Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Чӣ гуна муҳаббати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дар дилҳоямон биафзоем?

Савол

Чӣ гуна мусалмон метавонад муҳаббати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дар замири худ бештар аз ҳар чизи дигари дунё биафзояд ва инкишоф диҳад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Муҳаббати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тобеи нерӯи имони шахси мусалмон аст. Агар имонаш биафзояд, муҳаббаташ ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) афзун мегардад. Муҳаббати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тоат ва василаи наздикӣ ба Парвардигор аст. Воқеан шариати исломӣ муҳаббати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро аз воҷибот қарор додааст.

Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Касе аз шумо то он даме, ки барояш ман аз падару фарзанду тамоми мардум маҳбубтар набошам, мӯъмин(-и комил) намегардад".   Ривояти Бухорӣ (15) ва Муслим (44).

Мумкин аст, ки муҳаббати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бо шинохти мавориди зерин касб намуд:

Аввал: Албатта паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фиристодашуда аз ҷониби Парвардигор мебошад, ки ӯро барои ҷаҳониён ихтиёр намуд, то дини Аллоҳро ба мардум расонад. Аллоҳ таъоло паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дӯст дошт ва аз ӯ хушнуд гардид, аз ин хотир ӯро барои ин рисолати абадӣ интихоб намуд. Агар Аллоҳ таъоло аз ӯ хушнуд намегардид ва дӯст намедошт, ӯро мавриди интихоб қарор намедод. Барои мо лозим аст, ки шахсеро, ки Аллоҳ дӯст доштааст, дӯст бидорем ва касеро, ки аз ӯ Аллоҳ хушнуд гардидааст, хушнуд бошем. Мо бояд бидонем, ки паёмбар халилуллоҳ (яъне дӯсти наздики Аллоҳ) мебошад. Халил будан мартабаи олитарин ва баландтарин дараҷаи муҳаббат аст.

Аз Ҷундаб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Панҷ рӯз пеш аз вафоти паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), аз ӯ шунидам, ки мефармуд: "Ман аз ин ба назди Аллоҳ безорӣ меҷӯям, ки касе аз шумо халили ман бошад, зеро Аллоҳ таъоло маро воқеан халили худ қарор додааст, ҳамчуноне, ки Иброҳим (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро халили худ қарор дода буд. Агар ман аз миёни умматонам шахсеро халили худ қарор додани бошам, ҳар оина Абубакрро халили худ қарор медодад".   Ривояти Муслим (532).

Дуввум: Бояд манзалатеро, ки Аллоҳ барои паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бахшидааст, бидонем. Ба ростӣ ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) беҳтарини мардум аст.

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ман пешвои фарзандони одам дар рӯзи қиёмат ва аввалин шахсе ҳастам, ки қабраш шикофта мешавад ва аввалин шафоатгар ва шафоатшуда мебошам".   Ривояти Муслим (2278).

Саввум: Бояд бидонем, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба хотири расонидани дин барои мо, сахтиву машаққатҳоеро дид. Шукри Аллоҳ, ин дин ба мо расид. Бояд бидонем, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мавриди азияту  лату кӯб, дашному суханони носазо қарор гирифт. Наздиктарин шахсонаш аз ӯ безорӣ ҷустанд ва ӯро ба девонагиву дурӯғгӯиву ҷодугарӣ тӯҳмат карданд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба хотири ҳимояи дин бо мардум мубориза бурд, то ин дин ба мо бирасад. Мардум бо ӯ мубориза бурданд ва ӯро аз аҳлу молу диёраш берун карданд ва лашкаронро алайҳи ӯ гирд оварданд.

Чаҳорум: Пайравӣ кардан ба саҳобагони паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), ки хеле сахт расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дӯст медоштанд. Онҳо воқеан паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро на танҳо аз молу фарзанд, балки бештар аз худашон дӯст медоштанд. Баъзе аз намунаҳои он муҳаббатро инҷо баён менамоем:

Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки мегӯяд: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дидам, ки сартарош мӯи сари ӯро метарошид, ки саҳобагон дар гирди ӯ ҷамъ омада буданд. Онҳо намехостанд, ки як тори мӯи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба замин резад ва ҳар як тори мӯи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба дасти онҳо мерехт".   Ривояти Муслим (2325).

Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки фармуд: "Дар рӯзи Уҳуд, ҳангоме, ки мардуми мусалмон шикаст хӯрданд ва аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дур шуданд, Абуталҳа дар назди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) истода ва бо сипаре ӯро ҳимоя мекард. Абӯталҳа, ки марди тирзани моҳир буд, ду ё се камони ӯ он рӯз бишкаст. Мардум камонҳои пур аз тирро ба ҳам дароз мекарданду мегуфтанд: Ба Абӯталҳа расонед. Паёмбар, ки дар паси Абӯталҳа буд, ба мардум назар кардан мехост, Абӯталҳа мегуфт: Эй Паёмбари Аллоҳ, падару модарам фидои шумо бод, ба он тараф назар накун, то ба шумо тире аз тирҳои қавм бирасад. Гулӯи ман ба ҷои гулӯи шумо бод".   Ривояти Бухорӣ (3600) ва Муслим (1811).

Панҷум: Бояд ба суннати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), чӣ суннати қавлӣ ва чӣ амалист, пайравӣ карда шавад. Бояд суннати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дастури роҳи зиндагиат бошад. Бояд сухан ва амри паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро аз тамоми суханону дастуроти мардум муқаддам бидонӣ. Сипас ба ақидаи саҳобагони гиромиқадри паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва ақидаи шахсоне аз тобеин, ки пайрави асҳоб буданд ва ақидаи шахсоне, ки ҳатто имрӯзҳо дар роҳи онҳо ҳастанд, яъне аҳли суннат ва ҷамоат, на аҳли бидъат бояд пайравӣ намоӣ. Ба ақидаи рофизиҳо, ки дилашон сахт гардидааст, ҳатто нисбати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) кинае доранд, набояд пайравӣ кард. Зеро онҳо имомонашонро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бартар медонанд ва онҳоро аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бештар дӯст медоранд.

Аз Аллоҳ мепурсем, ки муҳаббати паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро рӯзии мо гардонад ва ӯро бароямон маҳбубтар аз фарзандон ва падарон ва хонавода ва худамон қарор диҳад.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб