӯзҳо, баъзе мусулмонон духтарони худро Линда, Нэнси ва Диана ва дигар номҳои кофиронро мегузоранд. Ба Аллоҳ шикоят мекунем!

7- Номгузорӣ бо номҳои ҳайвоноте, ки бо сифатони бад машҳуранд, мисли Калб (саг), Ҳимор (хар), Тайс (буз) ва монанди он макрӯҳ аст.

8- Номгузорӣ бо ҳар номе, ки ба лафзи (дин) ё (ислом) изофа карда шавад, ки маънои мадҳу ситоиш дошта бошад, мисли Нуруддин, Зиёуддин, Сайфулислом, Нурулислом макрӯҳ аст .. Гоҳо баъзе шахсе, ки чунин ном дорад, ҳангоме ки ба воя расад, баръакси номи худ мешавад ва мумкин аст бар зидди мусалмонон мубориза барад ва яке аз душмани дин шавад, дар ҳоле ки номаш Носируддин (нусратдиҳандаи дин) аст.

Ин ба бузургии мақоми ин ду лафз, (дин) ва (ислом) вобастагӣ дорад, ки илова кардани калимаҳо ба ин ду лафз барои номгузорӣ, муболиғаест, ки дурӯғро дарбар мегирад.

Аз ин рӯ, баъзе донишмандон гуфтанд, ки ин гуна номҳо ҳароманд ва аксарият мегӯянд, ки ин гуна номҳо макрӯҳ мебошанд, зеро баъзеи ин номҳо маънои нодурустеро ифода мекунанд, ки бо он номҳо номгузорӣ кардан ҷоиз нест.

Баъзе аз ин номҳо аз ду ҷиҳат мамнӯъ аст. Масалан Шиҳобуддин, маънои Шиҳоб, шӯълаи оташ аст. Сипас он ба калимаи (дин) илова карда шудааст. Имрӯзҳо вазъият ба чунин дараҷа омада расидааст, ки баъзе шахсон бо номҳои Заҳабуддин (тиллои дин) ва Мосуддин (алмоси дин) номгузорӣ кардаанд. Ҳатто баъзе шахсон номҳои Ҷаҳаннам (дӯзах), Ракъатайн (ду ракъат), Соҷид (саҷдакунанда), Рокеъ (рукӯъкунанда) ва Зокир (зикркунанда)-ро номидаанд.

Имом Нававӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) бо лақаби Муҳйиюддин лақаб шуданашро намеписандид. Инчунин шайхулислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) бо лақаби Тақийюддин лақаб шуданашро намеписандид ва мегуфт: Хонаводаам ин лақабро ба ман гузоштанд ва машҳур шуд.

9- Бархе аз донишмандон номгузорӣ бо номҳои фариштагон (дуруди Аллоҳ бар онон бод)-ро макруҳ донистаанд. Аммо гузоштани номҳои фариштагон ба духтарон, зоҳиран мамнӯъ аст, зеро дар он монандӣ ба мушриконест, ки фариштагонро духтарони Аллоҳ меҳисобиданд. Аллоҳ аз суханони онҳо болотар аст.

10- Бархе аз  донишмандон номгузорӣ бо номҳои сураҳои Қуръони карим, мисли Тоҳо, Ёсин, Ҳомим-ро макруҳ донистаанд. .. (Мардумони авом мегӯянд, ки Ёсин ва Тоҳо аз номҳои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад, ин дуруст нест).

11- Номҳое, ки дорои мадҳу ситоиш бошад, ба монанди Барра, Тақӣ, Обид ... Нигар ба "Туҳфату-л-мавлуд"-и Ибни Қаййим ва "Тасмияту-л-мавлуд"-и Бакр Абузайд.

   Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид